Бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳозирини гироми ва ҳамкорони азиз- мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда дар Конститутсияи ҶТ тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шуру намудани президент муқрар гардидааст. Бар асари таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90–уми асри гузашта халқи тоҷик  баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллӣ шурӯъ намуд. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле бузург аст.

Мутаассифона, Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои Истиқлолият дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Танҳо  бо кӯшиш ва талоши халқи тоҷик ва таҳти роҳбарии фарзанди ҷонфидои ин Ватану миллат мушкилоти мазкур бартараф ва роҳ ба сӯи фардои дурахшон боз гардид.

Дастоварди бузургтарин бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввали давраи соҳибистиқлолӣ ин барқарор намудани сулҳу  суботи комил ва Ваҳдату поӣдории миллӣ, минбаъд дар ин замина таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, аз буҳрони иқтисодӣ баровардани давлат, такони бузург ба низоми маориф, фарҳанг, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар ҷомеаи Тоҷикис­тон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.

Санаи 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шурои Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз гардида, дар он Эмомалии Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳаӣси Раиси Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, яке аз корҳои авалине,ки баҳри таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол анҷом додани он зарур шуморида шуд, ворид намудани тағиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар буд, ки дар ҷараёни он иҷлосия қабул карда шуд. Соли 1994 бо қабули аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, тариқи раӣдиҳии умумихалқи  ва муқарар гардидани шакли президентии идораи давлат Эмомалии Раҳмон Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.

Рузи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рузхои ид» рузи Президент муаӣян карда шудааст. Ба таври расми рузи президент бо қарори Маҷлиси Олии мамлакат 15 апрели соли 2016 таъсис дода шуд. Инак соли ҳаштум аст,ки  рузи Президент дар Тоҷикистон ҳамчун иди давлати ҷашн гирфта мешавад. Ҳадаф аз мансаби президенти муқаррароти конститутсиони буда, дар Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлати интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шуруъ намудани Президент муқаррар гардидааст.  Аз саҳифаи таърих дар ёд дорем санаи 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шурои Олии ҶТ  маросими савгандёдкуни ва ба вазифа шуруъ кардани Президенти ҶТ баргузор гардида буд.  Бо манзури эхтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар таъмину сулҳ ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузи мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи баӣналмилали, ки ин паёмадҳо  дар маҷмуъ ба салоҳиятнокиву фаъолияти бо самари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастаги дорад, дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр рузи Президент пазируфта шудааст. Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои таърихи дар давлатдории навини тоҷикон бо як шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехуранд, ки онҳо дар марҳалаву вазиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос  ба арсаи сиёсат омада суботу осоиштаги ва рохи рушди  минбаъдаи мамлакати худро муаӣян намуда, дар болоравии обруву мақоми давлаташон нақши абади гузоштаанд. Чунин шахсиятҳои барҷаста Ҷорҷ Вашингтон Президенти Амрикои демократи, ки то имруз мардуми Амрико бо эҳтироми ӯ зодрузашро ҳамчун рузи Президент ҷашн мегиранд, ё худ сарвари мамлакати Хитоӣ -Мао Сзе Дун, Туркия -Мустафо Камол дар пешрафти кишварҳои худ саҳми арзишманд доранд.

Дар арсаи баӣналмилали ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи милату мардумсолор, амали созандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумуъ ва ободии ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар ташабускори ҳалли масалахҳои глобали шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалии Раҳмонро на танҳо сокинони кишвар инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.  Рӯзи Президент, бо назардошти хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташакули давлатдории навини кишвар, барои корнамоиҳои беназир дар роҳи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, демократикунонии ҷомеа, таъмини тамомияти арзӣ, поӣдории давлат ва хизмати содиқона ба халқ рӯи кор омадааст. Аҳамияти таҷлили рӯзи Президент дар он аст, ки тамоми хурду бузурги ин сарзамини биҳиштосо бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намоем.

Пешвои мамлакат решаи ваҳдати миллиро дар амони ва хаӣрхоҳии кулли афроди миллат дарёфтанд. Онро дар поӣгоҳи худшиносии милли ва пос нигоҳ доштани хотираи фарзандони фарзонаи миллат гузаштагони ба ору номус тахким доданд. Таъкид ба амал оварданд, ки ҳар як фарди миллати накуном ҳамон вақт ба миллаташ ҳусни таваҷҷух паӣдо мекунад, ки бо таърихи тамадуни хеш шинос бошанд ва бо он фахр кунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалии Раҳмон собит намуданд, ки халқи тоҷик ва тоҷикон аз азал мардуми сулҳдуст ва башардуст буда неки ва арзишҳои инсониро бо арши олии муқадасот ва густариши муносибатхои Тоҷикистон ба кулли давлатҳову кишварҳои дунё мегузарад. Бо ташаббуси Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз интихоб шудан ба ҳаӣси президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахасиссони соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар махсусан ҳуқуқшиносони варзида Комиссияи констититутсионӣ таъсис дода шуд ва ба ин комисия таҳияи лоиҳаи Конститутсияи ҷадиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи замони муосир супурда шуд. Аз тарафи комиссияи таъсисёфта Конститутсияи кишвар бо тариқи раӣпурсии умумихалқи қабул карда шуд.

