Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи хушу босаодат, рӯзи таърихию барои миллату давлатамои сарнавишт соз аст, ки дар партави офтоби истиқлол ва ин бахтномаи миллат зиндагии мардуми могарму пурбаракат ва роҳи имрӯзу ояидаамон ҳамвору равшан гардидааст.
Конститутсия ҳуҷҷатест, ки ояндаи халқу давлатро барои даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо муайян менамояд. Бинобар ин, дар ҷаҳони муосир ормонҳои миллию давлатии ҳар миллату давлат дар чаҳорчӯби Конститутсияи он муайян гардида, яке заминаҳои асосии эътирофи он дар арсаи байналмилалӣ мегардад. Аз ин рӯ, замоне ки Ватани азизамон — Тоҷикистон соҳиби истиқлоли давлатӣ гардид, бо ҳидоятҳои ояндасози Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муайян намудани арзишҳои олии миллию давлатӣ, сохти конститутсионии давлат, мақом ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардида, барои баррасӣ ва пешниҳоди фикру мулоҳизаҳо баҷомеа пешниҳод карда шуд.
Ҳаминтавр, бо иштироки ҷомеа шаҳрвандии кишвар матни ин санади муҳимми давлатӣ таҳия ва тадвин шудва рӯзи 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардид, ки он ба таҳкими аркони давлатдории мо дарҷаҳони муосир ва бунёди низоми демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ асос гузошт.
Бо тақозои замон ва заруратҳои пешомада ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид кардашуданд.
Имсол аз қабули ин ҳуҷҷати сарнавишт соз 30 сол сипарӣ мешавад, ки дар он ҳадафҳои асосии халқу миллати мо — бунёди ҷомеаи озоду мутамаддин инъикосшудаанд. Қабули Конститутсия Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун бузургтарин падидаи сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангию ҳуқуқӣ ҳукми қонунӣбахшид.
Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар забони мардумбо номи “бахтномаи миллат” ёд мешавад, ифодагари орзую ормони халқ буда, ҳуқуқу озодиҳои инсонрокафолат медиҳад ва асосҳои сохтори ҷамъият, шакли идоракунӣ ва ташкили ҳудуди давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии хокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян мекунад.
Мазмуну мундариҷа ва муҳтавои санадҳои инъикоскунандаи раванди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Эъломияи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990, Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар бораи эълон шудани истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сенябри соли 1991 «Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пуррадар Конститутсия дарҷ гардидаанд.
Ба шарофати Конститутсия кишвари мо ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид гардид. Инсанади муътабар ҳуқуқи инсонро арзиши олӣ эътирофнамуда, доираи фаъолияти тамоми неруҳои сиёсӣ — ҳизбҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятиро муайян карда, бароикор ва фаъолияти онҳо заминаи қонунӣ гузошт. Конститутсия низоми иқтисодии мамлакатро дар заминаи эътироф намудани ҳамаи шаклҳои моликиятмуайян намуд.
Тибқи ин санади асосии тақдирсоз Президенти кишвар — Сарвари давлат, Раиси Ҳукумат ва ҳомии конститутсия, қонунҳои кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсонва шаҳрванд, кафили истиқлоли миллӣ, ягонагиитамомияти арзӣ ва пойдории давлат эътироф шудааст.
Ба шарофати ин Бахтнома имрӯз мо дар ҷомеаи қонун солор ва адолат меҳвар зиндагӣ мекунем ва давлату ҳукумат шароити мусоидро барои таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, озодии шаҳрвандон ва татбиқи фарогири Конститутсия амалӣ менамояд.
Тибқи моддаи 5-и Конститутсия “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ваҳифз менамояд«.
Халқ дар кишвари мо сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Тибқи моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст. Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд”.
Тибқи моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад”.
Боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суд бахшида шудааст ва тибқи моддаи 84 «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва азтарафи судяҳо амалӣ мегардад.
Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд». Имрӯз мо дар партавииҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу фаъолияти худро баҳригиромидошти муқаддасоти миллӣ, хусусан эҳтиром, волоият ва маърифати Қонун равона месозем. Мо миллати хушбахтем, ки дар партави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат Ватани маҳбубамон боз ҳам ободу зебогардида, обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳамбаланд мешавад.
Даврон Назарзода,
судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур