Ифтитоҳи бинои Суди ноҳияи Данғара

29 майи соли 2020 бинои Суди ноҳияи Данғара бо иштироки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои нави Суди ноҳияи Данғара аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, дар идомаи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти беҳтар намудани шароити корӣ барои кормандон, сохта ба истифода дода шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар бинои нави Суди ноҳияи Данғара ва суҳбат бо кормандон таваҷҷуҳи онҳоро ба ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ  ҷалб намуданд.
Таъкид гардид, ки маҳз бо ин мақсад дар даврони соҳибистиқлолии кишвар давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба сомон расонида, дар самти ташкилу таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини қонуният ва адолати судӣ бо қабул ва татбиқи барномаҳои гуногун тадбирҳои назаррас ба сомон расонида шудааст.
Дар бинои нави Суди ноҳияи Данғара барои баргузории маҷлисҳои судӣ чор толори барҳаво, аз ҷумла барои баррасии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ мавҷуд аст, ки онҳо дорои шароити хуби корӣ мебошанд.
Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъсиси китобхонаҳо дар назди муассисаю идораҳо дар бинои нави Суди ноҳияи Данғара низ китобхонаи барҳаво бо теъдоди 600 нусха адабиёти ҳуқуқию бадеӣ ва китобхонаи электронӣ дар ҳаҷми 10 000 китоб ташкил карда шудааст.
Ин иқдом ҷиҳати дастрасии кормандони мақомоти Суд ба навовариҳо ва истифода аз махзанҳои гуногун дар ҷараёни баррасии одилонаю шаффофи парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидати фаъол мекунад.
Дар бинои замонавии Суди ноҳияи Данғара ҳамчунин утоқҳои кории Идораи нотариалии давлатии ноҳия, Хадамоти иҷро, Маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳия ва Шуъбаи корҳои ислоҳӣ ҷойгир карда шудааст.
Роҳравҳои атрофи бино дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ дар масоҳати 847 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, ҳамзамон дар масоҳати 500 метри мураббаъ  бо шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳолони гуногун кабудизор карда шудааст.