Слайдер Хабарҳо

Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст. Дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост,он давлат ба мисли гулҳои баҳорӣ рӯз то рӯз шукуфта, ба мамлакати биҳиштосо мубаддал гаштан мегирад. Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон, барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизаткардани истиқлолияти комили давлат, ҳифз ва рушди фарҳанги пурщановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.
Ваҳдати миллӣ рамзи сарҷамъӣ ва ягонагист. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлузаковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».
Ваҳдати миллӣ ба саҳифаи таърихи навини мардуми тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории миллии тозаистиқлоли  Тоҷикистон ворид гаштааст. Ин радиф тимсоли сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси коҳиш ёфтани вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ  кишвар гардидааст. 27-июни соли 1997 рӯзест, ки Тоҷикистони тозаистиқлоли моро бар марҳилаи нави таърихӣ ворид гардонид, ва ҷиддан ба корҳои ободонию созандагӣ оғоз намудем. Барои ноил гаштан ба ин дастоварди милли мардуми шарафманди соҳибистиқлоли Тоҷикистон боз бо як санҷиши сангину фоҷеабори таърихиро паси сар намуд, дар натиҷаи заҳматҳои якдилонаи мардуми сарбалани Тоқикистон аз ихтилофоту музокироти бардавом ниҳоят ба дарки асли воқеият расиданд, боз якдилу якмаром гаштанд, ҳамдигарро самимона ба оғӯш гирифтанд ва зери созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ имзои мубораке гузоштанд.
Ваҳдати миллӣ санаи таърихӣ ва сарнавиштсози баҳамоиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил, асоси рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон мебошад. Сулҳу субот, ризояти ҷомеа, ваҳдати миллӣ хизмати бениҳоят бузургу таърихии халқи азизи Тоҷикистон аст. Ваҳдат барои миллати тоҷик чун бузургтарин неъмат дар бедорсозии дониши сиёсии мардум ва ташаккули ҳуввияти миллӣ заминаи босазое фароҳам оварда тавонист. Ҷашни Ваҳдат барои Тоҷикистониён ҷашни тақдирсоз буда, ба санаи баҳамоии тоҷикон ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти ҷомеа рост меояд. Ба имзо расидани ин ҳуҷҷати муҳим, пойдор гардидани давлати навини тоҷикон, дар даст доштани истиқлолияти воқеӣ аҳли ҷомеаро водор намуд, ки дар давлатсозии навини кишвар фаъолона иштирок намуда, оромӣ ва густаришу ташаккули давлати навинро абадан нигоҳ доранд. Дар лаҳзаҳои тақдирсоз дар баробари ба даст овардани арзишҳо ва манфиатҳои умумимиллӣ масъалаи буду боши миллати тоҷик ва пойдории давлати миллиии тоҷикон масъалаи муҳими рӯз буд ва он хушбахтона ба манфиати миллати тоҷик ҳалу фасл гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ ва дар ин замина муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ, таъмин кардани ризояти ҷомеа тавонистем, ки истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии кишварамонро ҳифз намоем ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистонро таъмин созем. Бинобар ин, бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсози миллат, арзиши сулҳу субот ва моҳияти ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо беш аз пеш дарк ва қадр намем, барои пойдору устувор мондани ваҳдати милли ҳамеша саъю талош меварзем ва ҳар сол Рӯзи ваҳдати миллиро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем. Ин рӯзи таърихӣ воқеан ба марҳилаи нави ташаккули давлати соҳибистиқлоламон оғози хуб бахшида, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард. Имрӯз мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҳамаи ободиву осудагии Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони соҳибимстиқлол мавқеи давлатдории милии, истиқлолияти комил ва ваҳдати миллӣ мебошанд. Бинобар ин, ҳар як сокини мамлакат бояд бо шукронаи сулҳу субот ва оромиву осудагии кишвар намояд, ҳамеша барои таҳкими ваҳдати миллӣ тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ ва вусъати раванди бунёдкориву созандагӣ саъю талош намояд.
Фазои имрӯзаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон моро водор мекунад, ки тамоми нерӯҳои созандаи ҷомеаро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат равона созем.  Ҳамгироӣ дар муҳити солим, яъне бо иттиҳоду иттифоқ ва муруввату маром зистан аз ҷумлаи фаризаҳои асосии ҳамбастагии ваҳдати миллии дар ҳама давру замонҳо ба ҳисоб меравад. Тавре,ки бузургони мо фармудаанд, тавоноӣ ва некбахтии ҳар як миллат ба иттиҳоду ваҳдати афроди он вобаста мебошад. Ташаккули ғояи ваҳдату ягонагӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як миллати соҳибдавлат мебошад, зеро бе андешаи устувори ваҳдати миллӣ ва дақиқ муайян кардани ҳадафу роҳи таърихии ҳар як халқ, идомаи ҳаракати огоҳонаи он ба сӯи дастовардҳои шоистаи сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ мушкил ва ҳатто ғайриимкон аст.
Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, бояд ҳар як фарди бонангу номус худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст дар қалбу шуури худ эҳсоси наҷиби ваҳдатро парвариш намуда барои таҳкиму тақвияти он ҳамчун арзиши нодири милливу дастоварди бебаҳои замони истиқлолият талош намояд.

Раҳмон М.Ю судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Хабарҳо

Инсоният бо кашфиётҳои зиёди техникиву илмӣ ду даҳаи асри ХХI-ро паси сар намуд. Суръати рушд нисбат ба он давраҳое, ки инсоният аз сар гузаронд, ҳоло зиёд гардидааст. Мутаассифона, дар баробари рушду пешрафт ва кашфиётҳои нодир ғайриихтиёр як қатор монеаҳое вуҷуд доранд, ки мубориза бар зидди он кори дастаҷамъиро талаб менамояд.