Дар моддаи 1-и Конститутсия оварда шудааст,ки шакли идораи Ӣумҳурии Тоӣикистон президентҳ мебошад.

Боби ҷаҳоруми санади мазкур Президент ном гирифтааст,ки дар моддаи 64-и  он омадааст: Президенти Ӣумҳурии Тоӣикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иӣроия (Ҳукумат) аст.

Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти милли, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, поӣдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои баӣналмилалии Тоҷикистон мебошад (22 маӣи соли 2016).

Дар моддаи 65-и Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тагиру иловаҳои баъдина омадааст,ки  Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 7 сол интихоб менамоянд.

Шахсе ба номзадии Президенти Ӣумҳурии Тоӣикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ӣумҳурии Тоӣикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олҳ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ӣумҳурҳ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад (22 маӣи соли 2016).

Шахсе ба номзадии Президент ба қаӣд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд.

Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду мӯҳлат паӣ дар паӣ интихоб шуда наметавонад.

Маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллатро қонуни конститутсионҳ муаӣян мекунад

Тибқи моддаи 9-и санади мазкур ҳокимияти давлати ба се шоха қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҷудо карда шуд. Ҳамчунин боби 8 ин санади муқаддас иборат аз нуҳ модда ба шохаи ҳокимияти судӣ бахшида шудааст, ки ба он пеш аз ҳама принсипҳои асосии ташкили ҳуқуқии он, хусусан салоҳият ба сохтори судҳо интихобу таъин кардан ба вазифа ва озоду бозхонди судяҳо аз вазифа, сину соли ба вазифа пешбари кардан ва муҳлати ваколати онҳо, истеъфои судяҳо, инчунин тарзи амали намудани адолати судиро дар бар мегирад.

Бори аввал истилоҳи ҳокимияти судӣ маҳз тавасути ҳамин санад ва муҳиму тақдирсози кишвар ба миён омад ва расман мавҷудияти худро тасдиқ намуд. Баъдан тавасути қонунҳои дигар ва фармонҳои Презденти кишвар такомул ёфт ва рушд кард.

Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти суди Қонуни Конститутсионии Тоҷиистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Конститутсиони «Дар бораи Суди Конститутсионии Ҷумҳуриии Тоҷикистон» қабул гардиданд, ки ҳоло амал кара истодаанд.

Бо ташабуси Президенти кишвар ҷиҳати ба меъёрҳои ҷаҳони муосир мутобиқ намудани сохтор ва санадҳои танзимкунандаи фаъолияти судӣ дар Тоҷикистон давра ба давра чораҳои зарури таҳрези ва амали шуда истодаанд. Нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад, зеро ҳокимияти судӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат, ташкилоту муасисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар самти ташкилу таҳкими ҳокимияти судӣ таъмини қонуният ва адолати судӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.

Аз ҷумла, барои рушду таҳкими мақомоти судӣ чор барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ шуданд, ки онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муасисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровадани адолати судӣ нақши муҳим дорад.

Тибқи ин барномаҳо чандин қонунҳо аз нав таҳия ва қабул карда шуданд, ки барои такмили сохтори судӣ, фаъолияти судяҳо ва дар маҷмуъ, барои таҳкими ҳокимияти судӣ дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд оварданд.

Роҳбарияти давлат ба масъалаи ҷалби васеи занон ба мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ба мақомоти судӣ таваҷуҳи хосса зоҳир намуда, онро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ эълон карданд.

Мувофиқи дастуру супориш ва таваҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу вахдати милли-Пешвои милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими минбаъдаи фаъолияти мақомоти судӣ, таъмини бештари иҷтимоии он барои рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи ҳаёт, ризоияти ҷомеа, баланд рафтани обрӯю эътибори мардуми тоҷик дар сатҳи баӣналмилалӣ, устувории пояҳои давлат ва поӣдории кишвари тоҷикон нақши муҳиму муассир хоҳад гузошт.

Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон дар радифи ҷашнҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва тантанаи сулҳу осудаги ва ҳамдастиву ҳамдилист, ҷашни нуру сафо, меҳру вафо, созандагиву бунёдкориҳо ва эҷоду эъҷозҳои тоза ба тоза дар роҳи расидан ба ормонҳои бузурги миллист. Он ҷашни тоҷикистониёну тоҷикони рӯи дунё, ҷашни давлатдории навини тоҷикон таҳти Сарварии пешвои муаззами милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

 

Котиби маҷлиси судии

суди ноҳияи Шоҳмансури

шаҳри Душанбе:  Маҳмадмуродзода Ф.М.