Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат

Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат

 

  «Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи

пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд».

Эмомалӣ  Раҳмон

 

Нахустин дастоварди назаррас дар ҳаёти давлатдории тоҷикон пас аз соҳибистиқлоли қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи сиёсию ҳуқуқии кишвар саҳифаи навро боз намуд. Он бо роҳи раъйпурсиии умумихалқи бевосита аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат қабул гардида азму ирода ва марому мақсади халқи Тоҷикистонро дар худ таҷассум намуд. Тибқи  Кониститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи муносиби худро сазовор гашт.

Зарурати муайн намудани заминаи ҳуқуқии таъмини Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла қабули Кониститутсияи нави кишвар ҳанӯз дар Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зарурати қабули Конститутсия пешбинӣ шуда буд. Аммо нооромиҳои соли 1991 таҳияи лоиҳаи Конститутсияро ба таърих гузоштанд.

Таҳия, барасӣ ва қабули  Конститутсияи нав пас аз баргузории иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав оғоз гардид. Иҷлосияи мазкур дар таърихи барқароргардии давлати Тоҷикистон нақши бузург бозид.  «Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар асоси он моҳи ноябри соли 1993 комиссияи нави конститутсионӣ таъсис ёфт. Гуруҳи корӣ ду лоиҳаи  конститутсияи идораи парламентиро таҳия намуд. Комиссияи кониститутсионӣ дар натиҷаи баррасии ҳамаҷониба лоиҳаи Кониститутсияро, ки шакли идораи президентиро ҳимоя менамуд, пазируфта, онро барои муҳокимаи умумихалқӣ дар матбуот нашр кард.  Иҷлосияи бистуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати раъйпурсиро 6 ноябри соли 1994 муқаррар намуд. Натиҷаи расмии раъйпурси чунин  буд дар 64 ҳавзаи овоздиҳӣ 2685724 шаҳрванд ба рӯйхат гирифта шуда, дар раъйпурсӣ 2535437 нафар ё ки 94,4 дарсад ширкат варзиданд; ба ҷонибдории Конститутсия 2352554 нафар ё ки 87,59 дарсад, муқобили Кон­ститутсия 105300 нафар ё ки 3,92 дарсад раъй  доданд.

Бо мақсади такмили низоми сиёсӣ ва давлатии кишвар, амиқ гардонидани унсурҳои демократӣ дар ҷомеа, такмили тартиби таъмини кафолатҳои ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани асосҳои конститутсионии инкишофи минбаъдаи иқтисоди озод ва соҳибкорӣ ва бо назардошти ба вуқӯъ пайвастани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию сиёсӣ, ки дар таъмини суботу оромии баргаштнопазири ҷумҳурӣ ифода меёбад, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016) тағйироту иловаҳо ворид гардидаанд.

Дар моддаи 5-и Конститутсия дарҷ шудааст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Бояд гуфт, ки ин қисми модда ба Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқи 22 июни соли 2003 ворид гашт ва инсон ҳамчун бузургтарин арзиш ва дорои манфиятҳои муайн шинохта шуд. Мувофиқи Кониститутсия асосҳои сиёсати хориҷии кишвар таҳким ёфта мувофиқи он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дардҳои кушодаро пеш гирифтааст.

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолии кишвар то ба имрӯз яке аз василаҳои асосӣ ва муҳимтарини муаррифии кишварамон ҳамчун давлати пешбарандаи сиёсати “дарҳои кушода” дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

Бояд гуфт,ки тибқи моддаи 19 Конститутсия ба ҳар шахс кафолати ҳифзи судӣ дода шудааст. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.

Ҷиҳати таъмини амалии ин ҳуқуқ дар Тоҷикистон ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ва амалисозандаи адолати судӣ мақомоти судӣ таъсис дода шудааст. Ин мақомоти  унсури муҳимтарини ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб меравад.

Фаъолияти судҳо имрӯз зери таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат қарор дорад. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Оли Президенти мамлакат ба ин масъала ишора намуда, зикр кардаанд, ки баъди қабули Конститутсияи кишвар ва ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидани суд давлат ҷиҳати таҳкими асосҳои он пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Дар ин раванд давра ба давра татбиқ шудани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва дар доираи он такмилу таҳким бахшидан ба сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ, мустаҳкам намудани асосҳои моддиву техникии онҳо ва беҳтар кардани вазъи ҳуқуқиву иҷтимоии судяҳо аз ҷумлаи ин тадбирҳо ба шумор меравад. Дар навбати худ ҳокимияти судӣ вазифадор аст, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро меҳвари фаъолияти худ қарор дода, тавассути қабули санадҳои одилонаву қонунӣ татбиқи дурусти меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо адолати судиро таъмин намояд. Ба гуфтаи Сарвари давлат фаъолияти судяҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали норавост. …

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд.

Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.

Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад.

Метавон таъкид кард,ки дар Конститутсияи Тоҷикистон рӯҳияи санадҳои давлатдории ниёгонамон, аз қабили «Доди Дориюш», «Номаи тансар», «Мотикони ҳазор додситон» ва хусусан Эъломияи Куруши Кабир, ки аз аввалин санади ҳуқуқи башар дониста мешавад, таҷассум гардидааст.

Бесабаб нест, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ сазовори баҳои баланд гардида, онро ҳамчун таҷасумгари ҷараёни демократӣ дар кишвар арзёбӣ намудаанд. Гузашта аз ин, Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун панҷ конститутсия беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст, ки боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонист.

Ҳоло мо дар арафаи ҷашнгирии бисту шашумин солгарди рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Аз фурсат истифода бурда кулли мардуми азизи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати иди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ, умри дарози бобаракат, шодкомӣ ва пирӯзиву бурдбориҳо хоҳонам.

 

Судяи суди ноҳияи

Шоҳмансури шари Душанбе                                               Назарзода Д.Қ.