Коррупсия яке аз таҳдидҳои олами муосир ба ҳисоб рафта, амнияти мамлакатҳо ва минтақаҳоро зери хатар қарор додааст. Он тамоми мамлакатҳоро фаро гирифта, дар ҳар давру замон дар сатҳи мухталиф зоҳир мегардад. Он ҳам дар мамлакатҳои пешрафта ва ҳам дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ба таври хоса таҷассум меёбад ва оқибатҳои он ба таври гуногун хулосагирӣ карда мешаванд.
Амалҳои коррупсионӣ ва худи коррупсия ҳамчун падидаи ҳаёти ҷамъиятӣ хоси ҳамаи давру замонҳо ва кишварҳо мебошад. Фақат сатҳ ва доираи зуҳури он вобаста  ба масъалаҳо ва ҳолатҳои инкишофи мамлакатҳо ба таври гуногун намудор мегарданд. Таърихи таълимоти сиёсӣ оид ба масъалаи мазкур намунаҳои бешумор нишон дода, давраҳои инкишофи таърихи амалҳои коррупсиониро барҷаста зоҳир менамоянд, ки дар таълимот ва доктринаҳои сиёсӣ таҷассум ёфтаанд. Намунаҳои барҷастаи онро дар тамаддунҳои аҳди қадим, ба монанди Мисри қадим, Хитойи қадим, Ҳинди қадим, Рим ва Юнони қадим мушоҳида намудан мумкин аст ва ҳамзамон таълимоти иҷтимоӣ, бахусус, таълимоти сиёсию ҳуқуқӣ ва динӣ оид ба падидаи мазкур ғояҳо ва намунаҳои барҷастаро пешкаш менамояд.
Қадимтарин нишонаҳо дар бораи коррупсия дар навиштаҷотҳои Бобулистони қадим дида мешавад. Ҷуноне ки аз матнҳои навишташудаи ҳазораи 3 п.а.м., бармеояд, подшоҳи ҳамонвақтаи Шумер Урукагин ба амалҳои коррупсионии судяҳо ва мансабдорони давлатӣ, ки пардохтҳои ғайриқонуниро талаб мекарданд, мубориза мебурд. Ҳокимони Мисри Қадим низ ба чунин мушкилот дучор омада буданд. Ҳуҷҷатҳое, ки дар ҷараёни тадқиқоти бостоншиносӣ ёфт шуда буданд, аз зуҳуроти азими коррупсия дар Байтулмуқаддас пас аз асорати бобулиён аз ҷониби яҳудиён дар солҳои 597-538 шаҳодат медиҳад.
Ҳатто китобҳои муқаддаси динҳои гуногун оид ба ин мушкилот масъалагузорӣ менамоянд. Чуноне ки дар китоби муқаддаси дини насронӣ “Инҷил” оид ба ришвахӯрӣ ва беадолатиҳои амалдорону маъмурони давлатӣ омадааст: “Ман медонам, ки ҷурму ҷиноятҳо чи қадар зиёданд ва гуноҳи Шумо сангин; Шумо худ ришва мегиред, вале шахси камбағал ва ҷӯяндаи адолатро аз дар меронед”.
Зикри манъи ин зуҳуроти номатлуб дар Қуръони карим, ки барои мардуми мусулмонон дастурамали ҳаётӣ ба ҳисоб меравад, дар оёти 188-сураи Бақара баёни худро ёфтааст: “Ва амволи хешро дар миёни хеш ба ноҳақ махӯред ва амволи худро ба ҳокимон марасонед, (яъне ба ришва) то порае аз амволи мардумонро ба ситам бихӯред ва шумо медонед”. Паёмбари Ислом Муҳаммад (с.а.с) низ фармудаанд: “Ришвагиранда, ришвадиҳанда ва миёнравии байни ҳарду дар оташи дӯзаханд”.
Яъне коррупсия ин баҳри ҳимоя аз манфиатҳои шахсӣ қурбон намудани манфиатҳои миллӣ мебошад. Яъне истифода аз мансаб ва ҳокимият ба хотири қонеъ намудани манфиатҳои шахсӣ аст. Коррупсия ба амалишавии ҳуқуқҳои шаҳрвандон барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва мудирияти давлат, озодии сухан, матбуот, ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Коррупсия дар муассисаҳои таълимӣ монеаи ҷиддӣ дар роҳи таъмини таҳсилоти босифат барои ҳама аст. Амалҳои зараровар, аз қабили ришвахӯрӣ ва сӯйистифода аз қудрат эътимоди толибилмро ба низоми маориф коҳиш дода, метавонад ба руҳияи онҳо таъсири манфӣ расонад. Аз нигоҳи иқтисодӣ, фасод дар ин соҳа метавонад ба рушди иқтисодии кишвар таъсири манфӣ расонад ва принсипҳои рақобат, навоварӣ ва сармояи инсонии босифатро вайрон намояд. Ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дар баробари экстремизму терроризм барои ҷомеа бениҳоят хавфноканд ва барои татбиқи орзую ормонҳои ватандӯстонаю некбинона баҳри рушди кишвар монеа эҷод менамоянд.
Ҳамзамон, бояд гуфт, ки саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ тавассути воситаҳои коррупсионӣ аз вайронкуниҳои баробарии вазифаи шаҳрвандон дар ҳифзи Ватан далолат мекунанд.
Коррупсия ба он гуруҳи ҷиноятҳое дохил мешавад, ки бо мурури замон рушд ёфта, содиршавии он бештар ба вазъи иқтисодии давлат алоқамандӣ дорад.
Бо истифода аз омӯзиши таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон якчанд вижагиҳои хоси мубориза бо коррупсияро метавон ҷудо намуд:
Аз ҷумла дар Дания принсипе дар соҳаи пешгирии фасод вуҷуд дорад, ки тибқи он ҳар касе, ки ҳатто ба фасод гумонбар мешавад, фавран аз вазифа сабукдӯш карда мешавад. Илова бар ин, дар Дания институтҳо ва кодексҳои ахлоқӣ амал мекунанд, ки дар онҳо шаъну шарафи шахсони мансабдор афзалият доранд. Шаҳрвандон низ дар мубориза бар зидди коррупсия дар сатҳи ҳукумати подшоҳӣ эътироф мекунанд.
Тибқи кодекси ҷиноятии Дания барои ришваситонӣ, қаллобӣ, сӯйистифода аз мақоми хизмати давлатӣ ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст. Моддаи 122-и Қонуни мазкур шахсеро, ки ба хизматчии давлатӣ пора пешниҳод кардааст бо ҷарима ва ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати 3 сол ҷаҳо медиҳад. Маҳз ба воситаи чунин тадбирҳои муассир Дания тайи чанд соли охир дар мубориза ба фасод дар ҷаҳон мавқеи пешсафро ишғол мекунад.
Ҳамчунин, тибқи моддаи 276-и Кодекси ҷиноятии Норвегия, ба даст овардани фоида барои худ ё шахси дигар тавассути мавқеи хизматӣ ё вобаста ба кор, вазифа ё пешниҳоди чунин имтиёз ба шахсе, ки мансаб ё вазифаро иҷро мекунад, ҷазо дода мешавад. Шахсе, ки пора мегирад ва ҳам шахсе, ки пора пешниҳод мекунад, ҷазо дода мешавад. Содир кардани амали коррупсионӣ аз ҷониби субъекти норвегӣ берун аз Шоҳигарии Норвегия низ ҷазо дода мешавад.
Намунаи дигари муборизаи самаранок бо коррупсия таҷрибаи Сингапур мебошад, ки ба воситаи он дар соҳаҳои гуногун бо дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Дар кишвар пас аз дарёфти истиқлоли соли 1965 ҳолатҳои коррупсионӣ дар сатҳи хеле баланд буд. Яке аз муборизон, асосгузори давлати Сингапур, сарвазир (солҳои 1965-1990) ва рамзи мубориза бо коррупсия дар ин кишвар Ли Куан Ю мебошад, ки яке аз суханҳои машҳури ӯ чунин аст: “Мехоҳед коррупсияро мағлуб кунед, омода бошед, ки дӯстон ва хешовандони худро ба зиндон фиристед”. Ли Куан Ю барои аз байн бурдани коррупсия кӯшишҳои зиёд намуда, ҷомеаи суннатии кишвари худро аз урфу одатҳои қадима баровард. Коҳиш додани ҳолатҳои коррупсионӣ аз хизматчиёни давлатӣ оғоз шуд, дар аввал кормандони давлатӣ вазифадор шуданд, ки аз даромаду дороиҳои аъзои оилаи худ, инчунин, надоштани қарз ба мақомоти дахлдор ҳар сол ҳисобот диҳанд.
Дар маҷмуъ, таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки коррупсия ҳамчун таҳдид барои ҷомеа ва ҳамаро фарогиранда буда, мубориза бар зидди он танҳо дар сурати дастаҷамъӣ самаранок ҳисобида мешавад. Аз ин лиҳоз, дар баробари давлат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва худи мардум низ барои мубориза ба ин падидаи номатлуб масъул мебошанд.

Судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Раҳмон М.

Слайдер

Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардонида истодааст.

Ҳуқуқҳои занон қисми таркибии ҳуқуқҳои умумии инсон мебошанд.

Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробари занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар зарурати иштироки фаъоли занонро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа талаб менамояд.

Бояд зикр кард, ки аз ҷониби занону бонувони тоҷик сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самтҳо ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, дар титбиқи он аз ҷониби ин қишри ҷомеа нақши бориз гузошта мешавад.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2021, №167 қарор “Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” қабул гардидааст, ки тибқи он Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2021-2025 оид ба амалисозии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 тасдиқ карда шудааст.

Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2021-2025 оид ба амалисозии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 аз 27 банд иборат буда, иҷрокунандаи онҳо бошад дар маҷмӯъ, Кумитаи кор бо занон ва оила, вазоратҳои адлия, маориф ва илм, фарҳанг, корҳои дохилӣ, тандурустї ва њифзи иљтимої, мењнат, муњољират ва шуѓли ањолї, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ (бавосита), Прокуратураи генералӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, телевизион ва радио, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд.

Банди 6 нақшаи мазкур, зиёд намудани пешбарии занон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти иҷроия, қонунгузор ва судӣ дар сатҳи қабули қарорҳоро пешбинӣ намудааст.

Айни ҳол, ин банд мавриди иҷроиш қарор дошта, мисоли равшани татбиқи он дар судҳои иқтисодӣ ин Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки дар воқеъ дар баробари мардон, занон низ корбарӣ ва маҳорату малакаи хуби корӣ доштанашонро собит сохтаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 иброз доштанд, ки “Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем”.

Набояд фаромӯш сохт, ки имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд.

Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд.

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.

Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.

Тавре аз Паёми Президенти мамлакат бармеояд, соли ҷорӣ пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби низоми бонкӣ дар муқоиса бо соли 2022-юм 31,1 фоиз афзоиш ёфта, ба 18,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Қарзҳои ба занону бонувони соҳибкор пешниҳодшуда 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 4,8 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди тоҷик ба ғайр аз гузоштани нақши муассир дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд.

 

Судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Толибзода Дилошуб Абдурашид

 

Хабарҳо

Тарбияи ватандӯстӣ, фаъолияти мураттаб ва мақсаднок барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронида шудааст, мебошад.

Дар ҳақиқат, ватандӯстӣ ифодакунандаи эҳсосоти гарм, яъне ҳолати рӯҳии инсон, муҳаббати вай нисбат ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангӣ мебошад. Ин ҳиссиёт, одатан дар шахс аз оила ба вуҷуд меояд ва ҳангоми аз тарафи давлат қабул кардани барномаю стратегия ва қонунҳо барои огоҳӣ доштан ва такмилу муқовимат нишон додан бар зидди ҳамагуна таҳдиду амалҳои номатлуб бедор карда мешавад.

Яке аз ҳадафҳои “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 пеш аз ҳама роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан қонунҳои соҳаҳои алоҳида ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси шаҳрвандӣ ва ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои тарбияи ватандӯстӣ, аз қабили ҳифзи ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот, тамомияти арзии давлатро дарбар гирифта, дар он ҷиҳати тақвияти ҳимоя ва ҳифзи Ватан, арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлату ҷомеа муқаррарот пешбинӣ гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар намуда, муносибат вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ муайян намудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, мафҳуми ватандӯстиро ҳамчун муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати онҳо содиқона хизмат кардан, муқаррар намудааст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди вафодору содиқи миллат, пайваста бо сухан ва амалҳои неки хеш собит месозанд, ки Ватанро чун гавҳари ноёб ҳифз намуда, барои рушду тараққиёт, баланд бардоштани нуфузу эътибори он тамоми қувваю иродаи худро равона намудан лозим аст.

Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад.

Ватандӯстӣ боиси пешрафту ободии кишвар, ваҳдати миллӣ ва таҳкими давлатдорӣ мегардад. Тоҷикистон дар роҳи таҳкими худ ба ватандӯстии халқи азизи тоҷик такя мекунад, ки он дар пешниҳоди ташаббусҳои созанда, ҳифзи рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият, ширкат варзидан дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи созанда, ҳимоя кардани амнияти давлат ва шарафу номуси ватандорӣ, худро эмин нигоҳ доштан аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир, таҷассум меёбад.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади роҳандозӣ намудани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон дар ҷомеа марҳила ба марҳила тадбирҳо андешида, заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ин равандро бомаром фароҳам оварда истодааст.

Тадбирҳои судманд дар ин самт қабули Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006, “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020”, “Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қабули ду санади муҳиму стратегӣ дар ин самт дар соли 2022 — “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” маҳсуб меёбанд.

Татбиқи барномаҳои давлатӣ оиди ватандӯстӣ собит месозанд, ки усулҳои нави кор бо ҷомеа ва тадбири самарабахш таҳия ва амалӣ карда мешаванд, чунки дар ниҳоди ҷомеа эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ маскан гирифта, қабл аз ҳама бояд аз забон, таърих ва фарҳанги арзишманди халқи тоҷик огоҳии бештаре дошта бошанд.

Бо ин назардошт, чунин муносибатҳо бевосита дар сатҳи санадҳои қонунгузорӣ ва барномавӣ давра ба давра муайян, муқаррар ва раванди мазкур ҷоннок карда шудааст.

Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бо назардошти вазъи сиёсии мураккаб ва ҳассоси ва ҷаҳон, воқеаҳои пешгӯинашавандаи раванди ҷаҳонишавӣ, бо фарогирии мафҳумҳои тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ, шаҳрвандӣ, ватандӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ омили асосии таъмини истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, тамомияти арзӣ, амнияти давлат, таъмини рушди устувор, татбиқи механизмҳои иқтисодӣ ва бақои давлатдории миллист.

Бо эҳтирому меҳру муҳаббати беандоза ба Тоҷикистони азиз мебояд, қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии хешро барои ҳифзи Истиқлоли Тоҷикистони орому озод равона намуда, барои эҳёи арзишҳои миллӣ, дарки баланди онҳо, ташаккули худшиносии миллӣ, такмили ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан равона намуда, мафҳумҳои ватандӯстӣ ва рушдро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

 

Судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Толибзода Дилошуб Абдурашид

Слайдер Хабарҳо

Ваҳдати миллӣ бузургтарин неъмат вамуқаддастарин арзиши миллӣ мебошад, ки тамомипешрафту тараққиёт ва комёбиҳовумуваффақиятҳои кишвари азизамон, инчунинрӯзгори пурсаодати мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз аз он маншаъ мегирад. 27 июни соли 1997 дар таърихи навини давлатдории миллӣҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст ва мардуми шарифитоҷик ҳар сол фарорасии онро бо ифтихору шодӣ ва шукӯҳу ҷалоли хосса ҷашн мегирад.

Маҳз аз самараву баракати Ваҳдати миллӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд роҳи пурифтихореро тай намуда, дар самти таъмини шароити зиндагонии арзандаи сокинони кишвар, сулҳу ваҳдати комил, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини рушди устувори соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, таҳкими рукнҳои асосии давлатдорӣ ва эҳёи суннату арзишҳои миллӣ ба комёбиҳои бузург мушарраф гаштааст.

Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 2000-ум дар ҷаҳон Соли байналмилалии фарҳанги сулҳ эълон карда шуд ва боиси ифтихору сарбаландии мо тоҷикон аст, ки дар ин иқдом таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон низ ба эътибор гирифта шудааст.

Гузашта аз ин, соли 2002 дар шаҳри Душанбе ба муносибати панҷсолагии «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» вобаста ба таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон ва истифодаи он дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва Ҳамкории Аврупо, инчунин дигар созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуданд. Онҳо таҷрибаи сулҳофаринии тоҷиконро дар ҳалли муноқишаҳои сиёсӣ падидаи нодир арзёбӣ намуданд ва барои дигар кишварҳову минтақаҳои ҷангзада ҳамчун намуна барои татбиқ тавсия доданд.

Бо мақсади арҷгузорӣ ба ин санаи воқеан ҳам таърихӣ, ҳанӯз 13 ноябри соли 1998 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» (соли 1995) иловаи дахлдор ворид карда шуда, 27 июн «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» муқаррар гардид ва ин рӯзи босафоро халқи Тоҷикистон ҳамасола ботантана ҷашн мегиранд.

Бо кӯшишу талошҳои пайгирона ва ҷонбозиҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибонии халқи тамаддунофари тоҷик, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Руссия «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид.

Дар робита ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 дар Муроҷиатнома ба муносибати имзо гардидани Созишномаи мазкур қайд намуданд ки: «Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳои 5-6 соли охир барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид. Вале агар шумо раванди расидан ба ин рӯзи муборакро пеши назар оред, дарк мекунед, ки мо дар ин чанд соли охир чӣ қадар монеаю мушкилот ва гирифторию печидагиҳоро пушти сар кардем».

Воқеан ҳам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба Ваҳдати миллӣ машаққатҳои зиёдро аз сар гузаронида, ҳатто ҷони худро дар хатар гузоштанд, то ки миллати азияткашидаи тоҷик ва давлати Тоҷикистон аз вартаи таназзул ва маҳвшавӣ раҳоӣ ёфта ба по хезанд, сулҳу салоҳ, тинҷию амонӣ дар кишвар поянда бошад. Дар натиҷа, мардуми бо нангу номуси Тоҷикистон аз қаҳрамонӣ, шуҷоатмандӣ ва хирадмандии Пешвои муаззами миллат пуштибонӣ намуд ва имрӯз тамоми сокинони мамлакат зери парчами Ваҳдати миллӣ дар фазои орому осуда умр ба сар мебаранд ва ба сӯи ҷомеаи адолатпарвар равонанд.

Ба шарофати соҳибихтиёр эълон гардидани худ, Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти васеъ пайдо кард, ки сиёсати дохиливу хориҷии хешро мустақилона ва озодона бидуни мудохилаи дигар мамлакатҳо мувофиқи манфиату иродаи халқи Тоҷикистон муайян намояд ва бо давлатҳои хориҷӣ равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба роҳ монда, онҳоро боз ҳам густариш диҳад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу Ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд.

Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем ва ҳоло таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дунё меомӯзанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ гуфта буданд: “Мову шумо бояд як нуктаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи давлату Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд”.

Бинобар ин, мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд ба қадри Ваҳдати миллӣ, ки неъмати беназиру бебаҳо буда, моро ба сулҳу осоиштагӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ расонид, бирасем ва моҳияти онро ба наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун раҳнамои зиндагӣ омӯзонем.

Судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе:

Абдулазиззода Т.

