Слайдер Хабарҳо

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, 9-уми сентябр ҳамчун “Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайан гардидааст. 9-уми сентябр иди расмии давлатӣ аст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коллективҳои меҳнатӣ чораҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд.

9-уми сентябри соли 1991 чун воқеаи муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик сабт шудааст: санаи эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ҳодисаи тақдирсоз аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9-уми сентябр расман Рўзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Истиқлолият нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки сиву чор сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Ҳодисаву воқеаҳои пурошўби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.

Пас аз як соли эълони Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ў иртиботи ҳамаҷониба доранд.

Аз рўзи сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барўманди халқ Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерўҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем.

Чунонки Президенти мамлакат, Пешвои миллат – Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад”.

Халқи азиятдидаи тоҷик барои таҳкими Истиқлолият, нигаҳдошти якпорчагии марзу бум, расидан ба сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, интихоби роҳи рости рушду тараққиёт Конститутсияи мамлакати орзую ормонашро қабул кард. Агар гўем, ки аз ҳамон соли қабули Конститутсия, яъне соли 1994 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави инкишоф фаро расид, хато нахоҳад шуд. Зеро барои расидан ба сулҳи кул ва Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама пояи қонунии фаъолияти ҳокимият зарур буд ва инро метавонист танҳо Конститутсияи ҳаматарафа такмилёфта ва мутобиқ ба талаби замон таъмин намояд.

Баробари ин якдилона пазируфтани Конститутсия аз ҷониби тамоми халқ нишони эътирофи Ҳукумати қонуниро дошт, ки акнун ду сол мешуд, бо сарварии фарзанди вафодори миллат Эмомалӣ Раҳмон барои аз варта берун овардани мамлакати дар ҷанги шаҳрвандӣ харобгардида фаъолияти шабонарўзӣ мебурд. Кафолати зиндагии осуда ва хурраму озодро барои халқ ин ҳуҷҷати муҳим таъмин менамояд.

Асоси чунин зиндагӣ бошад, меҳнати сидқидилонаю бунёдкорона аст. Пас кафолати меҳнати озодона, донишу ҳунаромўзӣ, истироҳат ва табобат, саҳм гирифтан дар пешрафти мамлакат барои ҳар шаҳрванд низ аз ҷониби давлат тавассути Конститутсия муайян гардидааст. Кафили Конститутсия бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Акнун – пас аз гузаштани солҳо ва ба даст овардани баъзе комёбиҳои муҳим метавонем чунин хулоса кунем: “Давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем”.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати барӯманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем. Аз ин лиҳоз бо чунин орзуҳо гуфтаниям: Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!

Судяи суди ноҳияи Шоҳмансури

шаҳри Душанбе:  Толибзода Д.

Хабарҳо

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд “Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад ва истиқлолият ҷавҳари асосии зиндагии миллат аст”.

Воқеан миллати куҳанбунёди тоҷик дар охири асри 20 давлати комилан мустақили миллӣ шуд, ки ба наздикӣ мо 34 солагии истиқлолияти онро ҳамчун ҷашни таърихии миллӣ таҷлил мекунем.

Истиқлолияти давлатӣ дастоварди муқаддастарин ва бузургтарини таърихи навини халқи Тоҷикистон буда, мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатиро ҳамчун гаҳвараки чашм нигоҳ доштаанд, ки имрӯз ба мо муяссар гаштааст, орзуву ормони деринаи миллати тоҷикро амалӣ сохта, ба бунёди давлати мустақили Тоҷикистон ноил гардем.

Дар рукни бунёди давлати мустақил, озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо мақомоти судӣ мақоми махсус дорад.

Чунончӣ, Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, адолати судӣ дар ҳақикат, ҳамчун яке аз кафолатҳои асосии таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мебошад.

Агар мо назар ба таърихи ташкилёбӣ ва ҳолати тоинқилобии ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон назар афканем вазифаи асосии судҳо ин таъмини қонуният, ҳимояи ҳуқуқи инсон ва адолати иҷтимоӣ мебошад.

Таърихи ташкилёбии мақомоти судӣ ба тақсимоти миллӣ — давлатии осиёи миёна ва ташкилёбии РАСС Тоҷикистон рост меояд. Кумитаи инқилобии (Ҳукумати муввақатии) Тоҷикистон муҳиммияти мақомоти адлия ва судҳоро дар таъмини қонуният, ҳуқуқи инсон ва адолати иҷтимоӣ дарк намуда, бобати барпо кардан ва тараққӣ додани мақомоти адлия ва судҳо дар Тоҷикистон тадбирҳои амалӣ меандешид.

Яке аз ин гуна тадбирҳо қарори Кумитаи инқилобии РАСС Точикистон аз 14-уми декабри соли 1924 дар бораи таъсис додани Комиссариати халқии адлия буд, ки таърихи ташкилёбии мақомоти судии Тоҷикистон аз ҳамин сана оғоз меёбад.

Мақомоти судӣ аз рӯзи аввалини барпо гардидани худ дар кори татбиқи қонунҳо, муҳофизати ҳуқуқ, тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини ҳуқуқи инсон, адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тарбияи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии халқ ва мубориза бар зидди ҳама гуна қонуншиканиҳо саҳми босазое гузоштааст.

Ҳукумати Республикаи халқии Советии Бухоро (РХСБ) бо қарори махсуси худ аз 2-юми сентябри соли 1920 судҳои қозигии тоинқилобиро расман барҳам дода, таъсиси судҳои советии халқӣ ва судҳои қозигии халқиро эълон намуд. Тамоми судҳо ба нозири адлияи РХСБ тобеъ будаанд. Низомнома дар бораи сохтори суди РХСБ, ки Кумитаи марказии иҷроияи умумии Бухоро 5-уми январи соли 1924 қабул кард, кори мақомоти судии РХСБ-ро боз ҳам демократитар сохт. Чунончӣ, мувофиқи ин Низомнома дар судҳои қозигӣ ҳангоми баррасии коллегиалии парвандаҳо машваратчиёни халкӣ иштирок мекарданд.

Кумитаи инқилобии РАСС Тоҷикистон бо мақсади назорат ба қонунияти инқилобӣ, ташкил намудани муассисаҳои судӣ, прокурорӣ, мақомоти тафтишот бо мақсади ба ин мақомотҳо роҳбарӣ ва назорат кардан ба онҳо дастур додан 14-уми декабри соли 1924 бо қарори худ Комиссариати халқии адлияи (КХА) РАСС Тоҷикистонро таъсис медиҳад.

Моҳи сентябри соли 1929 бо қарори Кумитаи иҷроияи марказии РСС Тоҷикистон “Дар бороаи аз нав ташкилкунии муассисаҳои судӣ дар РСС Тоҷикистон” дар соли 1929 Сарсуди Республика барҳам дода шуда, ба ҷои он Суди Олии РСС Тоҷикистон ташкил карда шуд. Дар ин вақт дар Тоҷикистон асосан низоми дуҷузъаи суд- суди халқӣ ва Суди Олии Тоҷикистон муқаррар гардид ва Суди Олӣ нисбат ба суди халқӣ суди кассатсионӣ буд.

Мақомоти судии Тоҷикистон дар давоми ин солҳои фаъолияти худ қонуният, ҳуқуқ ва манфиатҳои ичтимоию иқтисодии халқро фаъолона муҳофизат карда меоянд.

Мавриди зикр аст, ки пас аз пош хӯрдани давлати Шӯравӣ ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, аз аввал душманони кӯҳнабунёди ин миллат ба ҳар роҳ мехостанд, давлати тоҷиконро аз байн баранд. Ақлу заковати миллати тоҷик пирӯз гашту дар Тоҷикистон бо сарварии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон созмони ҷамъияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис ёфт ва он минбаъд дар таҳкими Истиқлолият ваҳдат, сулҳу субот, худшиносии миллӣ хизмати шоистаеро ба сомон расонида истодааст.

Мақомоти судии Тоҷикистон дар солҳои нооромии қарорҳои Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми ноябри соли 1992 ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри оромии ҷомеа, якпорчагии давлати навини тоҷикон корҳои назаррасеро ба сомон расонидааст.

Ҷумҳурии тозаистиқлоли мо ҳам моҳи ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард.

Яке аз дастовардҳои муҳими мақомоти судӣ ва баланд гардидани нақши мақомоти судии Тоҷикистон ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Пас аз қабул гардидани Конститутсия бо мақсади сари вақт таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ва бехатарии давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти судии ҷумҳурӣ супориш доданд, ки лоиҳаҳои қонунҳоеро таҳия намоянд, ки онҳо ба талаботи замон ва қолабҳои байналмилалии марбути рушди низоми судӣ мувофиқ бошанд. Бинобар ин соли 1995 як қатор қонунҳои Конститутсиони – “Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи сохтори судҳо” таҳия ва қабул гардидаанд, ки нақши ҳокимияти судиро дар ҷомеаи навини тоҷикон баланд бардоштанд. Аввалин маротиба тибқи Конститутсия ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор иҷроия ва судӣ тақсим карда шуд.

Тибқи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судиро Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

Мустақилияти судҳоро моддаҳои 84 ва 87 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.

Дар моддаи 84 Конститутсия омадааст, ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шахрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Инчунин, дар моддаи 87 Конститутсия омадааст, судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаоълияти онҳо манъ аст.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва адолатро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудааст, аз ҷониби суд ҳифз карда мешаванд ва ҳеҷ кас то эътибори қонуни пайдо кардани ҳукми суд, дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.

Мавриди зикр аст, ки барои таҳкими фаъолияти ҳокимияти суди чор маротиба барномаҳои ислоҳоти суди ҳуқуқӣ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва мавриди татбиқ қарор гирифтанд.

Мақсад аз таҳияи барномаи мазкур таҳкими минбаъдаи ҳокимияти суди, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озидиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо муаиссаҳо ва дигар ташкилотҳо, такмили сохторҳои суди ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо мебошад.

Мақоми судии Тоҷикистон дар ҷараёни рушду такомули худ борҳо тағйири сохторӣ ёфтаанд, агарчӣ моҳияти фаъолияти асосии онҳо таъмин кардани адолати судӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд тағийрнопазир мемонад.

Ин ҳама баланд бардоштани дастгирии бевоситаи Сарвари давлат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеаи шаҳрванди буда, мо судҳоро вазифадор мекунад, ки бо дилу нияти пок, хизмати содиқона ба халқ саҳм гузоштан дар ободию шукуфоии сарзамин, пеш аз ҳама баҳри бунёди ҷомеаи шаҳрвандии давлати навини тоҷикон ривоҷи демократия ва пойдорию устувории ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол саъю кушиш ба харҷ диҳем.

Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ҳамкасбони азиз ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборакбод гуфта, бароятон хонаободи оромиву осудагӣ ва некбахтию хӯшрузиҳо орзумандам.

Судяи суди ноҳияи Шоҳмансури

шаҳри Душанбе:  Толибзода Д.

Слайдер Хабарҳо

“Истиқлолу озодӣ барои мо рамзи воқеииифтихор аз Ватану ватандорӣ, бузургтаринимконифяти давлатсозиву давлатдории мустақил, илҳомбахши азму талошҳои созанда ба хотиритаъмин намудани рушди давлат, ободии Ватан, зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистон ва баландбардоштани сатҳи зиндагии ҳар як оилаи кишвармебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлоли давлатӣ муназзаҳтарин дастовардимиллати тоҷик дар таърихи навин буда, оғози эҳёидавлатдории миллӣ, рушду тараққии соҳаҳоигуногун ва муаррифии ҷаҳонии таъриху тамаддунитоҷикон дар арсаи байналмилал ба шумор меравад. Бо шарофати таҳкими истиқлолу озодӣ ваҳдатимиллӣ дар ҷумҳурӣ ҳукумфармо буда, Тоҷикистониазиз барои амалӣ намудани ҳадафҳои бунёдкоривустратегӣ гомҳои устувор мегузорад.

