Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҷавҳари ҳастии миллати тоҷик

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, 9-уми сентябр ҳамчун “Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайан гардидааст. 9-уми сентябр иди расмии давлатӣ аст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коллективҳои меҳнатӣ чораҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд.

9-уми сентябри соли 1991 чун воқеаи муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик сабт шудааст: санаи эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ҳодисаи тақдирсоз аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9-уми сентябр расман Рўзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Истиқлолият нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки сиву чор сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Ҳодисаву воқеаҳои пурошўби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.

Пас аз як соли эълони Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ў иртиботи ҳамаҷониба доранд.

Аз рўзи сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барўманди халқ Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерўҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем.

Чунонки Президенти мамлакат, Пешвои миллат – Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад”.

Халқи азиятдидаи тоҷик барои таҳкими Истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт Конститутсияи мамлакати орзую ормонашро қабул кард. Агар гўем, ки аз ҳамон соли қабули Конститутсия, яъне соли 1994 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави инкишоф фаро расид, хато нахоҳад шуд. Зеро барои расидан ба сулҳи кул ва Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама пояи қонунии фаъолияти ҳокимият зарур буд ва инро метавонист танҳо Конститутсияи ҳаматарафа такмилёфта ва мутобиқ ба талаби замон таъмин намояд.

Баробари ин якдилона пазируфтани Конститутсия аз ҷониби тамоми халқ нишони эътирофи Ҳукумати қонуниро дошт, ки акнун ду сол мешуд, бо сарварии фарзанди вафодори миллат Эмомалӣ Раҳмон барои аз варта берун овардани мамлакати дар ҷанги шаҳрвандӣ харобгардида фаъолияти шабонарўзӣ мебурд. Кафолати зиндагии осуда ва хурраму озодро барои халқ ин ҳуҷҷати муҳим таъмин менамояд.

Асоси чунин зиндагӣ бошад, меҳнати сидқидилонаю бунёдкорона аст. Пас кафолати меҳнати озодона, донишу ҳунаромўзӣ, истироҳат ва табобат, саҳм гирифтан дар пешрафти мамлакат барои ҳар шаҳрванд низ аз ҷониби давлат тавассути Конститутсия муайян гардидааст. Кафили Конститутсия бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Акнун – пас аз гузаштани солҳо ва ба даст овардани баъзе комёбиҳои муҳим метавонем чунин хулоса кунем: “Давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем”.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати барӯманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем. Аз ин лиҳоз бо чунин орзуҳо гуфтаниям: Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!

Судяи суди ноҳияи Шоҳмансури

шаҳри Душанбе:  Толибзода Д.