Парвандаҳо
Номгуи парвандаҳои таъин карда шуда Санна Судя
1. Парвандаи маданӣ бо даъвои Саидова Тахмина нисбати Қосимзода Парвиз дар бораи рӯёнидани зарари моддӣ ва маънавӣ 28.05.2025 сол

соати 15:00 дақиқа

Толибзода Д.А.
2. Парвандаи маданӣ бо даъвои ҶСК “Алиф Бонк” нисбати Комилзода Одилҷон, ҳамҷавобгарии Қурбонов Баҳриддин дар бораи рӯёнидани қарз аз рӯи шартномаи кредитӣ 28.05.2025 сол

соати 15:30 дақиқа

Эмомализода У.
3. Парвандаи маданӣ бо даъвои Қурбонов Бобохоҷа Анварович дар намояндагии Турақулов Мансур Авлиёқулович нисбати Назарова Гулбаҳор Шарифовна оиди бартараф намудани монеагӣ бо роҳи кучонидан аз манзили истиқоматӣ 26.05.2025 сол

соати 16:00 дақиқа

Ализода Ш.
4. Парвадаи маданӣ бо даъвои Абдурҳмонов А. нисбати Юсупув Х. дар бораи бартар бо даъвои  Остонаева О. нисбати Боронов.О дар бораи бекор кардани ақди никоҳ 26.05.2025 сол

соати 15:00 дақиқа

Ализода Ш.
5. Парвандаи маданӣ бо даъвои Подшоев Мирожиддин Эрдонаевич бо ҷавобгари Қутбиддинов Сайдакбар Ҳисомуддинович ва Қутбиддинов Зарифҷон Абдуманонович шахси сеюм Саридораи нотариалии давлатии  Вазорати адляи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯш ва кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ бе додани дигар манзили истиқоматӣ 27.05.2025 сол

соати 13:30 дақиқа

Ализода Ш.
6. Парвандаи мадни бо даъвои Яқубов Мансур нисбати ҶДММ “Шаҳриёр” дар бораи бартараф намудан монеагӣ 28.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Ализода Ш.
7. Парвандаи мадании бо даъвогии ҶДММ “Хайр Сохтмон” бо ҷавобгарии  Шарипов Тоҳирҷон Толибҷонович ҳамҷавобгар Маҳмудҷони Сайфулло Азизмуродов Муҳриддин Қамарович Шарипова Мадиҳа Толибҷоновна ва Расулов Қиёмиддин Ғуломович шахсе сеюм Сардори давлатии нотариалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бекор кардани шартномаи ҳамкорӣ барои тирезаҳои пластикӣ байни ҶДММ “Хайр Сохтумон” ва Шарипов Тоҳирҷон Толибҷонович аз 24 майи соли 2022, шартномаи ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ барои сохтумони бинои истиқоматӣ байни ҶДММ “Хайр Сохтумон” ва Шарипов Тоҳирҷон Толибҷонович аз 22майи соли 2022, байни  ҶДММ “Хайр Сохтумон” ва Азизмуродов Муҳриддин Қамарович ва расиди пардохтии берақам аз 22 майи соли 2024 ба маблағи 347 ҳазору 196 сомонӣ, байни ҶДММ “Хайр Сохтумон” ва Шарипова Мадиҳа Толибҷоновна  ва расиди пардохти берақам аз 22 августи соли 2022 ба маблағи 368 ҳазору 761 сомонӣ, байни ҶДММ “Хайр Сохтумон” ва Маҳмудҷони Сайфулло ва расиди пардохтии берақам аз 07 сентябри соли 2022 ба маблағи 333 ҳазору 374 сомонӣ, созишнома дар бораи гузашти ҳуқуқи талабот байни Шарипова Мадиҳа Толибҷоновна ва Расулов Қиёмиддин Ғуломович аз 13 марти соли 2023 сол 30.05.2025 сол

соати 15:00 дақиқа

Ализода Ш.
8. Парвандаи маданӣ бо аризаи даъвогии  аризаи даъвогӣ Алиев С.М. нисбати Ахмедова Х.З. оиди кучонидан аз манзили истиқомати бе додани дигар манзили истиқоматӣ 26.05.2025 сол

соати 10:00 дақиқа

Муродзода А.А.
9. Парвандаи маданӣ бо аризаи даъвогии Орлянский Владислав Александрович дар намояндагии Картошкина Элла Николаевна нисбати ҷавобгар Сафаров Шукрулло Ҳикматуллоевич, ҳамҷавобгар Саридораи нотариалии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди беэътибор донистани шартномаи хариду фуруши манзили истиқоматӣ, кучонидан аз манзили истиқоматӣ 26.05.2025 сол

соати 16:00 дақиқа

Муродзода А.А.
10. Парвандаи маданӣ бо аризаи даъвогӣ  Изатуллозода Раҷабали Изатулло дар намояндагии Пиров Б.Ш., шахси манфиатдор Шаҳид Файзали, ҷавобгар Абдурауфов Муҳаммадҷон Раҷабалиевич дар бораи ба фуруш гузоштани манзили истиқоматӣ ва ба манфиати тарафи зарардида руёнидани маблағи  хароҷотшуда ва фоидаи аз даст рафтар 27.05.2025 сол

соати 10:00 дақиқа

Муродзода А.А.
11. Парвандаи маданӣ бо даъвои ҶДММ “Судайс сохтмон” нисбати  Муродова Бунафша Умаровна, ҳамҷавобгар Алмонов Суҳроб Рустамович оиди беэътибор донистани шартномаи якҷояи бинои истиқоматӣ таҳти № 34 (саҳмгузорӣ) аз санаи 05.02.2024 сол ва ордери воридоти хазина аз санаи 05.02.2024 сол таҳти № 70   (омодасозӣ) 27.05.2025 сол

соати 13:00 дақиқа

Муродзода А.А.
12. Парвандаи маданӣ бо аризаи даъвогӣ Алиев С.М. нисбати Ахмедова Х.З. оиди кучонидан аз манзили истиқомати бе додани дигар манзили истиқоматӣ 29.05.2025 сол

соати 09:00 дақиқа

Муродзода А.А.
13. Парвандаи маднанӣ бо аризаи даъвогии Якубов М.А. нисбати Хайдаров А.М. оиди барқарор намудани муҳлати даъво, бекор кардани шартномаи  хариду фурӯш, кучонидан аз манзили истиқоматӣ бе додани дигар манзил, руёнидани зарари моддӣ, маънавӣ ва хараҷотҳои суди 29.05.2025 сол

соати 10:00 дақиқа

Муродзода А.А.
14. Парвандаи маданӣ бо даъвои Худоёрова С. нисбати Саломова С. дар бораи руёнидани маблағи пулӣ 26.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Иброимзода Г.
15. Парвандаи маданӣ  бо даъвои Гадоалиев Н.Р. нисбати Муассисаи сохтмонии “СИ Садуллоев дар бораи эътироф намудани ҳуқуқи талаби саҳм 27.05.2025 сол

соати 09:00 дақиқа

Иброимзода Г.
16. Парвандаи маданӣ бо даъвои Усмонова А. нисбати ҶДММ “Баҳор-97” оиди уҳдадор кардани ҷавобгар барои иҷрои шартҳои шартномаи ҷуброни бартарафсози

 