Хушбахтона 24-уми августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шурои Олии ҶТ «Эъломияиистиқлолияти ҶТ»ро қабул кард, ки он њуљљатизаминавї барои эълони Истиқлоли Тољикистон санаи 9-уми сентябри соли 1991 гардид.

Мутаассифона, дар солҳои аввали Истиқлолидавлатӣ Ватани мо бар асари фитнаву дасисаисияҳкорони дохиливу хориҷӣ гирифтори ҷангитаҳмилии шаҳрвандӣ гардид, ки ин раванд боисихаробӣ, хисороту қурбониҳои зиёд ва фалаҷшудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ гардид, киэҳтимоли аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷиконва пароканда гардидани миллат ба воқеияти рӯзтабдил ёфта буд.

Боиси хушнудист, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ ва бо сарварииАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он имтиҳони сахту сангин гузашт ва ба башариятисбот намуданд, ки мо тоҷикон ҳамчун миллатикуҳанбунёду соҳибтамаддун метавонем таҳтипарчами истиқлолу озодӣ муттаҳид шуда, Ватанихудро соҳибӣ намоему барои пешрафту инкишофион талош варзем.

Таърихи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистоншаҳодат медиҳад, ки ба уҳда гирифтанимасъулияти роҳбарии давлат дар Иҷлосияитақдирсози таърихии XVI-уми Шурои Олии ҶТ  азҷониби фарзанди қаҳрамону диловари миллатитоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабабгори наҷотимиллат аз муталошӣ ва ҳифзи давлатдорӣ мебошад. Маҳз аз ҷониби Роҳбари ҷавони кишвар андешаи сулҳу оштӣ ва гузашту ҳамдигарбахшӣ ба миёнгузошта шуда, дар ҷумҳурӣ Нишони давлатӣ ваПарчами миллӣ қабул гардид. Ҳамзамон, бо тариқираъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи кишварқабул шуд, мақомоти фалаҷшудаи давлатӣ барқароргардид, бо талошҳои Пешвои миллат дарТоҷикистон сулҳ ва Ваҳдати миллӣ танинандозгардид ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлатисоҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ваягона ташаккул ёфт, аъзои созмону ташкилотҳоибонуфузи байналхалқӣ гардид.

Воқеан, сарвари давлат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон на танҳо дар сухан, балки амалан собит сохт, ки истиқрори сулҳ ва ваҳдат омили асосӣ ва созандаи ҷомеаи инсонӣ аст. Таҷрибаи сулҳ ва ризояти миллии тоҷикон, ки бо сарварии ў мо ба он дастёб гардидем, дар таърихи башарият падидаи нодиру ибратомӯз аст.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки таҳти сиёсатихирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатӣтаҳким ёфта, миллати тоҷик, ки дорои таърихи чандинҳазорсола ва одату анъанаҳои фарҳангиибостонӣ мебошад, ба фардои рӯзгори худ ва ояндаиободу осудаи Меҳани аҷдодӣ бо итминони комил ваэътимоди қавӣ назар менамояд.

Инчунин, бо ташаббусу заҳматҳои Сарваридавлат ва Ҳукумати мамлакат кишвари мо ба корҳои бузурги бунёдкориву созандагӣ машғулшуда, дар ин замина иқтисоди миллӣ рушд намудва Тоҷикистон ба мустақилияти иқтисодӣ дастёбгардида, муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳоидигар, соҳаҳои хусусӣ, саноат, сайёҳӣ инкишофёфта, дар пешбурди сиёсати минтақавии кишварислоҳоти амиқи иҷтимоию иқтисодӣ гузаронидашуд. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориигустурдаи минтақавию байналмилалиро воситаимуҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодивутиҷоратӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, экологӣ ва таъминиамнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори таҳкими муносибатҳоибайниҳамдигарии мардумони минтақа  ва олам барпояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад.

Қобили зикр аст, ки таъмини истиқлолиятиэнергетикӣ, баромадан аз бумбастикомуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, таъмин намудани амниятиозуқаворӣ ва саноатикунонии иқтисодиёти кишварҳамчун ҳадафҳои асосии стратегӣ муайян кардашудаанд.

Мусалам аст, ки рушду тараққии иқтисодиётикишвар ба электроэнергетика алоқаи  мустаҳкамдошта, баҳри ноил шудан ба истиқлоли комилиэнергетикӣ, таъмини аҳолӣ ба нерӯи арзону азҷиҳати экологӣ тозаи барқ ва афзудани иқтидорҳоиэнергетикӣ дар солҳои соҳибистиқлолии кишварқадамҳои устувор гузошта шуд, ки дар натиҷасохтмон ва ба истифодабарии як қатор иншоотҳои бузурги тавлидоти нерӯи барқ рӯйи кор омад. Мисоли возеҳи он, сохтмон ва ба истифода доданиНБО “Роғун” мебошад, ки он яке аз дастовардҳоибисёр ҳам муҳиму арзишманд барои имрӯзу ояндаиВатани маҳбубамон буда, дар ояндаи наздикмусаббиби расидани Тоҷикистон ба истиқлоликомили энергетикӣ мебошад.

Ҷашни Истиқлолу озодии Ватан хуҷаставуфархунда бод!

 Судяи суди ноҳияи Шоҳмансур                            Абдулазиззода Т.А.

Слайдер Хабарҳо

Худо он миллатеро саврарӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Ин гуфтаҳои  Муҳаммад Иқбол баёнгари асосии Истиқлолият мебошанд. Зеро имсол мо аллакай 34 сол аст, ки лаззати истиқлолиятро мечашему аз файзи он баҳрамандем ва ҳоло тақдири миллатмонро на мардуми дигар, балки худамон ҳал мекунем ва роҳи тараққиёти пешрафтро низ таҳти роҳбарии Пешвои Муаззами миллат муайян мекунем.

Миллати фарҳангсоз ва тамаддунофари тоҷик ва  дар охири асри гузашта соҳиби ду дастоварди ниҳоят арзишманд бо номи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ гардидаанд, ки асоси ҷовидонии ин миллатро дар арсаи таърих таъмин намуданд. Имрӯзҳо бошад, тоҷикон дар арафаи таҷлили ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қарор доранд. Аммо ин Истиқлолият ва ин Ваҳдат ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар охири  садаи ХХ мардуми тоҷик ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалач гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт. Чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд. Хушбахтона, бо такя ба сабақҳои таърих, хосатан иродаи қавӣ ва сарсупурдагиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардид, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низоъи даҳшатноки дохилиро гирем ва барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварем. Ҳамчунин, нуфузу эътибори давлати хешро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи бесобиқа баланд бардорем. Ин аст, ки Тоҷикистони биҳиштосо азвартаи нобудӣ ва ҳалокати сиёсӣ наҷот ёфт.Мақомоти судии Тоҷикистон низ ба чунин имтиҳону озмоиши таърихи даҳшатбори миллат, ки ибтидои солҳои 90 уми асри ХХ, бо таъсири омилҳои субъективӣ ва объективӣ ҷомеаи Тоҷикистонро фаро гирифта буд рӯ ба рӯ гардид. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла фалач гардидани сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, тафаккури шаҳрвандонро фаро гирифтани ноумедӣ ва умуман бесуботии сиёсӣ, судҳо аз иҷрои вазифаву уҳдадориҳояш, ки миллату давлат дар назди он гузошта буданд, баромада тавонистанд. Онҳо новобаста ба вазъи ба миёномада , тавонистанд волоияти қонунро таъмин намоянд ва ҳамчун як сохтори муҳимми давлатӣ амал кунанд. Бояд таъкид намуд, ки аз ибтидои истиқлолият дар тамоми давраи ҷанги шаҳрвандӣ кормандони суд аз тинҷиву амнияти кишвар пуштибонӣ мекарданд ва ҳамеша дар сафи пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ қарор доштанд. Албатта, ҳамаи ин омилҳо дониш, маҳорату малака, кордонии кормандони суд маҳз дар ҳамон давра имкон дод, ки новобаста ба вазъият ҳукмҳои боадолатона бароранд ва пеши назари мардум собат намоянд, ки волоияти қонун  дар кишвари нав ба истиқлолрасида таъмин аст. Минбаъд сохторҳои судии кишвар дар пояи  қонун амал кардаистода, бо риояи қонунҳои дохилӣ ва байналмилалӣ тавонистанд хизмати мардуми Тоҷикистонро  таҳти сарварии Рорҳбари Давлат софдилона иҷро намоянд.

Мо- корандони ҳокимияти судӣ ифтихор аз он дорем, ки зери сиёсати созанда ва мактаби сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти касбии худро иҷро намуда, баҳри суботи сиёсӣ, таъмини Ваҳдати миллӣ, ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, инчунин зиндагии осудаи ҳар хонадони тоҷик ва тоҷикистонӣ фаъолият менамоем.

