2 ноябри соли 2023 дар суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайати кормандони Суди ноҳия ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Саидзода Гулбону Исуф дар оғоз иброз дошт, ки «агар ба таърихи қабули Конститутсия назар афканем, давраҳои хеле сангин ва мураккаби давлатдории миллии мардуми Тоҷикистон пеши назар меоянд. Баъд аз соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ зарурати амалӣ намудани дигаргуниҳои сиёсиву иқтисодӣ ба миён омад. Зарур буд, ки ҷомеа ва давлат аз як низоми давлатдорӣ ба дигар сохти давлатдорӣ мегузашт ва дар ҳамон вақт ҳарчӣ зудтар таҳия ва қабул намудани Конститутсияи нав аз муҳимтарин масъалаҳои давлатдорӣ ба ҳисоб мерафт.
Роҳбари тозаинтихоби давлати мустақили Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатномаи худ ба халқи Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1992 яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ба миён гузоштанд, ҳарчӣ тезтар таҳия ва қабул намудани Конститсия буд.
Бо иштироки ҳуқуқшиносони варзида ва таҳти роҳбарии Сарвари давлат комиссияи конститусионӣ фаъолият намуд, таҷрибаи дигар давлатҳоро омӯхт, аз байни ду лоиҳаи пешниҳодшуда лоиҳаи идоракунии президентии давлатро қабул намуд.
Матни лоиҳаи Конститутсия дар рӯзномаҳои ҳамондавра чоп ва барои муҳокима ба сокинони мамлакат пешниҳод шуд. Муҳокимаи лоиҳаи Контитутсия беш аз 3 моҳ идома ёфт ва зиёда аз ҳазор таклиф барои мукаммал намудани матни лоиҳаи Конститутсия пешниҳод гардид.
Баъдан 6 ноябри соли 1994 дар байни собиқ ҷумҳуриҳои шуравӣ нахустин шуда, маҳз дар Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия қабул гардид.
Дар идомаи ҳамоиш судяҳо Қурбонзода К.Р. , Шафо Б.Н. ва корманди дастгоҳи суд Маҳмуродзода Ф. бо мавзуъҳои гуногун дар иртибот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қисме аз меъёрҳои Конститутсияро шарҳу мулоҳизаронӣ намуданд. Дар охир Муовини якуми Раиси суд Исозода Баҳодур Чиллахон ҳозиринро ба муносибати 29 солгарди қабули Конститутсия таҳнияту шодбоши намуда, иброз дошт, ки ҳарчи қадар моро аз қабули ин санади тақдирсоз дур барад ҳам, ҳамон қадар аҳамияту муҳимияти он дар таърихи давлати тозабунёд ва ҳокимияти конститутсионӣ ва давлати ҳуқуқбунёд воло мегардонад. Аввалин маротиба дар сатҳи Конститутсионӣ Ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Лозим ба ёдоварист, ки аз се як ҳиссаи меъёрҳои Конститутсияи давлати моро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил мекунад, ки ҳифзи онро Конститутсия тавассути мақомоти судӣ кафолат додааст. Дар ин замина тамоми кормандони судро бо ифтихор аз касби пешанамуда ташвиқ намуда, орзуи ба одати ҳамаруза табдил додани риояи меъёрҳои Конститутсияро намуд.