27.05.2025 сол

соати 15:00 дақиқа

Иброимзода Г.
Парвандаҳо
Номгуи парвандаҳои таъин карда шуда Санна Судя
1. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Хоҷиева Гулбону нисбати Мардиков Миралӣ дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ва рӯёнидани алимент ба тариқи устувор 26.05.2025 сол соати 09:00 дақиқа Толибзода Д.А.
2. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Тураева Гулноза нисбати Азимов Файзалӣ дар бораи аъзои молик эътироф намудан ва маскун кардан ба манзили истиқоматӣ 26.05.2025 сол

соати 11:00 дақиқа

Толибзода Д.А.
3. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Шарипова Фарида нисбати Бобоҷонов Рамазон дар бораи муқаррар кардани падарӣ ва рӯёнидани алимент 26.05.2025 сол

соати 15:00 дақиқа

Толибзода Д.А.
4. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Аминова Фотима ва Аминов Ҳусейнҷон нисбати Аминов Асомиддин оиди муқаррар намудани падари 28.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Толибзода Д.А.
5. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Бобоева Хосият нисбати Маҳкамов Раҳим ва Маҳкамов Фируз дар бораи аъзои молик эътироф намудан ва маскун кардан бо қайди зисти доимӣ 29.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Толибзода Д.А.
6. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Меликова Шарифа Чутовна бо ҷавобгарии Меликова Зуҳра Чутовна дар бораи моликияти умумӣ эътироф намудани квартираи истиқоматӣ, муайян намудани ҳиссаҳои иштирокчиёни моликияти умумӣ дар квартираи истиқоматӣ ва бо ҳиссаҳо тақсим кардани квартираи истиқоматӣ 27.05.2025 сол

соати 15:30 дақиқа

Эмомализода У.
7. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Маҳмадраҷабзода Беҳруз нисбати Азизова Шукрона дар бораи бекор кардани ақди никоҳ 27.05.2025 сол

соати 16:00 дақиқа

Эмомализода У.
8. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Турсунбоев Музраб нисбати Турсунбаева Маъмурахон дар бораи тағйир додани андозаи алимент ва бо тариқи устувор рӯёнидани алимент 26.05.2025 сол

соати 10:00 дақиқа

Абдулазиззода Т.
9. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Давлатзода Ҳангома нисбати Абдураҳмонов Исломиддин дар бораи бекор кардани  ақди никоҳ 27.05.2025 сол

соати 10:00 дақиқа

Абдулазиззода Т.
10. Парвандаи  оилавӣ бо даъвои Алимова Барно дар бораи муқаррар намудани ҳолати вафот 27.05.2025 сол

соати 13:30 дақиқа

Абдулазиззода Т.
11. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Одинаева Сарвиноз нисбати Ризоев Зикирҷон дар бораи руёнидани алимент ба тариқи устувор 28.05.2025 сол

соати 10:00 дақиқа

Абдулазиззода Т.
12. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Кенҷаева Гулхумор нисбати Бегназаров Ҷамолиддин дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ва руёнидани алимент ба тариқи устувор 29.05.2025 сол

соати 10:30 дақиқа

Абдулазиззода Т.
13. Парвандаи  оилавӣ бо аризаи даъвоги Зувайдов Қурбон нисбати Маъруфи Рустам ва Зувайдова Нуриниссо дар бораи беэътибор донистани ваколатнома шартномаи хариди фуруши манзили истиқоматӣ 26.05.2025 сол

соати 09:00 дақиқа

Ализода Ш.
14. Парвадаи оилавӣ бо даъвои  Искандаров Фарҳод Саидаҳмадович бо ҷавобгари Олимова Товбан Ҳайдаровна  дар бораи гирифтани фарзандон баъди вафоти модарашонро 26.05.2025 сол

соати 10:00 дақиқа

Ализода Ш.
15. Парвадаи оилавӣ бо даъвои Азизов М. Нисбати Азизов М. Дар бораи тақсим намудани мерос 28.05.2025 сол

соати 15:00 дақиқа

Ализода Ш.
16. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Саидова Ф. нисбати Ҳамроев Т. дар бораи муайян намудани ҷои зисти кӯдак 29.05.2025 сол

соати 11:30 дақиқа

Ализода Ш.
17. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Ҷамилова Фарида Саъдуллоевна бо ҷавобгарии  Давлатов Баҳриддин Сайфович дар бораи муқаррар кардани ҷои зисти кӯдак ва рӯёнидани алимент 29.05.2025 сол

соати 14:30 дақиқа

Ализода Ш.
18. Парвандаи оилавӣ  бо даъвои Давлатзода М. нисбати Қурбонов А. дар бораи маскун намудан ба манзили истиқоматӣ 30.05.2025 сол

соати 10:30 дақиқа

Ализода Ш.
19. Парвандаи оилавӣ бо даъвои аризаи Абдусаторова Саодатхон Абдуқодировна нисбати Бадалов Шуҳратҷон Маҳмаджонович дар бораи тағйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд 26.05.2025 сол

соати 11:00 дақиқа

 
20. Парвандаи оилавӣ бо аризаи даъвогии  Ибрагимова Наргиза Бахтиёровна бо ҷавобгарии Норматова Ойдиной ва Норматов Нуриддин Асомиддинович оиди аъзои оилаи молик эътироф ва маскун намудан ба манзили истиқоматӣ бо роҳи ба қайд гирифтан 26.05.2025 сол

соати 13:00 дақиқа

Муродзода А.
21. Парвандаи оилавӣ бо аризаи даъвогии Илчибекова Гулнисо Султонбековна нисбати Абдолов Диёр Диловарович оиди руёнидани алимент барои таъминоти фарзанди ноболиғ ба тариқи устувор 26.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Муродзода А.
22. Парвандаи оилавӣ бо аризаи даъвогии Раҳимова Бибираҳима Нуралиевна бо ҷавобгарии Раҳимов Исохуҷа, ҳамҷавобгар Раҳимзода Фарух Исохуҷа оиди аъзои оилаи истифодабарандаи эътироф ва маскун намудан ба манзили истиқоматӣ 26.05.2025 сол

соати 15:00 дақиқа

Муродзода А.
23. Парвандаи оилавӣ бо аризаи даъвогии Абдуллоева Сабрина Маҳмадлатифовна ва  Расулзода Амонулло Маҳмадулло 27.05.2025 сол

соати 09:00 дақиқа

Муродзода А.
24. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Давлатзодаи Марҷонаи Замоналӣ нисбати Қурбонов Ҷамолиддин Абдусамадович дар бораи бекор кардани ақди никоҳ 27.05.2025 сол

соати 09:30 дақиқа

Муродзода А.
25. Парвандаи оилавӣ бо  аризаи даъвогии Сулаймонов Умидҷон Назаралиевич дар намояндагии Сулаймонова Гулчира Саидовна нисбати Мадинаи Вализода дар бораи тағйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд 27.05.2025 сол

