Волоияти Конститутсия ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳи кишвари азизи мо ба сӯи очнда боз ҳам дурахшонтар гардид. Дар ин давра, халқи шарафманди мо тавонист ба дастовардҳои зиёде ноил гардад, ки яке аз онҳо қабули Конститутсия мебошад, ки имсол дар кишвари азизамон 30-юмин солгарди ин ҳуҷҷати тақдирсоз таҷлил  карда мешавад. Ин санади басо муҳимму тақдирсози миллат ҳуҷҷати таърихии сиёсӣ буда, асоси ташаккули низоми нави сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиро фаро гирифта, дурнамои рушди ҷомеаю давлатро муқаррар намуда, дар он манфиатҳои миллӣ, мафкураи ҷомеа, мавқеи инсон дар ҳаёти ҷомеа ва давлат муайян гардидааст. Дар ин бобат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳоидавлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт». Дар воқеъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояи ҳокимияти халқ, ки моҳияти соҳиб ихтиёрии халқ, ҳифзи ирода ва манфиатҳои халқи ҷумҳурро дар бар мегирад, меъёрҳоеро муқаррар мекунад, ки таркиби сохтори ҷамъият, сохтори давлат, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, низом ва тартиби ташкилу фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худ идораи маҳаллӣ ва дигар падидаҳои муҳими давлатию ҷамъиятиро таҷассум менамояд.

Бо қабули Конститутсия  муносибатҳои ҷамъиятӣ танзими ҳуқуқии худро ёфта, барои таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр заминаи воқеӣ гузошта шуд. Конститутсия аз андешаи ҳокимияти халқ, ки моҳияти соҳибихтиёрии халқро ташкил медиҳад, сарчашма мегирад. Дар он асосҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ, ягона, арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил додани санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон,  таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолияти озоди иқтисодию соҳибкорӣ, дар асоси равияҳои гуногуни сиёсию мафкуравӣ инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ, ки принсипҳои бунёдии амалияи конститутсионии ҷаҳони имрӯзаро ташкил менамоянд, мавриди танзим қарор гирифтаанд.

Конститутсия Тоҷикистонро давлати демократию ҳуқуқбунёд, дунявию иҷтимоӣ эълон намуда, баҳри  ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро кафолат дода, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳадафи асосии худ қарор додааст.

Бояд тазаккур дод, ки мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир буда, аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳифз намудани онҳо ҳамчун яке аз асосҳои сохтори контитутсионӣ кафолат дода шудааст. Қобили зикр аст, ки ин меъёр ҷавбгӯи ҳадаф ва талаботи ҷомеаи демократӣ буда, дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз он маншаъ мегиранд. Дар воқеъ, боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба «Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд» бахшида шудааст, пойдевори низоми ҳуқуқии кишвар ва кафили амалишавии ҳуқуқу озодиҳои ҳар як фард номидан мумкин аст.

Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ дар меҳвари сиёсати инсондӯстонаи давлати мо қарор дорад. Аз ин ҷост, ки калонтарин боби Конститутсия ба масъалаи ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, он 34 моддаро дар бар гирифта, сеяки умумии Конститутсияро ташкил медиҳад. Ин рақамҳо худ аллакай далели равшани он аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикстон ҳуқуқу озодиҳои инсон мавқеи маркзӣ ва калидиро ишғол менамоянд. Боби дуюми Конститутсия аз моддаи 14 оғоз ёфта, моддаи мазкур дурнамои амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсонро мушаххас сохта, ҳуқуқи инсонро ченаки муайянсозандаи қонунӣ ва мақсаднок будани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ эълон доштааст. Мувофиқи он «…Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвад бевосита амалӣ мешаванд.

Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти  судӣ ҳифз  мегарданд». Ин муқаррарот идомаи мантиқии моддаи 5 Конститутсия мебошад, ки мувофиқи он «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд». Яъне дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон арҷ гузошта мешавад, мақсад ва мазмуни фаъолияти дилхоҳ мақомоти давлатиро ҳуқуқи инсон муайян месозад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон бевосита амалӣ мешаванд ва дар дохили давлат бояд чунин шароите фароҳам оварда шавад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон бидуни мушкилӣ ва маҳдудиятҳои беасосу ғайриқонунӣ табиатан дар ҳолати муътадил амалӣ шаванд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикитсон дар бахши муқаррар, риоя ва ҳифз намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷавобгӯи талаботу стандартҳои байналмилалии умумиэътирофшуда буда, дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар пайдарҳамии мантиқӣ қарор дорад, ки боиси самаранокӣ ва ҳарчӣ хубтар дар ҳаёт татбиқ шудани онҳо гардидааст. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ сарчашма гирифта, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро фаро мегирад.

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз ва бахтномаю шаҳодатномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он боҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣва муқаддас шуморидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ъ нақши барҷастаи таърихию ҳуқуқӣ дорад.

Имрӯз масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба яке аз мушкилоти мубрам ва асосии ҷомеа табдил ёфтааст. Дар иртибот бо таҷлили 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид. Вақте сухан дар бораи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқ меравад, пеш аз ҳама бояд ба донистан ва доштани маълумоти зарурӣ дар бораи Конститутсия диққат дода шавад, зеро ин санади олии ҳуқуқӣ ифодагари орзую омоли мардуми шарафманди мо ва таҳкурсии низоми ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Ҳама бояд аз меъёрҳои Конститутсия огаҳ бошад. Донистани Конститутсия танҳо вазифаи ҳуқуқшиносон нест. Он бояд китоби рӯи мизии ҳар як сокини Тоҷикистон бошад. Корманди мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар бораи Конститутсия маълумот дошта бошанд, меъёрҳои онро донанд, муҳимтарин масъалаҳои дар Конститутсия пешбини шударо аз бар намоянд. Яъне шуури ҳуқуқии контитутсионии шаҳрвандон боз ҳам боло бардошта шавад. Дар натиҷаи боло рафтани шуури ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии контитутсионии аҳолӣ, волоияти Конститутсия ва волоияти қонун дар ҷомеа таъмин гардида, маърифати ҳуқуқии аҳолӣ баланд мегардад.

Аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон оид ба ин масъала пайваста тадбирҳои мақсаднок андешида мешаванд. Аз ҷумла яке аз масъалаҳои меҳварии паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ равона шудааст.

Ҳамин тариқ, таъмини волоияти Конститутсия ва қонунгузории кишвар пеш аз ҳама аз сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобаста аст. Ҳар қадаре, ки сатҳи шуур ва фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ боло бошад, ҳамон қадар волоияти қонун дар сатҳ ва сифати дахлдор таъмин мегардад.

Судяи суди ноҳияи Шоҳмансури

шаҳри Душанбе:  Иброимзода Г.