Маърифати ҳуқуқӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарПаёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар«Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади баландбардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ вамаърифати шаҳрвандӣ, инчунин бамуносибати 30-солагии қабулиКонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълонкарданд, ки қобили дастгирии аҳли ҷомеаишаҳрвандии кишвар гардид.

Маърифати баланди ҳуқуқӣ асоси ҷомеаидемократӣ ва нишондиҳандаи камолотинизоми ҳуқуқӣ мебошад. Ин омилест, ки батанзими тамоми равандҳои гуногуни зиндагӣтаъсир дорад, ки ба муттаҳидсозиишаҳрвандон, ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ватаҳкими ин гуна ҷомеаро дастгирӣ намуда, дар он тартиботро нигоҳ медорад.
Яке аз унсур
ҳои маърифати ҳуқуқӣ риояиқонун ва сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худқарор додани меъёрҳои қонунгузориикишвар аст, ки ин боис мегардад, маданиятиҳуқуқии аҳолӣ ба натиҷаи дилхоҳ расад. Эҳтиром ба қонун яке аз талаботи асосииҷомеаи ҳуқуқӣ, фаъолияти самарабахшинизоми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.
Баланд бардоштани маърифати
ҳуқуқиишаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин вааввалиндараҷаи кишварҳое мебошад, кироҳи бунёди давлати демократӣ ваҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзишиолӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзионҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробариишаклҳои гуногуни моликият ташкил дода, ондар ҷумҳурӣ ба коҳиш додани таъсириманфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат бо хатарҳова таҳдидҳои ҷаҳонӣ (терроризм, экстремизм, ришваситонӣ ва дигарпадидаҳои хатарзо), ҳифзи фазои иттилоотиикишвар аз хатарҳои иттилоотии ҷаҳонимуосир равона карда мешавад.

Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқиишаҳрванд, ки бевосита аз сифат ва дастрасиииттилооти ҳуқуқӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба боло рафтани эҳтиром нисбатба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣҳамчун воситаи асосӣ ва калидиибатанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, паст шудани сатҳи нигилизми (нестангорӣ) ҳуқуқӣ, инчунин дар ботини шахс ба вуҷудовардани эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан бамуқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣмусоидат намояд ва шаҳрванд худро дарҷомеа комилан озод ва бехатар эҳсос намояд.

Маврид ба зикр аст, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамеша зери таваҷҷуҳироҳбарияти олии мамлакат қарор дошт. Чунончӣ, 5 ноябри соли 2009 зимнисуханронӣ ба муносибати 15-умин солгардиқабули Конститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонПрезиденти кишвар гуфта буданд: «Эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо васанадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳам азшахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандондониши баланди касбӣ ва маърифатиҳуқуқиро тақозо менамояд».
Дар робита ба ин бояд зикр намуд, ки таъмин ва и
ҷрои қонунҳои амалкунанда бе таълим ватарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон номумкин аст. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштанисатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияиҳуқуқии шаҳрвандон бо қарори ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли2019, 599 «Барномаи таълим ва тарбияиҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонбарои солҳои 2020-2030» қабул гардидааст. Мувофиқи банди 5 Барномаи мазкур сатҳибаланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғибиҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, кишаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифодабаранд, масъулият дошта бошанд ва баимкониятҳои баробар, аз ҷумла имкониятҳоиҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣдошта бошанд, ки ҷиҳати расиданиҶумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои воридшудан ба қатори давлатҳои пешрафтаиҷаҳонӣ мусоидат намояд.

Дар тақвияти гуфтаҳои болозикр қайдкарданием, ки бе баланд бардоштани сатҳимаърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҳал намуданимушкилотҳои ҷойдошта ғайриимкон аст, чунки дар замони муосир хоҳ нохоҳшаҳрвандон дар муносибатҳои ҳуқуқӣ воридгардида, бояд аз талаботи санадҳои меъёрииҳуқуқӣ огоҳ бошанд. Дар ин маврид, шаҳрвандон ҷиҳати ҳалли мушкилотҳои худ, ки ба донистани меъёрҳои қонунгузорӣ рабтдоранд, агар моҳирона ва оқилона азиттилооти муҳимми ҳуқуқӣ баҳраҷӯӣнамоянд, қазияи мавҷуда бартараф гардида, ба онҳо оқибати ҳуқуқии манфӣ намеорад.

Нуктаи муҳимтарини дигар, ки аз тавъамдонистани Соли маърифати ҳуқуқӣ боКонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонбармеояд, ин «вазъи душвору ташвишовариминтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт авҷгирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир терроризмуэкстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣва дигар ҷинояткориҳои муташаккилифаромиллӣ» мебошад. Ба ифодаи дигар, таъмини амнияти мамлакат, суботи ҷомеа, бехатарии шахс ҳар яки моро вазифадормесозад, ки аз пештара бештар ҳатто аздаврони ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он мусаллаҳ бо донишҳои замонавӣ, бохабар азбозиҳои геополитикии абарқудратони ҷаҳонуминтақа, сарҷамъ дар забону амал вамуваффақ дар расидан ба ормонҳои миллӣбошем.