соати 11:00 дақиқа

Муродзода А.
26. Парвандаи оилавӣ бо аризаи даъвогии Сулаймонов Умидҷон Назаралиевич дар намояндагии Сулаймонова Гулчира Саидовна нисбати Мадинаи Вализода дар бораи тағйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд 28.05.2025 сол

соати 09:00 дақиқа

Муродзода А.А.
27. Парвандаи оилавӣ аризаи даъвогии  Бурхонова Сафаргул Абдуловна, Бурхонов Тимур Равшанович, тарафи манфиатдор ҶДММ “Аркрм Плаза” оиди аъзои оилаи молик эътироф ва маскун намудан ба манзили истиқоматӣ ва ҷудо намудани ҳисса аз манзили истиқоматӣ 28.05.2025 сол

соати 10:00 дақиқа

Муродзода А.А.
28. Парвандаи оилавӣ аризаи даъвогии  Бердиева М.А. нисбати Саибов  Б.Б. оиди бекор кардани ақди никоҳ  дар бораи бекор кардани ақди никоҳ 28.05.2025 сол

соати 13:00 дақиқа

Муродзода А.А.
29. Парвандаи оилавӣ бо аризаи даъвогии Набиев Имомали Ҳамроқулов  нисбати Исоев Абдукарим дар бораи талаб карда гирифтани молу мулк аз нигаҳдорандаи ғайриқонуни 28.05.2025 сол

соати 15:00 дақиқа

Муродзода А.А.
30. Парвандаи оилавӣ бо аризаи даъвогии Худойназарова Шамъигул Курбановна бо ҷавобгарии Табаров Ҷамолиддин Имомович, ҳамҷавобгар Табаров Хайдар Аҳмадлвич оиди аъзои оилаи молик эътироф ва маскун намудан ба манзили истиқоматӣ бо роҳи ба қайд гирифтан 29.05.2025 сол

соати 11:00 дақиқа

Муродзода А.А.
31. Парвандаи оилавӣ бо аризаи даъвогии Холикова Нозанин бо ҷавобгарии Холиқов Комрон оиди талаби чизу чора 26.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Исмоилзода З.
32. Парвандаи оилавӣ бо аризаи даъвогии Назарова Азиза бо ҷавобгарии Назаров Сайриддин дар бораи аъзои молик эътироф намудан ва маскун кардан ба манзили истиқоматӣ 28.05.2025 сол

соати 09:00 дақиқа

Исмоилзода З.
33. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Ҳабибуллоева Парвина нисбати Синои Абдулфайз дар бораи рӯёнидани алимент ба тариқи устувор 28.05.2025 сол

соати 11:00 дақиқа

Исмоилзода З.
34. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Гадоев Азамат нисбати Шарипова Шарофат дар бораи бекор кардани ақди никоҳ 29.05.2025 сол

соати 09:00 дақиқа

Исмоилзода З.
35. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Сафарбекова З. нисбати Байбутаев Ш. дар бораи бекор кардани ақди никоҳ

 

26.05.2025 сол

соати 09:00 дақиқа

Иброимзода Г.
36. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Фаткулаев О. нисбати Фаткулаев Ш. дар бораи бекор кардани ақди никоҳ

 

26.05.2025 сол

соати 10:00 дақиқа

Иброимзода Г.
37. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Ниязов А. нисбати Азизова М. дар бораи бекор кардани ақди никоҳ 28.05.2025 сол

соати 09:00 дақиқа

Иброимзода Г.
38. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Давлатова М. нисбати Мухторов Ш. дар бораи моликияти муштараки ҳамсарон 28.05.2025 сол

соати 15:00 дақиқа

Иброимзода Г.
39. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Бибилатофати Ҳ. нисбати Тешаева М. дар бораи аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун намудан 29.05.2025 сол

соати 09:00 дақиқа

Иброимзода Г.
40. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Турсунбаев М. нисбати Турсунбаева М. дар бораи маҳрум намудан аз ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ 29.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Иброимзода Г.
41. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Искандарова Ҳ. нисбати Назаров Д. дар бораи руёнидани алимент

 

30.05.2025 сол

соати 09:00 дақиқа

Иброимзода Г.
42. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Одиназода Ф. нисбати Мирзоев Ҳ. дар бораи аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун намудан. 30.05.2025 сол

соати 10:00 дақиқа

Иброимзода Г.
Парвандаҳо
Номгуи парвандаҳои таъин карда шуда Санна Судя
1. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Қарчиев Палвон бо моддаи 253 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ

 

28.05.2025 сол соати 10:00 дақиқа Толибзода Д.А.
2. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Исмоилзода Далерчон Сафаралӣ 245 қисми 2 банди “г” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.05.2025 сол

соати 09:00 дақиқа

Толибзода Д.А.
3. Парвандаи ҷиноятӣ  Алиев Рустам Аҳрорович дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 245 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Эмомализода У.
4. Парвандаи ҷинояти нисбати Бобораҷабов Хисравҷон дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 210 иловаи 1 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.05.2025 сол

соати 13:30 дақиқа

Эмомализода У.
5. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати  Гадоев Баҳриддин Шодиевич дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои “в,д” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Эмомализода У.
6. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати  Фатҳиддинзода Сулаймон Фатҳиддин дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “а,в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.05.2025 сол

соати 15:00 дақиқа

Эмомализода У.
7. Парвандаи ҷинояти нисбати Акобиров Исфандиёр бо моддаи 201 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

27.05.2025 сол

соати 14:30 дақиқа

Абдулазиззода Т.
8. Парвандаи ҷинояти нисбати Ҳасанов Абдурауф бо моддаи 237 қисми 1  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

28.05.2025 сол

соати 13:30 дақиқа

Абдулазиззода Т.
9. Парвандаи ҷинояти нисбати Раҷабор Ҷаҳонгир бо моддаи 245 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

27.05.2025 сол соати 15:00 дақиқа Ализода Ш.
10. Парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Бобоназарзода Парвиз Акбархон  дар содир намудани ҷиноят бо  моддаҳои 241 қисми 3 банди “б” ва 247 қисми 2 бандҳои “а,б” 27.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Муродзода А.
11. Парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории   Бобоназарзода Парвиз Акбархон  дар содир намудани ҷиноят бо  моддаҳои 241 қисми 3 банди “б” ва 247 қисми 2 бандҳои “а,б” 29.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Муродзода А.
12. Парвандаи  ҷинояти нисбати Саидова Гулрафтор бо моддаи 338 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон.. 26.05.2025 сол

