БАХШИДА БА ИДИ КАСБӢ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ


Рӯзи 2-юми январи соли 2018 таҳти №1480 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таъғйирот ворид гардид, ки мувофиқи он рӯзи 26-уми октябр – «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ» муқарраркарда шудааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бо эълон шудани Истиқлолияти давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр арзи ҳастӣ намуда, ба сӯи инкишофи мустақилона қадам ниҳод.
Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар намуд.
Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқи дар раванди амалигардонии сиёсати ҳуқуқии мамлакат ҷиҳати гузаронидани ислоҳоти судӣ — ҳуқуқи заминаи ҳуқуқӣ гузошт, зеро мављудияти низоми мустақил ва беғарази судӣ яке аз шартҳои муҳими рушди демократия, таҳкими афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.
Бо дарназардошти нақши мақоми судӣ дар бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқи, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон Фармони асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14-уми апрели соли 1997 «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
Ҷиҳати такмили низоми судӣ-ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани нақши ҳокимияти судӣ ва таъмини мустақилияти судҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми сентябри соли 1999 бо роҳи райъпурсии умумихалқи тағйиру иловаҳо ворид гардид.
Бобати таҳкиму рушди ҳокимияти судӣ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми апрели соли 2006 Президенти кишвар дар бораи зарурияти гузаронидани ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ махсус қайд намуда, 23 июни соли 2007 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 271 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид, ки он дар такмили қонунҳои амалкунанда, қабули кодексу қонунҳои нав, ташкили сохторҳои нави судӣ ба монанди коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ, таъсис додани вазифаи коромӯз — судя, амалӣ намудани дигар чорабиниҳои соҳавӣ ва дар таҳкиму тақвияти ҳокимияти суди нақши назаррас дорад.
Дар идомаи он боз се «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд, ки бобати таҳкими ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатњои қонунии давлат, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо корҳои назаррас ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд.
​Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди низоми судии кишвар ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, қайд кардаанд, ки “фаъолияти судҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзуҳимояи муқаддастарин ва муҳимтарин арзиш, яънеинсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, бамақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали норавост”.
Боиси ифтихор аст, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустақилияти ҳокимияти судӣ дар ҷомеъа то рафт таҳким ёфта, суд вазифаи муҳими давлатиро дар самти риоя ва ҳифзи арзишҳои олӣ – инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо таъмин менамояд ва баробариидигар шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар густариши ҷомеъаи шаҳрванди нигоҳ медорад.
Амалӣ намудани адолати судӣ вазифаипурифтихор, бошараф ва масъулиятноке мебошад, ки ба зиммаи судяҳо вогузор карда шудааст.
Мо боварии комил дорем, ки бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти судӣ, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, дар иҷрои вазифаҳои конститутсиониашон дар самти ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат устуворона қадам ниҳода, дар пешрафти кишварамон нақши худро мегузоранд.
Бо истифода аз фурсати мазкур бобати дар сатҳибаланди касбӣ иҷро намудани ин вазифаҳо бароятонсиҳативу саломатӣ, умри дарози бобаракат, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти барқарорсозии адолатииҷтимоиву шукуфонии Ватани маҳбубамон барорукомёбӣ орзу менамоем. ​
Бори дигар Иди касбӣ ба њамаи Шумо муборак ҳамкасбони азиз!

Бо эҳтиром, судяи суди ноҳияи Шоҳмансур Назарзода Даврон Қувват