“Истиқлолу озодӣ барои мо рамзи воқеииифтихор аз Ватану ватандорӣ, бузургтаринимконифяти давлатсозиву давлатдории мустақил, илҳомбахши азму талошҳои созанда ба хотиритаъмин намудани рушди давлат, ободии Ватан, зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистон ва баландбардоштани сатҳи зиндагии ҳар як оилаи кишвармебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлоли давлатӣ муназзаҳтарин дастовардимиллати тоҷик дар таърихи навин буда, оғози эҳёидавлатдории миллӣ, рушду тараққии соҳаҳоигуногун ва муаррифии ҷаҳонии таъриху тамаддунитоҷикон дар арсаи байналмилал ба шумор меравад. Бо шарофати таҳкими истиқлолу озодӣ ваҳдатимиллӣ дар ҷумҳурӣ ҳукумфармо буда, Тоҷикистониазиз барои амалӣ намудани ҳадафҳои бунёдкоривустратегӣ гомҳои устувор мегузорад.
Хушбахтона 24-уми августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шурои Олии ҶТ «Эъломияиистиқлолияти ҶТ»—ро қабул кард, ки он њуљљатизаминавї барои эълони Истиқлоли Тољикистон санаи 9-уми сентябри соли 1991 гардид.
Мутаассифона, дар солҳои аввали Истиқлолидавлатӣ Ватани мо бар асари фитнаву дасисаисияҳкорони дохиливу хориҷӣ гирифтори ҷангитаҳмилии шаҳрвандӣ гардид, ки ин раванд боисихаробӣ, хисороту қурбониҳои зиёд ва фалаҷшудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ гардид, киэҳтимоли аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷиконва пароканда гардидани миллат ба воқеияти рӯзтабдил ёфта буд.
Боиси хушнудист, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ ва бо сарварииАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он имтиҳони сахту сангин гузашт ва ба башариятисбот намуданд, ки мо тоҷикон ҳамчун миллатикуҳанбунёду соҳибтамаддун метавонем таҳтипарчами истиқлолу озодӣ муттаҳид шуда, Ватанихудро соҳибӣ намоему барои пешрафту инкишофион талош варзем.
Таърихи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистоншаҳодат медиҳад, ки ба уҳда гирифтанимасъулияти роҳбарии давлат дар Иҷлосияитақдирсози таърихии XVI-уми Шурои Олии ҶТ азҷониби фарзанди қаҳрамону диловари миллатитоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабабгори наҷотимиллат аз муталошӣ ва ҳифзи давлатдорӣ мебошад. Маҳз аз ҷониби Роҳбари ҷавони кишвар андешаи сулҳу оштӣ ва гузашту ҳамдигарбахшӣ ба миёнгузошта шуда, дар ҷумҳурӣ Нишони давлатӣ ваПарчами миллӣ қабул гардид. Ҳамзамон, бо тариқираъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи кишварқабул шуд, мақомоти фалаҷшудаи давлатӣ барқароргардид, бо талошҳои Пешвои миллат дарТоҷикистон сулҳ ва Ваҳдати миллӣ танинандозгардид ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлатисоҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ваягона ташаккул ёфт, аъзои созмону ташкилотҳоибонуфузи байналхалқӣ гардид.
Воқеан, сарвари давлат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон на танҳо дар сухан, балки амалан собит сохт, ки истиқрори сулҳ ва ваҳдат омили асосӣ ва созандаи ҷомеаи инсонӣ аст. Таҷрибаи сулҳ ва ризояти миллии тоҷикон, ки бо сарварии ў мо ба он дастёб гардидем, дар таърихи башарият падидаи нодиру ибратомӯз аст.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки таҳти сиёсатихирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатӣтаҳким ёфта, миллати тоҷик, ки дорои таърихи чандинҳазорсола ва одату анъанаҳои фарҳангиибостонӣ мебошад, ба фардои рӯзгори худ ва ояндаиободу осудаи Меҳани аҷдодӣ бо итминони комил ваэътимоди қавӣ назар менамояд.
Инчунин, бо ташаббусу заҳматҳои Сарваридавлат ва Ҳукумати мамлакат кишвари мо ба корҳои бузурги бунёдкориву созандагӣ машғулшуда, дар ин замина иқтисоди миллӣ рушд намудва Тоҷикистон ба мустақилияти иқтисодӣ дастёбгардида, муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳоидигар, соҳаҳои хусусӣ, саноат, сайёҳӣ инкишофёфта, дар пешбурди сиёсати минтақавии кишварислоҳоти амиқи иҷтимоию иқтисодӣ гузаронидашуд. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориигустурдаи минтақавию байналмилалиро воситаимуҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодивутиҷоратӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, экологӣ ва таъминиамнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳоибайниҳамдигарии мардумони минтақа ва олам барпояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад.
Қобили зикр аст, ки таъмини истиқлолиятиэнергетикӣ, баромадан аз бумбастикомуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, таъмин намудани амниятиозуқаворӣ ва саноатикунонии иқтисодиёти кишварҳамчун ҳадафҳои асосии стратегӣ муайян кардашудаанд.
Мусалам аст, ки рушду тараққии иқтисодиётикишвар ба электроэнергетика алоқаи мустаҳкамдошта, баҳри ноил шудан ба истиқлоли комилиэнергетикӣ, таъмини аҳолӣ ба нерӯи арзону азҷиҳати экологӣ тозаи барқ ва афзудани иқтидорҳоиэнергетикӣ дар солҳои соҳибистиқлолии кишварқадамҳои устувор гузошта шуд, ки дар натиҷасохтмон ва ба истифодабарии як қатор иншоотҳои бузурги тавлидоти нерӯи барқ рӯйи кор омад. Мисоли возеҳи он, сохтмон ва ба истифода доданиНБО “Роғун” мебошад, ки он яке аз дастовардҳоибисёр ҳам муҳиму арзишманд барои имрӯзу ояндаиВатани маҳбубамон буда, дар ояндаи наздикмусаббиби расидани Тоҷикистон ба истиқлоликомили энергетикӣ мебошад.
Ҷашни Истиқлолу озодии Ватан хуҷаставуфархунда бод!