соати 09:00 дақиқа

Исмоилзода З.
13. Парвандаи  ҷинояти нисбати Ѓоибов Рамазон ва ноболиѓ Ѓоибов Маҳмудҷон бо моддаи 199 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон. 27.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Исмоилзода З.
14. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Оев Шерали бо моддаи 247 қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

28.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Исмоилзода З.
15. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Мазориев Файзулло бо моддаи 234 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

22.05.2025 сол

соати 13:30 дақиқа

Шафо Б.Н.
16. Парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Бадриддинов Аслиддин Наҷмидинович  дар содир намудани ҷиноят бо банди «д» қисми 4 моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Муродзода А.
17. Парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории   Бобоназарзода Парвиз Акбархон  дар содир намудани ҷиноят бо  моддаҳои 241 қисми 3 банди “б” ва 247 қисми 2 бандҳои “а,б” 20.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Муродзода А.
18. Парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории   Бобоназарзода Парвиз Акбархон  дар содир намудани ҷиноят бо  моддаҳои 241 қисми 3 банди “б” ва 247 қисми 2 бандҳои “а,б” 21.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Муродзода А.
19. Парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Бадриддинов Аслиддин Наҷмидинович  дар содир намудани ҷиноят бо банди «д» қисми 4 моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21.05.2025 сол

соати 10:00 дақиқа

Муродзода А.
20. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҳайдаров Азизҷон бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинишуда 19.05.2025 сол

соати 14:30 дақиқа

Ҳакимзода Д.
21. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати  Раҳмонова Фарангиз Тавакаловна бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б”,264 қисми 2, 295 қисми 2 ва 340 қисми 2 бандҳои “а,б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинишуда ва Нигматова Дилноза Раҳматовна бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б”, 295 қисми 2 ва 340 қисми 2 бандҳои “а,б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинишуда 20.05.2025 сол

соати 14:30 дақиқа

Ҳакимзода Д.
22. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҳайдаров Азизҷон бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинишуда 21.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Ҳакимзода Д.
Хабарҳо

Имрӯз, 18 майи 2025 кормандони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии ҷумҳуриявии Дави Миллӣ, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, фаъолона ширкат варзиданд.

Парвандаҳо
Номгуи парвандаҳои таъин карда шуда Санна Судя
1. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Исмоилзода Далерчон Сафаралӣ 245 қисми 2 банди “г” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 21.05.2025 сол соати 09:00 дақиқа Толибзода Д.А.
2. Парвандаи ҷиноятӣ  Алиев Рустам Аҳрорович дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 245 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Эмомализода У.
3. Парвандаи ҷинояти нисбати Бобораҷабов Хисравҷон дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 210 иловаи 1 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.05.2025 сол

соати 13:30 дақиқа

Эмомализода У.
4. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати  Гадоев Баҳриддин Шодиевич дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои “в,д” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Эмомализода У.
5. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати  Фатҳиддинзода Сулаймон Фатҳиддин дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “а,в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.05.2025 сол

соати 13:30 дақиқа

Эмомализода У.
6. Парвандаи ҷинояти нисбати Ғаниев Азамджон Бахтиёрович бо моддаи 237 қисми 3 банди “а”  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуллоев Абубакр Давлатшоевич бо моддаи 237 қисми 2 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Маҳмадхонзода З.
7. Парвандаи ҷинояти нисбати Қурбонзода Алиҷон Қурбонқул бо моддаи 125 қисми 1-и  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19.05.2025 сол

соати 15:00 дақиқа

Маҳмадхонзода З.
8. Парвандаи ҷинояти нисбати Каримов Ғафор Муддинович бо моддаи 322 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон. 20.05.2025 сол

соати 10:00 дақиқа

Маҳмадхонзода З.
9. Парвандаи ҷинояти нисбати Муродов Алиҷон Муродбекович бо моддаи 237 қисми банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон. 20.05.2025 сол соати 15:00 дақиқа Маҳмадхонзода З.
10. Парвандаи ҷинояти нисбати Наимов Манучеҳр Негматуллоевич бо моддаҳои 142 қисми 3 ва 2411 қисми 2 бандҳои “б, д”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон. 20.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Маҳмадхонзода З.
11. Парвандаи ҷинояти нисбати Шарипов Қурбонали Сангович бо моддаи 234 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон. 20.05.2025 сол

соати 09:00 дақиқа

Маҳмадхонзода З.
12. Парвандаи  ҷинояти нисбати Мирзошев Муртазо Саидович  бо моддаи 200  қисми 4  бандҳои “г,д”  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон.. 21.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Маҳмадхонзода З.
13. Парвандаи  ҷинояти нисбати Азиззода Ҷовидон Ҳусайн  бо моддаи 200  қисми 3  бандҳои “в,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон. 24.05.2025 сол

соати 10:00 дақиқа

Маҳмадхонзода З.
14. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ишқуватов Фаррух Толибович бо моддаи 245 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

19.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Шафо Б.Н.
15. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Мазориев Файзулло бо моддаи 234 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

22.05.2025 сол

соати 13:30 дақиқа

Шафо Б.Н.
16. Парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Бадриддинов Аслиддин Наҷмидинович  дар содир намудани ҷиноят бо банди «д» қисми 4 моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Муродзода А.
17. Парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории   Бобоназарзода Парвиз Акбархон  дар содир намудани ҷиноят бо  моддаҳои 241 қисми 3 банди “б” ва 247 қисми 2 бандҳои “а,б” 20.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Муродзода А.
18. Парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории   Бобоназарзода Парвиз Акбархон  дар содир намудани ҷиноят бо  моддаҳои 241 қисми 3 банди “б” ва 247 қисми 2 бандҳои “а,б” 21.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Муродзода А.
19. Парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Бадриддинов Аслиддин Наҷмидинович  дар содир намудани ҷиноят бо банди «д» қисми 4 моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21.05.2025 сол

соати 10:00 дақиқа

Муродзода А.
20. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҳайдаров Азизҷон бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинишуда 19.05.2025 сол

соати 14:30 дақиқа

Ҳакимзода Д.
21. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати  Раҳмонова Фарангиз Тавакаловна бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б”,264 қисми 2, 295 қисми 2 ва 340 қисми 2 бандҳои “а,б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинишуда ва Нигматова Дилноза Раҳматовна бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б”, 295 қисми 2 ва 340 қисми 2 бандҳои “а,б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинишуда 20.05.2025 сол

соати 14:30 дақиқа

Ҳакимзода Д.
22. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҳайдаров Азизҷон бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинишуда 21.05.2025 сол

соати 14:00 дақиқа

Ҳакимзода Д.