06.03.2020 сол
Имрӯз дар суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маҷлиси тантанавӣ бахшида ба РУЗИ МОДАР баргузор гардид.
Роҳбарияти суд аз номи кулли мардони мақомоти суди дар ноҳияи Шоҳмансур, тамоми колективи занонро бо иди дарпешистодаи Рузи Модар ва баҳори аҷам табрик гуфта, ба онҳо чун гулҳо ва табиати зебои баҳор шукуфоӣ, рузгори осуда, хушбахтиҳои оилавӣ ва саломатию сарбаланди таманно намуданд.
Аз ҷумла зимни табрикоти худ Муовини Раис Исозода Баҳодур Чиллахон аз дастгирию ташабусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, ҷиҳати амалишавии барномаи давлатӣ дар бораи баланд дардоштани нақш ва мавқеи зан дар ҷомеа ёдовар шуда, саҳм ва иштироки занону бонувонро дар сатҳи роҳабарии идоракуни дар мақомотҳои давлатӣ, мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ баланд арзёби намуда, ин иқдоми наҷибро яке аз дастгириҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат дар самти ишғоли мавқеи занони фаъол дар ҷомеа, иштироки онҳо дар рушду нумуъи ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ҳисоб намуд.
Дар охир аз номи Роҳбарият ва кулли мардони суди ноҳия бонувон ва собиқадорон, ки дар баробари мардон баҳри ба амал баровардани адолати судӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ заҳмат мекашанд, бо тухфаҳои идона ва гулдастаҳо қадрдони карда шуданд.