Новости Слайдер

Мы совместим знаменательный праздник дня матери с наступлением весны и наступающим годом и празднуем эти два символа добра и счастья вместе потому что любовь и благодать матерей со временем воскресения природы являются воплощением продолжения жизни и доброго будущего.

Ты как земля одна мать,

Земля и небо, луна, Мать Родина драгоценны, они уникальны и едины. Мать-это ангел, который Господь дал нам. Во Вселенной нет более постоянного существа, чем мать. Есть мать, которая есть мы, и есть жизнь.

Женщина-мать-богиня красоты и создатель жизни и самое дорогое существо в мире бытия. Материнская привязанность как Вселенная не имеет границ. Он олицетворяет чистоту, элегантность и изящество, заслуживает обожания и уважения. Ум, знания и навыки женщины придают мужчине силу и упорство и направляют его к любви, верности, храбрости и самообладанию. Счастье каждой женщины проявляется в мирной жизни, постоянном государстве, мире и единстве, праведных детях, благополучной семье, дружбе и дружбе между людьми.

Человечество всегда нуждалось в женах и матерях и их вкладе в развитие общества. Сегодня статус женщины-матери в обществе повышен, что дает возможность активно участвовать в сферах народного хозяйства нашей страны. В период независимости для повышения статуса и положения женщины-матери Правительство Республики Таджикистан проявляет последовательную заботу. Чтобы почтить память матери в прошлом, наши предки также отмечали каждый год определенный день как праздник матери. Как пишет Абурай извне, между праздниками и обрядами таджикского народа еще с древних времен существует традиция празднования Дня матери. По его словам, этот праздник отмечался на таджикской земле в третий месяц зимы, названный Исфандормузом (в соответствии с февраль-март), как праздник красоты и величия женщины-матери. Со временем этот великолепный исторический праздник наших предков был возрожден благодаря государственной независимости нашей страны.

Празднование Дня матери в начале весны символично, потому что пробуждение природы похоже на оживление матери. В этот благословенный день люди должны приходить в гости к матерям и сестрам. Чтобы поднять их и почтить добрую традицию предков. Мы должны отдать дань уважения матерям-создателям жизни и воспитателям детей.

Под мудрой и дальновидной политикой Основателя мира и национального единства-Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона таджикские матери с каждым днём чувствовали себя счастливыми. Потому что лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон постоянно настаивает на уважении к взрослым, особенно матерям, и направляет детей к всеобщему уходу за родителями.

Роль женщин в обществе огромна. Помимо того, что женщина является матерью, она также является государственным служащим, учёным, учителем, юристом, инженером и врачом. Величайшие деятели истории-государственные и политические деятели, Наука, Культура, Литература и ремесла-были воспитаны матерью.

В настоящее время каждый из нас является свидетелем того, что в стране имеются благоприятные возможности для всестороннего функционирования женщин, и их участие в государственных и общественных делах всегда в центре внимания. Указ президента страны» о мерах по повышению статуса женщины в обществе » на мировой арене ещё раз доказал демократическое и светское государство Республики Таджикистан. Этот важный документ послужил ориентиром для разработки и принятия десятков других нормативных правовых актов, способствующих улучшению социально-экономического, культурно-духовного положения семей, повышению статуса женщины в обществе, их активному участию в управлении государством, подготовке одаренных и образованных кадров за счет девочек, повышению правового образования женщин и улучшению состояния здоровья матери и ребенка. Мать-первенец человечества, и ребенок узнает от нее первое слово. Каждая мать, обладающая большой грамотностью, знаниями, опытом и умением, воспитывает грамотного и добродушного ребенка. Даже языковой уровень ребенка зависит от языкового уровня матери, потому что народ не зря сказал: «говорящий стал тем, кто слышал от матери». Мать, помимо того, что дает жизнь своему ребенку, также учит ребенка самым благородным человеческим качествам.

Спикер:

Секретарь судебного заседания

Шохмансурского района

города Душанбе                                                                 Махмадмуродзода Ф.М.

 

Новости Слайдер

23 июли соли 2018 дар АМИТ «Ховар» вобаста ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров Содиқ Ашурович, судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи Суди Олӣ иштирок намуданд.

Дар оғози нишасти матбуотӣ Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён доир ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо таври мухтасар ба намояндагони ВАО ахборот доданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2018 ба марҳилаи якуми Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо дар маҷмӯъ 74.749 адад парвандаҳо ворид гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2895 адад кам мебошанд.

