Ваҳдати миллӣ ояндаи дурахшонро кафолатмедиҳад


Ваҳдати миллӣ имрӯз ҳамчун як падидаинодири таърихӣ ба ҳисоб меравад, ки нақшибузург ва сарнавиштсоз дар наҷоти миллат ватаҳкими пояҳои давлатдории навин бозидааст. Пас аз ба даст овардани истиқлолият, Роҳбаридавлат тавонист мардуми пароканда ва ҷангзадаитоҷикро дубора сарҷамъ намояд ва роҳиосоиштаву рушднокро интихоб кунад. Барои ҳаряк давлати миллӣ, ягонагии халқ ва суботи сиёсӣомили муҳим ва асосии бақои он ба шумормеравад. Агар давлате ба арзишҳои ваҳдат ваҳамгироӣ арҷ намонад, он бешак ба бесарусомонӣва нобудӣ рӯ ба рӯ мегардад. Аз ҳамин ҷост, кидар Тоҷикистон ваҳдати миллӣ ҳамчун замина васутуни асосии истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодӣэътироф шудааст.

Маълум аст, ки баъд аз ба даст оварданиистиқлолияти давлатӣ, кишвари мо ба нооромиишадиди сиёсӣ дучор гардида, ба гирдоби ҷангишаҳрвандии харобиовар гирифтор шуд. Мухолифатҳои дохилӣ ҳазорҳо шаҳрвандонромаҷбур сохтанд, ки Ватанро тарк намуда, дар кишварҳои дигар паноҳ баранд. Танҳо дар солҳои1992–1993 шумораи гурезагону муҳоҷиронииҷборӣ ба беш аз 900 ҳазор нафар расид. Ин нишондиҳандаи фоҷеаи бузург ва шикастимуваққатии низоми ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он рӯзҳо дар остонаинобудӣ қарор дошт ва агар тадбирҳои фаврӣандешида намешуданд, эҳтимол дошт, ки давлатаз харитаи сиёсӣ маҳв гардад.

Дар ҳамин шароити душвор Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандбаргузор гардид, ки воқеан рӯйдоди таърихӣ ванаҷотбахш ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳаминиҷлосия Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбаридавлат интихоб гардид. Ӯ бо иродаи қавӣ ва ҳиссибаланди ватандорӣ роҳеро пеш гирифт, ки ҳадафиасосии он хотима бахшидан ба ҷанг ва таъминнамудани сулҳи воқеӣ, инчунин барқарориидавлатдории устувор буд. Аввалин сухане, ки ӯ ба ҳайси сарвари давлат ба мардум изҳор намуд, чунин буд: «Ман омода ҳастам, ки барои сулҳиТоҷикистон ҷони худро фидо кунам.» Ин суханҳамчун рамзи муҳаббат ба Ватан ва ваъдаибарқарории оромӣ дар қалби ҳазорҳо шаҳрвандумед ба ояндаро бедор кард.

Эмомалӣ Раҳмон бо ирода ва дурандешии худ ин масъулияти таърихиро то ба анҷом расонд. Натиҷаи ниҳоии ин раванд 27 июни соли 1997 боимзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ варизоияти миллӣ дар шаҳри Москва ҷамъбастгардид.

Аз он замон Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихӣсулҳ, созандагӣ ва иттиҳоди миллӣворид гардид. То имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷиконҳамчун намунаи беназир барои ҳалли моҷароҳоидохилӣ дар арсаи байналмилалӣ мавриди омӯзишва татбиқ қарор дорад. Бо шарофати ин сулҳ, имрӯз Тоҷикистон ҳамчун як кишвари амн васуботнок, ки бо беш аз 150 кишвари ҷаҳонмуносибатҳои дипломатӣ дорад, мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ устувор намудааст. Истиқлоли давлатии тоҷикон маҳз бо шарофативаҳдати миллӣ таҳким ёфта, минбаъд низ рушдхоҳад кард.

Ваҳдати миллӣифодакунандаи якпорчагиимиллат, шинохти арзишҳои миллӣ ва кафолатиояндаи равшани давлат ба ҳисоб меравад. Дар замони имрӯза, ки таҳдидҳои ҷаҳонӣ варавандҳои ифротӣ фазои сиёсии минтақароноором мекунанд, ҳифзи ваҳдати миллӣ рисолатимуқаддаси ҳар як шахси ватандӯст мебошад.

Ҳамаи ин дастовардҳо ба талошҳои шахсииПешвои миллат, Президенти муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон, иродаи халқи тоҷик ва сабақҳоитаърихие, ки аз рӯзҳои сахту сангин гирифташудаанд, вобастаанд.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон боядҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ дошта бошад, то сулҳуоромӣ, ваҳдат ва арзишҳои истиқлолиятро ҳифзнамояд ва барои ояндаи ободу шукуфо саҳмиарзандаи худро гузорад. Ваҳдат неъмати бебаҳова дастоварди бузургест, ки танҳо бо фидокорӣ, хирад ва муҳаббати миллӣ ба даст омада, сазовори қадршиносӣ мебошад.

Дар замоне, ки дар гӯшаву канори ҷаҳоноташи ҷангҳо фурӯзон аст, ҳар як шаҳрвандиТоҷикистон бояд мувофиқи гуфтаҳои Роҳбаридавлат амал намояд, то сулҳу оромӣ ва ваҳдатимиллӣ чун арзишҳои олӣ ҳифз гарданд ва бароиояндаи ободу шукуфо саҳми худро гузорад.

Дилшод Ҳакимзода,
муовини якуми раиси Суди ноҳияи Шоҳмансури
шаҳри Душанбе