ИСТИҚЛОЛИЯТ – АРЗИШИ САРНАВИШТСОЗ

Эй Пешвои мо, эй раҳнамои мо,

Дар роҳи зиндагӣ мушкилкушои мо.

 

Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият ифшогари озодии ҳар як давлату миллат буда, барои ноил шудан ба ин неъмати бебаҳо тӯли асрҳо мардуми мамлакатҳои мухталиф мубориза мебурданд. Зеро он ифодагари оромону орзуҳои ҳар як миллат ба шумор меравад. Маҳз ба шарофати истиқлолият кишварҳои ҷаҳон ба рушд ноил шуда, барои некӯаҳволии мардуми худ талош меварзанд.

Гуфтан мумкин аст, ки аз сабаби пошхӯрии кишвари абарқудрати Иттифоқи Шӯравӣ истиқлолият барои Тоҷикистон осон ба даст омад. Вале мушкилтарин чиз он буд, ки истиқлолиятро бояд чӣ тавр нигаҳ дошт, то гурӯҳҳои мухталиф Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба доим хархашаҳо кашида, якпорчагии онро зери суол набаранд. Маҳз дар чунин даврони тақдирсоз барои кишвари мо зуҳур намудани сиёсатмадори оқилу дурандеш – Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро мардуми азияткашида ва фарҳангсолори мо ҳамчун фоли нек ва туҳфаи тақдир қабул намуданд. Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳануз аз рузҳои аввалини зимоми роҳбариро бар дӯш гирифтанашон ваъда доданд, ки тамоми кӯшишу ғайрати худро барои сулҳу субот, зиндагии шоистаи мардум ва ободии Ватани азизамон сарф месозанд. Имрӯз мо насли замони истиқлолият шшоҳиди ин ҳама пешравиҳои кишвари азизамон ҳастем. Шуркона мекунем, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ кишвари азизи моро ҳамагон медонанду ҳамчун кишвари дорои Сарватҳои ғании табиӣ эътироф менамоянд. Талошу иқдомҳои Сарвари миллат дар анҷуманҳои бонуфузи СММ, ташаббусҳои созанда ҷиҳати пешгирии офатҳои табиӣ ва даъват барои истифодаи оқилонаи об боиси қаноатмандии аҳли башар гаштааст. Аз ин хотир, Тоҷикистони азизи мо имрӯз ба яке аз марказҳои муҳимтарини баргузории чорабиниҳои мухталифи сатҳи байналмилалӣ дар минтақа мубаддал гаштааст.

Ҳар меҳмоне, ки ба пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол меояд, бешак, аз ободию зебоии он ба ваҷд омада, аз иқдомҳои бузурги бунёдкорию созандагии Пешвои муаззами миллат ва роҳбарияти пойтахт хуш истиқбол мекунад. Пойтахти дилорои мо шаҳри Душанбе ҳамчун маркази муҳимтарини сиёсию иқтисодӣ ва фарзангии кишвар дар муаррифи Тоҷикистони соҳибихтиёр саҳми калон дорад. Истиқлолият барои Тоҷикистон шукуфоӣ, рушду тараққиёт ва нуфузу эътибор овард. Маҳз дар даврони истиқлолият кулли самтҳои муҳимтарини хоҷагии халқ рушд ёфта, нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ боло рафт.

Тавре ки Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва огози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне  бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Мо – мардуми тоҷик, воқеъан хушбахт аз онем, ки ба ормону орзуҳои миллии худ расидем. Имрӯз қарзи шаҳрвандии мост, ки ин неъмати бебаҳо – истиқлолиятро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Судяи суди н. Шоҳмансури ш.Душанбе

Курбонзода К.