Аз шумораи парвандаҳои баррасигардида 7518 ададро парвандаҳои гражданӣ, 20211 ададро парвандаҳои оилавӣ, 5530 ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 28144 ададро парвандаҳои маъмурӣ ва 5267 ададро дархосту пешниҳодҳои мақомотҳо ташкил медиҳанд.

Дар нимсолаи якуми соли равон вобаста ба риоя накардани талаботи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба судҳо 317 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид шуданд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 108 адад кам мебошад.

Оид ба риоя накардани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» судҳо 9742 парвандаҳои маъмуриро баррасӣ намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1579 адад кам мебошад.

Дар маҷмӯъ аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ доир ба парвандаҳои судӣ ба фоидаи давлат ба маблағи умумии 31.139.024,97 сомонӣ ва 24.896 доллари ИМА зарари ба давлат расонидашуда, ҷарима, боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳо рӯёнида шудааст.

Мақомоти судии кишвар барои дар амал татбиқ намудани “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019”, ки ба баланд бардоштани маърифату дониши ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудааст, маҷлисҳои сайёри судиро ҳамчун омили тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ, ташвиқу тарғиби қонунҳо истифода намуда, 9185 парвандаро дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ намуданд.

Бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат карданд, судҳо 10121 таъиноти хусусӣ бароварда, 363 ҷамъбастиҳо гузаронида, сабабу омилҳои ҳуқуқвайронкуниҳо, содиршавии ҷиноят, баҳсҳои гражданиро мавриди таҳлил қарор дода, ба мақомоти дахлдор ҷиҳати пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо 206 адад пешниҳодҳо ирсол намуданд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди қабули шаҳрвандон бошад, бевосита аз ҷониби Раиси Суди Олӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 786 муроҷиаткунанда қабул карда шудааст.

Аз ҷониби муовинони Раис ва раисони коллегияҳои Суди Олӣ дар ин давра 65 нафар шаҳрвандон қабул карда шудаанд.

Натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти судӣ нишон дод, ки дар ин давра баъзе судяҳо ба вайронкунии муҳлати баррасии парвандаҳо роҳ дода, баъзе қарорҳои ғайриқонунӣ қабулшуда аз тарафи судҳои болоӣ бекор карда шуданд.

Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти корӣ ва аз байн бурдани камбудиву норасогиҳои ҷойдошта дар нимсолаи дуюми соли 2018 амалисозии чорабиниҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:

— идома додани тарғибу ташвиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар қонунҳои амалкунанда;

— бо мақсади иҷрои “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019” ташкил кардани корҳои фаҳмондадиҳии қонунҳо тариқи ВАО ва суҳбату вохӯриҳо бо мардум;

— гузаронидани чорабиниҳои ҷашнию ободонӣ бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои забони давлатӣ, кормандони мақомоти судӣ, Конститутсия, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— таъмини иҷрои “Стратегияи муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва нақшаҳои дохилиидоравӣ доир ба ин масъала;

— идомаи таҷдиди назар намудани қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— ҷамъбасти амалияи судӣ вобаста ба таҷрибаи таъини ҷазо аз рӯи ҷиноятҳо бо моддаҳои 373-376 ва 391 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2017 ва нимсолаи якуми соли 2018);

— санҷиши иҷрои ҳукмҳои аз ҷониби коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳарбии Суди Олӣ қабулгардида ва пешниҳоди маълумот (солҳои 2016-2018);

— ҷамъбасти таҷрибаи судии парвандаҳои гражданӣ вобаста ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори кории шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ (соли 2012-2018);

— ҷамъбасти амалияи баррасии парвандаҳои оилавӣ вобаста ба мерос (соли 2017 ва нимсолаи якуми соли ҷорӣ);

— ҷамъбасти амалияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (нимсолаи дуюми соли 2017 ва нимсолаи якуми соли 2018);

— гузаронидани вохӯрию суҳбатҳо дар қисмҳои низомӣ ҷиҳати пешгирии содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ;

— ба истифода додани махзани (сервери) дохилӣ дар Суди Олӣ, омӯзиши истифодабарӣ ва коркарди сомонаҳои судӣ;

— бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ.

 

Бахши иттилооти
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Новости Слайдер

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳ ва оғози бунёди як қатор иншооти гуногун иштирок карданд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Шевченкои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд.

Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, тибқи лоиҳа бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ошёна иборат буда, дар маҷмуъ дорои ҳуҷраҳои корӣ барои 450 корманд, маҷлисгоҳ бо 500 ҷойи нишаст, 8 толори муҳокимаи судӣ, бойгонӣ, китобхона, китобхонаи электронӣ, боғи зимистона, ошхона барои 70 нафар ва дар таҳхонаи бино таваққуфгоҳ барои 30 нақлиёт мебошад.

