АҲАМИЯТИ МУҚОВИМАТИ МАФКУРАВӢ ДАР ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ

Масъалаи паҳн намудани ифротгароии динӣ дар нуқтаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла кӯшишҳои аланга додани он дар кишвари мо аз ғаразҳои бозингарони бузурги байналмилалӣ сарчашма гирифта, ба костагардонии низому тартиботи ҳуқуқӣ, муборизаҳои идеологӣ, аз ҷумла коҳиш додани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, низоми маориф, тафаккури созанда ва зарба задани шуури муқаррарии кишварҳои камаҳолӣ дар замони муосир нигаронида шудааст.
Хатари онро мо пеш аз ҳама дар гаравиши иддае аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мушоҳида менамоем. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик аз қадим дорои фарҳанги волои ҳамдигарфаҳмӣ буда, ба ғояҳои тундгароёна майл надошт. Ин хусусияти тоҷикон ҳам дар марҳалаи то исломӣ ва ҳам дар марҳалаи баъд аз зуҳури исломи таърихи миллат ба мушоҳида мерасад.
Гузаштагони барӯманди халқи тоҷик дар рушди фарҳангу тамаддуни исломӣ саҳми бисёр бузург гузошта, бо офаридани осори бузурги маънавии илмию фарҳангӣ доир ба роҳҳои таҳкими пояи давлатдорӣ ва ҳифзи дину мазҳаб андешаронӣ намуданд.
Паҳлуи ҳуқуқии сиёсати давлатӣ оид ба мубориза бо ифротгароии динӣ, пеш аз ҳама, тавассути татбиқи қонунгузории амалкунанда роҳандозӣ мешавад, ки дар маҷмуъ асосҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро барои пешгирии он ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор фаро гирифтааст. Ба тасвиб расидани “Стратегияи миллии Чумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025”, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021 №187 тасдиқ шудааст, заминаи ҳуқуқии муқовимат ба ифротгароиро боз ҳам қавӣ намуд. Бояд дарк намуд, ки мубориза алайҳи ифротгароӣ ва терроризм танҳо дар сатҳи муборизаи меъёрӣ ва татбиқи таъсиррасонии ҷиноятӣ ба итмом намерасад. Дар ин паҳно воситаҳои иловагӣ ва унсурҳои мухталифи идеологӣ, ахлоқӣ, мафкуравӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва ҳатто динӣ низ шарт ва зарур аст. Аз ҷумла, мувофиқи мақсад аст, ки натиҷаҳои таҳлилу омӯзишҳои марказҳои илмии ватанӣ доир ба сабабу шароити пайдоиш ва авҷ гирифтани унсурҳои ифротгароии динӣ дар вазъи кунунӣ ба масъулони татбиқи меъёрҳои қонун омӯзонида шуда, баҳри ҳамоҳанг сохтани фаъолияти дастаҷаъмона дар решакан намудани ин раванди номатлуб истифода шавад.
Барои мо илми ободкунандаву руҳкушоянда ва исломи созанда лозим аст, ки тавонад, истодагарии тафаккури ҷавононро дар муқобилӣ ҳар гуна ғояҳои ифротӣ таъмин намояд ва онро ба самти рушду шукуфоии Ватани азизамон ҳидоят кунад.
Бо истифода аз дастовардҳои фарҳанги ғании миллӣ ва мероси аҳлоқиву маънавии гузаштагон мебояд, дар замири ҷавонон асли таҳаммулгароӣ эҳё гардида, садди роҳи воридшавии мафкураи зӯроварӣ гирифта шавад.
Баҳри расидан ба ин ҳадафҳо амалисозии чораҳои маҷмуии якҷояи ҳуқуқӣ, мафкуравӣ, фарҳангӣ ва илмӣ мувофиқи мақсад мебошад. Бо ташаккул додани неруи қавии мафкуравии ҷавонон, ки пурра ва самимона аз ҳидоятҳои Пешвои миллат маншаъ мегиранд, мо метавонем тадбирҳоеро рӯйи даст гирем, ки ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, илму дониш, ободкориву созандагӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу суботи ҷомеа, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва бунёди асли таҳаммулгароӣ нигаронида шудаанд.

Судяи суди ноҳияи Шоҳмансури

шаҳри Душанбе Қурбонзода К.