Дилшод Ҳакимзода,

Муовини якуми раиси суди н. Шоҳмансур

Хабарҳо

Истиқлоли сиёсӣ Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон ва Ҷаҳонро ба Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ бахшид. Истиқлол Тоҷикистон ва миллати азизи тоҷикро сарбаланди олам сохт. Маҳз Ватани покзодони олам дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти иродаи сиёсӣ ва шуҶоату матонати абадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қайду банди рӯзҳои сангини таърихи муосир раҳо гашт ва рушд кард.
Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави худшиносиву хештаншиносӣ ва дарки масъалаҳои инсонмеҳвари истиқлолу озодӣ оғоз гардид, зеро дар ҷомеаи Тоҷикистон тағйиротҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дигар гардида арзишҳои моддиву маънавӣ ҳам иваз шуданд. Истиқлоли давлатӣ барои иваз гардидани шуури иҷтимоиву маънавӣ такони ҷиддие гардид, аммо тағйири вазъи иҷтимоиву сиёсӣ, ҷанги дохилӣ ва буҳрони ҳамагонии миллӣ, ки паёмадҳои нохуш дошт, барои инкишофи муътадили шуури иҷтимоӣ монеаҳои зиёде эҷод кард.
Истиқлоли сиёсӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Инсони андешаманд дар раванди устувор кардани инсонияти худ гаштаву баргашта чунин хулоса баровардааст, ки мақсади асосии бозҷустҳои маънавӣ худшиносӣ, эҳтиромӣ озодиву сулҳ ва гиромидошшти арзишҳои волои инсонист. Маҳз истиқлоли давлатии Ҷумҳурии ТоҶикистон дар роҳи таҳкими худшиносии миллӣ, рушди мафкурраи миллӣ, боло бурдани андеша ва идеологияи ягонаи миллати тоҶик ва ҳамзамон барои вуруди фарҳанг ва тамаддуни тоҶикон ба Ҷомеаи мутамаддини Ҷаҳон мусоидат кард. Дар ниҳоят Ҷаҳон ва мардумонаш Тоҷикистонро ба ҳайси давлати соҳибистиқлол бо тамаддуни ҳазорсолагон дар харитаи сиёсӣ ва Ҷуғрофии олам эътироф намуданд.
Дар раванди шаклгирӣ, ташаккулёбӣ ва камолоти ҳар миллату давлат, ҳодисаҳои муайяне рӯх медиҳанд, ки барои пойдорӣ ва бақои давлатдории миллӣ мусоидат менамоянд. Яке аз чунин омилҳои тақдирсози миллӣ, расидан ба истиқлоли сиёсӣ мебошад, ки баландтарин мақомро дар раванди давлатсозии миллӣ соҳиб мебошад.
Барои миллати сарбаланди тоҷик ва умуман тоҷикистониён, истиқлоли сиёсӣ, ки бузургтарин дастовард мебошад, дар фароварди асри 20 насиби он гардид. Маҳз истиқлоли сиёсии мо, ки нахустин маротиба бо номи миллат ба он соҳиб гардидем, тавонист дар зеҳнияти ҷомеаи Тоҷикистон, хосатан насли ҷавон, шуури миллиро тақвият бахшида, шароити мусоидро барои дарки шинохти тамомияти арзӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳтиром ба арзишҳои милливу инсониро ташаккул диҳад.
Мафҳуми истиқлол ба маънои мустақилӣ, соҳибихтиёрӣ, озодӣ ва комилҳуқуқии кишвар дар идораи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии худ тафсир гардидааст.
Вобаста ба масъалаи мазкур, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд, ки «Агар мо раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯи истиқлол душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳуввияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давладорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд».
Бо мақсади таҳкими боз ҳам бештари ин дастовард зарур аст, ки мафҳумҳои истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ ба ғояи ҳамешагии созанда ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи Тоҷикистони демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ табдил дода шаванд. Зеро ин мафҳумҳо дар қалбу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор сохтанд ва ба онҳо эътимод бахшиданд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояҳои наҷотбахш корҳои бузурги ободкориву созандагиро ба анҷом расонад ва барои наслҳои оянда як кишвари ободу зеборо ба мерос гузорад.
Дар шароити вазъи муосир, ки минтақа ва ҷаҳонро таҳаввулоти бузурги сиёсӣ, ноамниву бесуботӣ ва буҳронҳои инсонӣ фаро гирифта истодааст, худ таҷрибаи ҷангҳои хонумонсӯз, амалҳои ваҳшиёнаи террористиву ифротгароӣ дар кишварҳои Минтақаи Шарқи Наздик, минтақаи шимоли Африқо, мамлакатҳои Ҷануб ва ғарби Осиё ва Афѓонистон дарси ибрат барои давлатҳои соҳибистиқлол ва орому осудаи ҷаҳон аст. Мо дар кишварҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик ва аҳволи мардумони ранҷдидааш ба тасвирҳои боқимондаи ҷанг шоҳид мегардем, ки дидани он тасвирҳо зулматсаройи ноамнӣ ва бесуботиву ношукриро пеши назар меорад. Чанд соли пеш давлатҳои Сурия ва Ироќ аз марказҳои муҳими ҷаҳонгардӣ тиҷоратӣ ба шумор мерафт ва ммо ҳузури душманон, дахолати бегонагон, ҳамлаи гурӯҳҳои ифротгарову даҳшатафкан зумрае аз кишварҳои Шарқи Наздикро ба сарнавишти нангин рӯ ба рӯ сохт, ки ин мусибатро дунёи мутамаддин ва ахлоқи башарӣ ҳамвора маҳкум месозад. Ва ҳоло шаҳрвандони ин кишварҳо дар суроғи истиқлолу озодӣ ва суботи сиёсӣ ранҷ мебаранд.
Кобили зикр аст, ки ҳоло хавфу хатари гурӯҳҳои даҳшатафкани ифротгарову террористӣ истиќлолу озодӣ, демократия ва якпорчагии кишварҳои соҳибистиќлоли минтаќаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистонро таҳдид менамояд. Чунин таҳдидҳои сиёсӣ ва амниятиро кишварҳои минтаќаи Осиёи Марказӣ ҳам аз нигоҳи геопалитикӣ ва ҳам аз нигоҳи иттилоотӣ ва равонӣ эҳсос намуда истодаанд.
Равандҳои пуртаззоди ба амаломада дар минтақа ва ҷаҳон аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз беш аз 70 дар сади онро ҷавонон ташкил медиҳанд эҳсоси фитрӣ ва баланди ватандӯстӣ ва ҷаҳонбиниву зиракии мукаммали сиёсиро таќозо менамояд. Роҷеъ ба ҳалли чунин ќазияҳои сангину ваҳшатангези минтаќавӣ аз зумраи терроризму ифротгароии хушунатовар аҳли илму маърифат, зиёиён, донишмандон, кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот, мақомоти қонунбарору ниҳодҳои дифоъӣ ва амниятии мамлактро мебояд иродаи ќавӣ дошта дар атрофии ҳамдигар муттаҳид ва ќавӣ бошанд ва ҳифзи арзишҳои Истиќлолу Ваҳдати миллӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ дар ѓояи дили бедору тафаккури пояндаву садоќатбунёди онҳо қарор дошта бошад..
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Дар замири ҳар як фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳимми пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад».
Шукрона аз он бояд кард, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати моро дар арсаи байналмилалӣ бо фарҳангу тамаддуни бояш эътироф намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёд ва бофарҳангу соҳибтамаддун мешиносад, ки ин ҳам дастоварди беназири Ватани маҳбуб буда, аз хидматҳои шоистаи фарзандони содиқу вафодораш иртиботи ќавӣ дорад.
Ватан қиматтарин тӯҳфаи тақдир барои ҳар инсон аст, зеро кас танҳо дар Ватан яъне зобуми аҷдодии хеш ба ҳама орзуву омоли наҷиби худ мерасад. Ҳамаи мо бояд шукргузор бошем, ки чунин Ватани ободу зебо, осудаву рӯ ба рушд дорем ва тамоми шароитҳо баҳри расидан ба қуллаҳои мурод барои ҷавонон ва шаҳрвандони азизи он муҳайёст.
Насли ҷавони имрӯза, ки дар чунин як айёми созандагиву бунёдкорӣ, оромиву амният ва айёми гулгулшукуфии Ватан ба дунё омада, камол ёфта истодаанд, бояд ба қадри ин ҳадяи гаронбаҳои сарнавишт: мамлакати тинҷу осуда, сарвари мамлакати худ, ки пайваста дар пайи ғамхории насли ҷавон аст, бирасанд. Ватани маҳбуби худро дӯст доранд, ҳамеша аз пайи ободию осудагии кишвар камари ҳиммат бубанданд ва ба Ватани азизи худ вафодор бошанд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун фарзанди содиқу вафодори миллат пайваста ҳам бо сухан ва ҳам бо амалҳои ҷавонмардонаи хеш собит месозанд, ки Ватанро чун гавҳари ноёб ҳифз намуда, барои рушду тараққиёт, баланд бардоштани нуфузу эътибори он тамоми қувваю иродаи худро равона намудан лозим аст.
Ва ҳоло вақте расидааст, ки мо ҳамагон барои ҳифзи Ватан, ки номусгоҳи Ҷовидони мост, эҳтиром ба арзиши олии истиқлолу озодиро ба ҷо орем ва ин дастоварди муқаддас, ки омили саодати мост, ҳамчун гавҳараки чашм ва мояи хушрӯзиву шодмонӣ муҳофизат созем. Ва маҳз таҳкими пояҳои ҳисси ватандӯстӣ васати ҷомеаи фикрӣ ва ахлоқии чумҳурии Тоҷикистон метавонад, ки истиќлолу озодии моро дар дунёи ноорому ошубзадаи сиёсатҳо ва моҷароҳои амниятиву демографӣ ва зистмуҳитиву инсонӣ наҷот диҳаду дар амони худ маҳфӯз нигоҳ дорад.

