Ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ

Тарбияи ватандӯстӣ, фаъолияти мураттаб ва мақсаднок барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронида шудааст, мебошад.

Дар ҳақиқат, ватандӯстӣ ифодакунандаи эҳсосоти гарм, яъне ҳолати рӯҳии инсон, муҳаббати вай нисбат ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангӣ мебошад. Ин ҳиссиёт, одатан дар шахс аз оила ба вуҷуд меояд ва ҳангоми аз тарафи давлат қабул кардани барномаю стратегия ва қонунҳо барои огоҳӣ доштан ва такмилу муқовимат нишон додан бар зидди ҳамагуна таҳдиду амалҳои номатлуб бедор карда мешавад.

Яке аз ҳадафҳои “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 пеш аз ҳама роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан қонунҳои соҳаҳои алоҳида ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси шаҳрвандӣ ва ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои тарбияи ватандӯстӣ, аз қабили ҳифзи ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот, тамомияти арзии давлатро дарбар гирифта, дар он ҷиҳати тақвияти ҳимоя ва ҳифзи Ватан, арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлату ҷомеа муқаррарот пешбинӣ гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар намуда, муносибат вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ муайян намудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, мафҳуми ватандӯстиро ҳамчун муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва ба манфиати онҳо содиқона хизмат кардан, муқаррар намудааст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди вафодору содиқи миллат, пайваста бо сухан ва амалҳои неки хеш собит месозанд, ки Ватанро чун гавҳари ноёб ҳифз намуда, барои рушду тараққиёт, баланд бардоштани нуфузу эътибори он тамоми қувваю иродаи худро равона намудан лозим аст.

Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад.

Ватандӯстӣ боиси пешрафту ободии кишвар, ваҳдати миллӣ ва таҳкими давлатдорӣ мегардад. Тоҷикистон дар роҳи таҳкими худ ба ватандӯстии халқи азизи тоҷик такя мекунад, ки он дар пешниҳоди ташаббусҳои созанда, ҳифзи рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият, ширкат варзидан дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи созанда, ҳимоя кардани амнияти давлат ва шарафу номуси ватандорӣ, худро эмин нигоҳ доштан аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир, таҷассум меёбад.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади роҳандозӣ намудани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон дар ҷомеа марҳила ба марҳила тадбирҳо андешида, заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ин равандро бомаром фароҳам оварда истодааст.

Тадбирҳои судманд дар ин самт қабули Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006, “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020”, “Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қабули ду санади муҳиму стратегӣ дар ин самт дар соли 2022 — “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” маҳсуб меёбанд.

Татбиқи барномаҳои давлатӣ оиди ватандӯстӣ собит месозанд, ки усулҳои нави кор бо ҷомеа ва тадбири самарабахш таҳия ва амалӣ карда мешаванд, чунки дар ниҳоди ҷомеа эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ маскан гирифта, қабл аз ҳама бояд аз забон, таърих ва фарҳанги арзишманди халқи тоҷик огоҳии бештаре дошта бошанд.

Бо ин назардошт, чунин муносибатҳо бевосита дар сатҳи санадҳои қонунгузорӣ ва барномавӣ давра ба давра муайян, муқаррар ва раванди мазкур ҷоннок карда шудааст.

Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бо назардошти вазъи сиёсии мураккаб ва ҳассоси ва ҷаҳон, воқеаҳои пешгӯинашавандаи раванди ҷаҳонишавӣ, бо фарогирии мафҳумҳои тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ, шаҳрвандӣ, ватандӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ омили асосии таъмини истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, тамомияти арзӣ, амнияти давлат, таъмини рушди устувор, татбиқи механизмҳои иқтисодӣ ва бақои давлатдории миллист.

Бо эҳтирому меҳру муҳаббати беандоза ба Тоҷикистони азиз мебояд, қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии хешро барои ҳифзи Истиқлоли Тоҷикистони орому озод равона намуда, барои эҳёи арзишҳои миллӣ, дарки баланди онҳо, ташаккули худшиносии миллӣ, такмили ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан равона намуда, мафҳумҳои ватандӯстӣ ва рушдро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

 

Судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Толибзода Дилошуб Абдурашид