БАХШИДА БА ИДИ КАСБӢ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ

Рӯзи 2-юми январи соли 2018 таҳти№1480 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи рӯзҳои ид» таъғйирот ворид гардид, ки мувофиқи он рӯзи 26-уми октябр– «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ»муқаррар карда шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо эълон шудани Истиқлолияти давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр арзи ҳастӣ намуда, ба сўи инкишофи мустақилона қадам ниҳод.

Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар намуд.

Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар раванди амалигардонии сиёсати ҳуқуқии мамлакат ҷиҳати гузаронидани ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт, зеро мавҷудияти низоми мустақил ва беѓарази судӣ яке аз шартҳои муҳими рушди демократия, таҳкими афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.

Бо дарназардошти нақши мақоми судӣ дар бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон Фармони асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14-уми апрели соли 1997 «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

Ҷиҳати такмили низоми судӣ-ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани нақши ҳокимияти судӣ ва таъмини мустақилияти судҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми сентябри соли 1999 бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ таѓйиру иловаҳо ворид гардид.

Бобати таҳкиму рушди ҳокимияти судӣ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми апрели соли 2006 Президенти кишвар дар бораи зарурияти гузаронидани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ махсус қайд намуда, 23 июни соли 2007 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 271 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид, ки он дар такмили қонунҳои амалкунанда, қабули кодексу қонунҳои нав, ташкили сохторҳои нави судӣ ба монанди коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ, таъсис додани вазифаи коромўз — судя, амалӣ намудани дигар чорабиниҳои соҳавӣ ва дар таҳкиму тақвияти ҳокимияти судӣ нақши назаррас дорад.

Дар идомаи он боз се «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд, ки бобати таҳкими ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо корҳои назаррас ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳимдоранд.

Президенти кишвар муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон нисбат ба рушди низоми судиикишвар ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳирнамуда, қайд кардаанд, ки “фаъолияти судҳобояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевоситаба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин вамуҳимтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқуозодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомотисудӣ бовар намудааст ва саҳлангориюбемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амалиноравост”.

Боиси ифтихор аст, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонмустақилияти ҳокимияти судӣ дар ҷомеъа торафт таҳким ёфта, суд вазифаи муҳимидавлатиро дар самти риоя ва ҳифзиарзишҳои олӣ – инсон ва ҳқуқу озодиҳои он, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳотаъмин менамояд ва баробарии дигаршохаҳои ҳокимияти давлатиро даргустариши ҷомеъаи шаҳрванди нигоҳмедорад.

Амалӣ намудани адолати судӣ вазифаипурифтихор, бошараф ва масъулиятнокемебошад, ки ба зиммаи судяҳо вогузор кардашудааст.

Мо боварии комил дорем, ки бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти судӣ, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, дар иҷрои вазифаҳои конститутсиониашон дар самти ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат устуворона қадам ниҳода, дар пешрафти кишварамон нақши худро мегузоранд.

Бо истифода аз фурсати мазкур бобати дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани инвазифаҳо бароятон сиҳативу саломатӣ, умридарози бобаракат, хушбахтии оилавӣ ва дарфаъолияти барқарорсозии адолатииҷтимоиву шукуфонии Ватани маҳбубамонбарору комёбӣ орзу менамоем.

Бори дигар Иди касбӣ ба ҳамаи Шумо муборак ҳамкасбони азиз!

 

Бо эҳтиром, судяи суди ноҳияиШоҳмансур Назарзода Даврон Қувват