Хоҷазода Абдуқаҳор судяи суди ноҳияи
Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Слайдер Хабарҳо

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи солҳои истиқлолият дар тамоми соҳаҳои мухталиф ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, феълан мақоми шоистаро дар радифи кишварҳои рӯ ба тараққии олам касб кардааст.

Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, роҷеъ ба пешбурди манфиатҳои хориҷии кишвар ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, истеҳсолот, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу амнияти ҷомеа, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мушаххас ба миён гузоштанд.

Ҳамаи пешравию муваффақиятҳои назаррас маҳз бо ибтикор ва пеш аз ҳама заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Таҳти сарварии хирадмандонаи ин абармарди бузург кишвари соҳибистиқлоли моро дар арсаи олам ба хубӣ мешиносанд ва эътироф менамоянд.

Яке аз талошҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ба ҳисоб меравад.

Тавре Ҷаноби Олӣ дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд: “Вобаста ба таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳони муосир бавуҷудомада ва канда шудани занҷираи анъанавии таҳвили молу маҳсулот, афзоиши аҳолӣ, инчунин, бар асари тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои манфии он – хушксолии пайиҳам ва камобӣ, аз ҷумла дар минтақаи мо талабот ба об ва маҳсулоти кишоварзӣ торафт зиёд гардида истодааст”.

Муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Тоҷикистон “Соли байналмилалии оби тоза” (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005 — 2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва ниҳоят Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018 — 2028 ба шумор мераванд.

Маҳз аз ҳамин хотир, ҷомеаи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузорӣ ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст.

Ташаббусҳои болозикр, ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрўву эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.

Ин аст, ки имрўз муҳокима ва баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба мудирияти захираҳои об, тарҳрезии талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ дар ҳама сатҳҳо бо иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд.

Роҳбари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, ки тавассути ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва рушди мушорикат бо дигар сохторҳои дахлдор, равишҳо ва механизмҳои амалисозии масъалаҳои марбут ба мудирияти захираҳои об якҷо бо дигар ҳадафҳои рушди устувор пайдо хоҳанд шуд.

Зикри ин нуқта ҳам бамаврид аст, ки дар рафти татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе пойтахти ҷаҳон оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба об гардида истодааст.

Дар натиҷаи баргузории чорабиниҳо роҳҳо ва механизмҳои ҳалли масъалаҳои муҳими марбут ба захираҳои об муайян гардида, муколамаҳо миёни тасмимгирандагон ва истифодабарандагони об дар ҳама сатҳҳо мустаҳкам мегарданд.

Баргузор шудани чандин нишастҳо, конференсияҳои байналмилалӣ ва симпозиумҳо, бо қарорҳои Маҷмаи умумии СММ тасдиқшуда на танҳо барои муаррифии Тоҷикистон, захираҳои бойи табиии он, мардуми куҳанбунёд ва фарҳанги кишвар, балки тоҷиконро ҳамчун мардуми меҳнатдўсту созанда, ки дар шароити амнияти куллӣ ва субот зиндагӣ доранд, ба оламиён ошно менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории худ дар соҳаи об ва бозидани нақши фаъол дар ҳалли муаммоҳои вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳониро пайравӣ мекунад.

Маҳз бо ҳамин мақсад ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳадафи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд таъкиди зарурати ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ҳамчун ҳастии ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст.

Дар ҳар як Паёми худ Президенти мамлакат таъкид менамоянд, ки об чун мояи асосии мавҷудияти инсон ҳамеша ва дар ҳама маврид бояд сарфакорона истифода шавад. Инсон бояд обро ҳамеша покиза нигоҳ дорад. Он чорабиниҳои глобалие, ки дар сар то сари ҷаҳон дар асри нав барои ҳалли мушкилот оид ба об рафта истодааст, ин ҳама дар таҳкими фаҳму дарки аҳамияти об барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳифзи экологӣ ва таъмини сулҳу субот саҳми шоёни худро гузошта истодааст.

Ин ҳама таваҷҷуҳ ба об моро водор месозад, ки манбаъҳои обиро самараноку сарфакорона истифода намуда, дар ҳифзу тоза нигоҳ доштани он кушиш ба харҷ диҳем.

Судяи суди ноҳияи Шоҳмансури

шаҳри Душанбе:  Толибзода Д.