Аз ин рӯ, Соли маърифати ҳуқуқӣ эълоншудани соли 2024 бояд марҳилаи нави рушди ҷомеа дониста шавад.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки “Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣомили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намуданиволоияти қонун мебошад.”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз эълоннамудани соли 2024 ҳамчун “Солимаърифати ҳуқуқӣ оид ба авзоизудтағйирёбандаи ҷаҳон, доир ба амниятидавлат ва суботи ҷомеа, дар бораи шароитуимконоти Қувваҳои Мусаллаҳи ҶумҳурииТоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқандешаҳои худро зикр намуданд, ки албаттамаънии васеи ба худ хос доранд. Дастур додашуд, ки тамоми сохтори давлатӣ, аз ҷумласохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқбояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳатитаъмини тартибот ва волоияти қонунсафарбар намоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароитиимрӯза марҳилаи нави тараққиёт вапешрафтро паси сар карда истодааст, ки боназардошти ин муносибатҳои навиҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, ба танзими ҳуқуқӣ ватарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон эҳтиёҷ дорад.

Ҳуқуқ дар давлати ҳуқуқбунёд ҷавҳариҳама гуна муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, волоияти қонун ва низоми муайяни ҳуқуқиротаъмин менамояд. Ҳуқуқ падидаи мураккабиҳаёти ҷомеа буда, паҳлӯҳои гуногун, шаклҳои мухталифи ифода, амал ва ҳастӣдорад. Албатта, мо дар фаъолияти ҳаррӯзаихуд бо мафҳуми ҳуқуқ ҳарчӣ бештар ошномегардем, ки ин бесабаб нест. Ҷомеа вамардум ҳамеша кӯшиш менамояд, киҳуқуқро бо мафҳумҳои ҳақиқату инсофалоқаманд намоянд. Моҳияти ҳуқуқ низ маҳздар ҳамин ифода меёбад.

Ҳар як фарди ҷомеа бояд зарурати риояибечунучарои қонунро амиқ дарк намояд ва итоат ба қонун бояд ба одати ҳар якшаҳрванд табдил ёбад. Ҳанӯз чандин садсолапеш мутафаккири бузурги юнонӣ Ситсеронгуфта буд: “Агар хоҳӣ озод бошӣ, ғуломиқонун бош!. Яъне, озодӣ, пеш аз ҳама, масъулият аст.

Бояд тазаккур намуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандоняке аз вазифаҳои муҳимтарин ванахустдараҷаи кишварҳое маҳсуб меёбад, кироҳи бунёди давлати демократӣ ваҳуқуқбунёдро пеш гирифтаанд. Дар моддаиякуми Конститутсияи амалкунандахусусиятҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии ҶумҳурииТоҷикистон дарҷ гардидааст. Арзишҳоиномбурда собит месозанд, ки давлат дар пояиқонун ва ҳуқуқ бунёд ёфта, рушди давлатидемократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳидониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣвобастагии зиёд дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз солҳои90-ум масоили баланд бардоштани сатҳидониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонимамлакатро хеле  муҳим ва мубрам арзёбӣнамуданд. Дар ин замина Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-умиапрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандониҶyмҳypии Тоҷикистон» ба имзо расид. Фармони мазкур бо мақсади таъминиволоияти қонун, баланд бардоштани сатҳимаърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирииқонунвайронкуниҳо қабул карда шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баландбардоштани маърифати ҳуқуқии табақаҳоимухталифи ҷомеа тамоми чораҳои зарурироамалӣ намуда, дар ин самт як силсиласанадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабулнамудааст.

Мақсади асосии ин санадҳо аз риояиКонститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқииҶумҳурии Тоҷикистон, ташаккули ҳиссимасъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ, баландбардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқиишаҳрвандон, таъмини дастрасии тарзуусулҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳоиинсон ва шаҳрванд, тарғиби арзишҳоидемократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқуозодӣ ва вазифаҳои асосии инсон вашаҳрванд, таъмини иштироки фаъоли аҳолӣдар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоииҶумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштанимақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва ғайраҳоиборат мебошад.

Ин кушишҳову талошҳои ояндасозро баназар гирифта  моро зарур аст, ки бо баландбардоштани маърифати ҳуқуқии худ, фарҳанги баланд ва неруи ақлонии худро бакор бурда, қарзи шаҳрвандии худро иҷронамуда,  барои  мустаҳкамии давлатисоҳибистиқлоли худ  саҳми босазову арзандагузорем.

Судяи суди ноҳияи Шоҳмансури

шаҳри Душанбе: Қурбонзода К.Р.