Барои сохтмони иншооти мазкур аз шафати кӯчаи Шевченко дар гузаргоҳи якум бо масоҳати 0,37 га қитъаи замин ҷудо карда шудааст. Масоҳати умумии иншоот 17952 м2 мебошад ва баландии умумии бино аз сатҳи замин ба 72,6 метр баробар аст.

Арзиши пешакии корҳои сохтмонию ороишӣ 73 миллиону 858 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар давоми солҳои 2016 барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ 2 миллиону 346 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар соли 2017 баҳри идомаи корҳо 8 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Ба ҳолати 1 апрели соли 2017 аз оғози корҳои бунёдӣ дар ҳаҷми 964 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ-васлгарӣ иҷро карда шудааст.

Дар ороиши бино аз тахтасангҳои хоро (гранит), мармар, панҷараҳои кандакории гаҷӣ, паркет, панелҳо аз навъи чубҳои қиматбаҳо ва рангҳои аълосифат истифода карда мешавад.

Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону мутахассисон дастур доданд, ки дар вақти сохтмон ба сифати корҳо аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

Новости Слайдер

22 сентябри соли 2016 дар шаҳри ДушанбеҶаласаи ёздаҳуми Раисони Судҳои Олии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

Давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар давоми 15 сол дар самти таъмини амният, ҳифзи сулҳу суботи кишварҳо, таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа ҳамкориҳои  судмандро амалӣ намуда истодаанд.

Иштироки Тоҷикистон дар ин созмони байналмилалӣ ба хотири густаришу таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягию дўстона ва инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ равона карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи ин Созмон фаъолияти ҳамоҳангии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти судӣ хело назаррас мебошад.

Дар  қатори дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ дар кори фаъолона, доимию доманадори Созмони Ҳамкории Шанхай бо мақсади ривоҷи ҳамкориҳо ва таҳкими  муносибатҳо, иштироки мақомоти олии судии давлатҳои аъзо  ҳарҷи бештар зарурият дорад.

Бо дарназардошти мақсад ва вазифаҳои Созмон ба рўзномаи ҷаласаи навбатии Раисони Судҳои Олӣмасъалаҳои мубрами рўз — мубодилаи таҷриба оид ба баррасии парвандаҳо марбут ба терроризм ва экстремизм, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд тибқи қонунгузории давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, инчунин амалияи судии ин давлатҳо оиди аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд вобаста баҳолатҳои нав ошкоргардида ворид карда шудаанд.

Мақомоти судӣ дар самти муқовимат зиддиҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ, гардишиғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ  нақши муҳим дорад.

Шиддат гирифтани таҳдидҳои муосир тақозо менамояд, ки  бар зидди терроризм ва экстремизми байналмилалӣ чораҳои муосири саривақтӣ  якҷоя андешида шаванд.

Масъалаи таълиму тарбияи фарзанд дар рўҳияи ватандўстиву хештаншиносӣ, маърифатпарварӣ ва ахлоқи ҳамида дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Маълум аст, дар таълиму тарбияи фарзандон оилаи мустаҳкаму солим, ки асосиҷамъиятро ташкил медиҳад, нақши муҳим мебозад. Падару модар бояд барои ҳамарўза таълиму тарбияи фарзандон  диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Падару модар ҳуқуқ ва уҳдадориҳояшонро вобаста ба таълиму тарбияи фарзандон бояд тибқи талаботиқонун ва бо назардошти манфиатҳои онҳо ба роҳмонанд. Барои иҷро накардан ва ба таври дахлдор ба иҷро нарасонидани уҳдадориҳояшон вобаста ба тарбияи фарзандон онҳо тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Яке аз вазифаҳои муҳими мурофиаи судии гражданӣ инҳифзи ҳуқуқу манфиатҳоиқонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаи шаҳрвандону ташкилотҳо мебошад.

Иштирокчиёни ҷаласаи навбатии Раисони Судҳои Олии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай доир ба муҳимияти масъалаи мазкур зарурияти омўхтани таҷрибаи ҳамдигар ва такмили қонунҳо фикру ақидаҳоиҷолиби диққатро иброз доштанд.

Ҳамкории роҳбарони мақомоти судии СозмониҲамкории Шанхай имконият фароҳам меорад, ки муколамаи доимӣ оиди доираи васеи масъалаҳо, ки манфиати тарафҳоро ифода мекунад, сурат гирифта, ба рушди фазоиҳусни тафоҳум, инкишофи муносибатҳои дўстона ва боваринок  мусоидат мекунад.