Парвандаҳо
                           Номгӯи парванда Вақт ва рӯзи таъин              Судя
1. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Мирзоева Ширинбону Раҳмоналиевна бо моддаи 125 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.08. 2025 сол

10:00 дақиқа

Толибзода Д.А.
2. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Абдуллоев Баҳриддин Толибджонович бо моддаи 301 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.08.2025 сол

14:00 дақиқа

Толибзода Д.А.
3. Парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Ғуломов Диловар Боймуродович  дар содир намудани ҷиноят бо банди «б» қисми 4 моддаи 247  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25.08.2025 сол

14:00  дақиқа

Муродзода А.А.
4. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Саидов Ашурали Файзалиевич   дар содир намудани ҷиноят бо қисми 1 моддаи 259 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27.08.2025 сол 16:00 дақиқа Муродзода А.А.
5. Парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Ғуломов Диловар Боймуродович  дар содир намудани ҷиноят бо банди «б» қисми 4 моддаи 247  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.08.2025 сол 10:00 дақиқа

 

Муродзода А.А.
6. Парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Саидов Ашурали Файзалиевич   дар содир намудани ҷиноят бо қисми 1 моддаи 259 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.08.2025 сол 10:00 дақиқа

 

Муродзода А.А.
7. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Имлоев Салоҳиддин Сайдаҳмадович дар содир намудани ҷиноят бо банди «б» қисми 3 моддаи 241  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.08.2025 сол 14:00 дақиқа Муродзода А.А.
8. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Талбаков Фируз Файзидинович бо моддаи 338 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 25.08.2025 сол 13:00 дақиқа Шафо Б.
9. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Насриддинов Шаҳриёр Рамазонович бо моддаи 286 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон 25.08.2025 сол 14:30 дақиқа Шафо Б.
10. Парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Сайдаҳмади Эшон бо 111 қисми 1 и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25.08.2025 сол 10:00 дақиқа Иброимзода Г.
11. Парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Абдуллоев Тавакал Мирзовалиевич бо 201 қисми 3, банди “б” и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.08.2024 сол

14:00 дақиқа

 

Иброимзода Г.
12. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда Шарипов Саид Ғозибекович дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 338 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25.08.2024 сол

15:00 дақиқа

 

Абдулазиззода Т.А.

 

13. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда Маҳмадалиева Мория Маҳмадюсуфовна дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 168 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

28.08.2025 сол

09:00 дақиқа

 

Абдулазиззода Т.А.

 

14. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати  Туйчиев Ҷамшед Лутфидинович бо моддаи 245 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.08.2024 сол

10:00 дақиқа

 

Эмомализода У.
15. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати  Муминов Исломҷон Имомназарович ва Акбаров Шарифҷон Абдусалимович бо моддаи 244 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25.08.2024 сол

10:30 дақиқа

 

Эмомализода У.
16. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Сайалиев Эраҷ Ибодуллоевич, Одинаев Акмалҷон Анварович, Саидов Имомаъзам Муҳиддинович ва Сафаров Ёсинҷон Джумахонович бо моддаи 237 қисми 2 бандҳои “а,б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.08.2024 сол

14:00 дақиқа

 

Эмомализода У.
17. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Давлатов Навруз Нуралиевич бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” ва 340 қисми 2 бандҳои “б,в”, Орзуев Файзиддин Ҳабибуллоевич бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” ва Сафаров Беҳруз Ҷамшедович бо моддаи 340 қисми 2 бандҳои “б,в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27.08.2025 сол 14:00 дақиқа Эмомализода У.
18. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҳусниддини Алишер бо моддаи 200 қисми 4 банди “д” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.08.2025 сол 16:00 дақиқа Эмомализода У.
19. Парвандаи ҷиноятӣ  нисбати ноболиғ Расулов Нуриддин Дильшодович бо моддаи 249 қисми 2 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.08.2025 сол 14:30 дақиқа Эмомализода У.
20. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Файзмамадов Ғуломамад ва Саъдуллоева Мадина Ибодуллоевна дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 265 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.08.2025 сол 10:00 дақиқа Эмомализода У.
Парвандаҳо
                           Номгӯи парванда Вақт ва рӯзи таъин              Судя
1. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Сайдуллоева Парвина нисбати Сайдуллоев Фируз дар бораи рӯёнидани алимент ба тариқи ҳиссагӣ 26.08.2025 сол

10:00 дақиқа

Толибзода Д.А.
2. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Абидҷонова Ҳадисахон нисбати Мирзобаев Муҳаммадҷон дар бораи  аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун намудан. 26.08.2025 сол

11:00 дақиқа

 

Толибзода Д.А.
3. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Тахиров Зайнобиддин нисбати Тахирова Назира  дар бораи бекор кардани ақди никоҳ 26.08.2025 сол

10:30 дақиқа

Толибзода Д.А.
4. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Олимова М, Олимов Б., Фозилов А. нисбати Азизов А., Азизов Ф. дар бораи аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун намудан 27.08.2025 сол

11:00 дақиқа

Толибзода Д.А.
5. Парвандаи оилавӣ бо даъвои аризаи Ибодзода Нилуфар Ҳакимҷон нисбати Усмонов Анвар Далерович дар бораи бекор кардани ақди никоҳ 25.08.2025 сол

11:00 дақиқа

Муродзода А.А.
6. Парвандаи оилавӣ бо аризаи даъвогии Қодирова Миҷгона Қудбидиновна бо ҷавобгарии Ғафуров Ҷамолиддин Самиевич, ҳамҷавобгар Ғафуров Фарҳод Ҷалолидинович оиди аъзои оилаи молик эътироф ва маскун намудан бо роҳи ба қайд гиифтан ба манзили истиқомати 25.08.2025 сол

13:00 дақиқа

Муродзода А.А.
7. Парвандаи оилавӣ бо даъвои  Набизода Фарзонаи Ҳоҷиқурбон  нисбати Ғаюров Муҳаммадҷон Холович оиди руёнидани алимент барои таъминоти фарзанди ноболиғ ба тариқи устувор 25.08.2025 сол

15:00 дақиқа

Муродзода А.А.
8. Парвандаи оилавӣ аризаи даъвогии Ашурализода Озодахон Акбарали бо ҷавобгарии Гулов Маҳмадёр Михточович, ҳамҷавобгар Гулов Мустақим Маҳмадёрович оиди аъзои оилаи молик эътироф ва маскун намудан ба манзили истиқомати 26.08.2025 сол

09:00 дақиқа

Муродзода А.А.
9. Парвандаи оилавӣ Дуллоева Ширинмо Шамсудиновна бо ҷавобгарии Табаров Ҳошим Сангович оиди аъзои оилаи молик эътироф ва маскун намудан ба манзили истиқомати 26.08.2025 сол

