ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОР ВА ВАҲДАТ

Зиёда аз бист сол аст, ки дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида мешавад. Ин чорабинии муҳим бо иштироки намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор гардида, ба яке аз анъанаҳои давлатдории муосири миллӣ табдил ёфтааст. Паём таваҷҷуҳи шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, ходимони илму маориф ва фарҳангро ҳамеша ба худ ҷалб мекунад. Он ҳамчун ҷамъбасти натиҷаҳои соли гузашта ва нишон додани роҳҳои марҳалаи дар пешистодаи тараққиёти мамлакат дониста мешавад.

Паёми имсоларо, ки аз 28-уми декабри соли 2024 садо дод, бо бесабрињои зиёд интизор шуда, байни шањрвандон шавќу раѓбати зиёд ба бор овард. Махсусан ифтихор аз он гардид, ки ин чорабинӣ дар бинои нави мақоми олии қонунгузори кишвар – Маҷлиси Олӣ сурат гирифт. Ин иншооти меъморӣ ба пойтахти Тоҷикистон шукуҳи тоза зам намуда, аз суботу пешравии давлат шаҳодат медиҳад.

Сарвари давлат дар суханронии худ ба масъалаҳои асосӣ, яъне таҳкими Ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, такмили низоми маориф ва илм таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Мавзӯъҳои экология ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ки дар шароити мушкилоти ҷаҳонии муосир аҳамияти бештар пайдо мекунанд, ҷои махсусро ишғол карданд.

Паём натанҳо ҳисоботи кори анҷомдодашуда, балки дурнамои фаъолияти ҳамаи соҳаҳо ва ангезаи дастовардҳои нав гардида, тамоми шаҳрвандонро ба саъю кӯшиши муштарак баҳри ободии Ватан рӯҳбаланд намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 33 соли Истиқлолият озмоишҳои ҷиддии дохиливу хориҷиро паси сар карда, аз давраи буҳронӣ ва харобӣ раҳо ёфта, ба раванди системавии пешрафт ва рушди устувор ворид гардид. Тавре Пешвои миллат дар суханронии худ қайд намуданд, “кишвари мо ҳоло дар марҳалаи нави рушди худ қарор дошта, дар татбиқи стратегияву барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба пешравиҳои назаррас ноил мегардад”. Ин суханон боварӣ ба ояндаро ифода намуда, шаҳрвандони мамлакатро ба корнамоиҳои нав руҳбаланд мекунанд.

Дар шароити нооромӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ нигоҳ доштани суръати рушд, татбиқи стратегияҳои дарозмуддат ва расидан ба ҳадафҳои асосӣ сиёсати дурандешона ва мутавозинро тақозо мекунад. Ин аст, ки дар оғози Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи худро ба масъалаҳои глобалӣ, ки ба рушди кишвар таъсир мерасонанд, ҷалб намуданд.

Пешвои миллат қайд карданд, ки низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, афзояндаи зиддиятҳои сиёсӣ, ҷангҳои таҳримӣ, тағирёбии иқлим ва қатъи занҷири таъминот аз омилҳое мебошанд, ки барои иқтисодиёт мушкилот эҷод мекунанд. Барои кам кардани таъсири онҳо ба ҷумҳурӣ лозим аст, ки сари вақт чораҳо бинанд ва муносибати мунтазамро ба тараққиёт таъмин намоянд.

Президенти кишвар таъкид карданд, ки рушди устувор танҳо дар сурати идоракунии оқилонаи захираҳо, таҳлили ҳамаҷонибаи мушкилот ва таҳияи стратегияҳои дарозмуддат имконпазир аст. Таваҷҷуҳ натанҳо ба иқтисод, балки ба соҳаи иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ ва муҳити зист, ҳамчун яке аз унсурҳои муҳими пешрафт ҷалб гардид. Эҷоди заминаи мустаҳкам барои наслҳои оянда ҳамгироии ин унсурҳоро тақозо мекунад, ки ба Тоҷикистон имкон медиҳад мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намуда, зиндагии шоистаи шаҳрвандонро таъмин намояд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандонро иброз доштанд, ки сарфи назар аз чолишҳои душвори дохиливу хориҷӣ пайгирии ҳадафҳои миллӣ, таҳкими амният ва рушд идома хоҳад дода шуда, Тоҷикистон ба принсипҳои ҳамзистии осоишта, ҳамкории байналмилалӣ ва ҳифзи соҳибихтиёрӣ содиқ боқӣ мемонад.

Дар Паём ба масъалаҳои ваҳдати мардум, субот ва навоварӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Сарвари давлат аҳамияти сармоягузорӣ ба технологияҳои пешрафтаро, ки муҳаррики рушди иқтисодӣ ва рақобатпазирӣ дар арсаи ҷаҳонӣ хоҳад буд, таъкид карданд.

Сиёсати иҷтимоӣ, тавре Президенти кишвар қайд намуданд, бояд ба баланд бардоштани сифати зиндагии шаҳрвандон, дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои ҳама равона карда шавад.

Ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки масъулиятшинос буда, дар бунёди ҷомеаи одилона ва обод фаъолона ширкат варзад.

“Мардуми мо мисли дигар халқҳои кишварҳои мутамаддин ба зиндагии шоиста ҳуқуқи маънавӣ дорад”, таъкид доштанд Пешвои миллат ва иброз доштанд, ки ин ҳадафи олии сиёсати давлат ва ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Дар маҷмуъ, бояд зикр намуд, ки тамоми талош ва иқдомоти давлату Ҳукумати Тоҷикистони азиз барои расидан ба ҳадафи олӣ – таъмини зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди кишвар нигаронида шудааст. Ин дар татбиқи барномаҳои бузурги иҷтимоию иқтисодӣ, ки ба беҳтар шудани сифати маориф, тандурустӣ, инфрасохтор ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунанд, зоҳир мегардад.

 

 

Судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Толибзода Дилошуб Абдурашид