Маҷлиси тантанавӣ бахши ба рӯзи модарон

Ҳозирини гиромӣ Раисаи муҳтарам бонувону хоҳарони азиз!

Дар оғози фасли баҳор фаро расидани рӯзи модар – ин ҷашни барои ҳамаи мо бисёр азизро ба ҳамами Шумо табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу менамоям.

Модар барои ҳар инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум яъне ватанро бо мафҳуми модар баробар ва ҳамрадиф донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд.

Агар тамоми неъмати дунё аз байн биравад, ба шарте, ки зан дар саҳнаи ҳаёт вуҷуд дошта бошад, зиндагӣ боз ҳам қобили таҳаммул аст. Зан барои башарият аз олитарин неъматҳои Худост, ӯ шабу рӯз нигаҳбони ҳаёту созандаи шахсият аст.

Худованд ба зан зебоӣ, иффат, дилрабои, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат наслофарӣ ва фариштахӯиро эҳдо кардааст. Дар хонадоне, ки аз меҳру навозиш ва файзу нусрати зан баҳравар нестанд, он ҷо баракат нест. Охир, беҳуда нагуфтаанд: “Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст”.

Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зам на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпешша, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан мурабии наслҳо ва ҳмшираи меҳрубонро мебинад, ки мояи ифтихори ҳар яки мову Шумо мебошад.

Ҳамаи мо хуб медонем, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеъа эътироф намуда, иштироки ӯро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва сохторҳои қудратӣ ногузир медонад.

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо ва заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд.

Имрӯз боиси хушнудист, ки занони босаводу лаёқатманд дар мақомоти судии кишвар баҳри баамалбарории адолатӣ судӣ, ҷиҳати ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташкилоту корхонаҳо ва барқарор кардани адолатӣ иҷтимоӣ дар ҷомеъа,  фаъолият карда истодаанд.

Албатта чи қадаре, ки занон бодонишу бомаърифат бошанд, ҳамон қадар ҷомеъа бофарҳанг ва фарзандонамон ботарбияву хушахлоқ мегарданд. Донистани қадру қиммати зан-модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар фарди баору номус аст. Аз нақши бузурги зан дар саҳнаи зиндагӣ на танҳо адибону шоирону файласуфон ёд кардаанд, балки онҳое, ки саҳнаи набардҳои азимеро таҳрезӣ мекардаанду барои кишваркушоӣ кӯшиш мекарданд, саранҷом аз бузургии зан-модар ёд карда пеши азамати ӯ сари таъзим фуруд овардаанд.

Сарвари кишварамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохуриашон бо занони фаъоли Тоҷикистон иброз дошта буданд: “Ҷомеае, ки ба зан модар ғамхори менамояд, ба ояндаи худаш ғамхори мекунад”.

Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад.

Дар ҳақиқат худшиносӣ, маърифати баланд, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешиву озодманишии зани тоҷик – ин аст калиди бахту саодат ва роҳи комёбиҳо.

Файзи ҳастӣ аз вуҷуди меҳрубони модар аст,

Асли мо ному нишони мо забони модар аст.

Ташаккур ба диққататон!

 

Судя суди ноҳияи Шоҳмансури

шаҳри Душанбе:    Назарзода Д.Қ.