10:30 дақиқа

Муродзода А.А.
10. Парвандаи оилавӣ бо  аризаи даъвогии Сулаймонов Умидҷон Назаралиевич дар намояндагии Сулаймонова Гулчира Саидовна нисбати Мадинаи Вализода дар бораи тағйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд 26.08.2025 сол

14:00 дақиқа

Муродзода А.А.
11. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Дуллоева Ширинмо Шамсудиновна бо ҷавобгарии Табаров Ҳошим Сангович оиди аъзои оилаи молик эътироф ва маскун намудан ба манзили истиқомати 28.08.2025 сол

11:00 дақиқа

Муродзода А.А.
12. Парвандаи оилавӣ бо аризаи даъвогии Тахирова Назира Салоҳидиновна  нисбати Таҳиров Зайнобиддин Абдувакилович оиди руёнидани ҳароҷоти иловагӣ барои табобати фарзанд 28.08.2025 сол

15:00 дақиқа

Муродзода А.А.
13. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Дуллоева Ширинмо Шамсудиновна бо ҷавобгарии Табаров Ҳошим Сангович оиди аъзои оилаи молик эътироф ва маскун намудан ба манзили истиқомати 29.08.2025 сол 11:00 дақиқа Муродзода А.А.
14. Парвандаи оилави бо даъвои Сайлонова Санавбар Сироҷидиновна оид ба фарзандхондӣ қабул намудани кӯдак

 

25.08.2025 сол

09:30 дақиқа

Хоҷазода А.
15. Парвандаи оилави бо Сайидова Маърифат Абдулмаҷитовна  нисбати Бобоев Нуриддин Султонович дар бораи рӯёнидани алимент 28.08.2025 сол

09:00 дақиқа

Хоҷазода А.
16. Парвандаи  оилави бо даъвои Шарипова Паймона Саидхоновна нисбати Муҳидинов Исомиддин Аслонович дар бораи рӯёнидани алимент 29.08.2025 сол

14:00 дақиқа

Хоҷазода А.
17. Парвандаи оилавӣ бо аризаи Раҳматов Шамсулло Аҳмадович дар бораи дароз намудани муҳлати қабули мерос 26.08.2025 сол

10:30 дақиқа

Шафо Б.
18. Парвандаи оилавӣ бо Кенҷазода Фарзона Кароматулло нисбати Худоиев Зафарҷон Толибович ва Тиллоева Рисолат дар бораи аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун намудан ба манзили истиқоматӣ 26.08.2025 сол

15:00 дақиқа

Шафо Б.Н.

 

19. Парвандаи оилавӣ бо аризаи даъвогии Калонова Зарина нисбати Калонов Шарафҷон дар бораи  аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун намудан ба манзили истиқоматӣ 28.08.2025 сол

14:00 дақиқа

Шафо Б.Н.

 

20. Парвандаи оилавӣ бо аризаи даъвогии Тешабоев Алишер Эркинович нисбати Собирова Нилуфар Тоҷидиновна дар бораи муқаррар намудани ҷои зисти фарзандон 28.08.2025 сол

09:00 дақиқа

Шафо Б.Н.

 

21. Парвандаи оилавӣ бо аризаи даъвогии Қосимов Бобиҷон Ҳокимович нисбати Гирдакова Хаймагул Саидовна дар бораи бекор кардани ақди никоҳ 29.08.2025 сол

09:00 дақиқа

Шафо Б.Н.

 

22. Парвандаи оилавӣ бо аризаи даъвогии Ҳамраева Розия Ҳамидовна, ба ҷавобгарии Таниев Ҳамроқул, ҳамҷавобгар Дадаҷонов Фаррух Абдуфаттоевич дар бораи аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун намудан ба манзили истиқоматӣ бо роҳи ба қайди манзили истиқоматӣ гузоштан 25.08.2025 сол

14:00 дақиқа

Иброимзода Г.И.
23. Парвандаи оилавӣ бо аризаи даъвогии
Сафарова Зарина Турсуновна бо ҷавобгарии Рузибоев Ҷурабой Ҷумъаевич оиди эътироф намудан ва тақсим намудани амволи муштараки зану шавҳар
27.08.2025 сол

10:00 дақиқа

Иброимзода Г.И.
24. Парвандаи оилавӣ бо аризаи даъвогии
Раҳмонов Неъматулло Убайдуллоевич бо ҷавобгарии Исломзода Зумрат Шамсулло дар бораи муошират бо фарзанд
28.08.2025 сол

10:00 дақиқа

Иброимзода Г.И.
25. Парвандаи оилави бо даъвои Носирова Зарнисо Фураймоновна нисбати Носирова Муҳаммад Ҷураевич дар бораи бекор намудани ақди никоҳ 28.08.2025 сол

14:00 дақиқа

Иброимзода Г.И.

 

26. Парвандаи оилавӣ бо даъвои Фарзонаи Махмадшо нисбати Рустамзода Абубакр дар бораи бекор кардани ақди никоҳ 25.08.2025 сол

13:30 дақиқа

Абдулазиззода Т.А
27. Парвандаи оилави бо даъвои Сафарзода Рустам нисбати Сидиқзода Давлатмурод дар бораи бекор кардани ақди никоҳ 26.08.2025 сол

14:00 дақиқа

Абдулазиззода Т.А
28. Парвандаи оилави бо даъвои Каримова Мадина нисбати Абдаков Наврузбек дар бораи гирифтани молу мулк 26.08.2025 сол

15:30 дақиқа

 

Абдулазиззода Т.А
29. Парвандаи оилави бо даъвои Қаландарова Назирмоҳ Тоҷиддиновна нисбати Ғозиев Рустамҷон дар бораи руёнидани алимент 27.08.2025 сол

11:00 дақиқа

 

Абдулазиззода Т.А
30. Парвандаи оилави бо даъвои Аҳмадалиева Манзура Эркиновна нисбати Аҳмадалиев Алиҷон дар бораи аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун кардан 27.08.2025 сол

14:00 дақиқа

 

Абдулазиззода Т.А