КОНСТИТУТСИЯ БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Конститутсия ҳамчун шиноснома миллату давлатро дар арсаи дохилӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз мо 30солагии қабули онро ҷашн гирифта истодаем, қонунест, ки нисбати ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартари дошта, дар он тамоми самтҳои дохилию хориҷии ватани азизамон дарҷ шудааст.

Омили асосие, ки барои қабул намудани Конститусияи нав замина гузошт, мустақил васоҳибихтиёр эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тоҷикистонро лозим омад, кибарои муқаррар намудани асосҳои сохтори конститутсионии давлат ва гузаштан ба муносибатҳои сифатан нави ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қонуни асосии нав қабул намояд тотавонад ин муносибатҳоро дар шакли нав ва бодиди нав ба танзим дарорад.

Конститутсия хамчун санади қонунии эътибори хоси ҳуқуқи дошта, ё худ ҳуҷҷати асосии хукуқии давлат зербино ё худ бунёди низоми конунгузориро, ки ба инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ равона гардидааст, пояи мустаҳкам бахшида, раванди рушди устувори бемайлон афзояндаро дар ҷумҳурии мо такони тозабахшид ва расидан ба раванди сифатан нави рушд ва зинаи болотари тарақкиётро имконпазир намуд.

Яке аз хусусиятҳои Конститутсияи ҷумҳурии мо дар он аст, ки дар ҳамаи марҳилаҳои инкишофи ҷамъиятӣ ҳамчун роҳнамо ва заминасоз хизмат намуда, дар ин раванд се маротиба дар доираи тадбирҳои сиёсӣҳуқуқӣ ва ислоҳоти конститутсионӣ, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ва гузаштаи таърихии башарият мавридҳо ё худпадидаҳои ворид намудани тагйиру иловаҳо басанадҳои қонунӣ фаровонанд, мавриди такмилдиҳӣ қарор дода шуд.

Конститутсия истиқололияти давлатиро барасмият дароварда, роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеаи навинро муайян кард. Дар ҷомеае, ки мо зиндагӣ дорем, хеле зуд тағйирёбанда мебошад, муносибатҳои нав ба вуҷуд меоянд ва барои пурратанзим намудани онҳо моро зарур меояд қонунгузории миллиамонро низ такмил диҳем. Бинобар ин бо мақсади комилан ба талаботи ҷаҳонӣ мувофиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ ва қавитар намудани ваҳдати миллӣ лозим омад дар баъзе қисматҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намоем. Ин тағйироту иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ воридкарда шудаанд, ки минбаъда ҷиҳати гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҷомеа замина гузоштанд. Ислоҳоти ҳуқуқӣ аслан се шохаро фарогирифт: таъминоти ҳуқуқии ислоҳоти сиёсӣ; таъминоти ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ; ислоҳоти ҳуқуқии низоми судӣ. Ислоҳоти ҳуқуқӣ дар ҳаётисиёсӣ асосан барои аз нав ташкил намудани мақомоти асосии ҳокимияти давлатӣ равонагардида аст. Аз ҷумла, бо мақсади ба реҷаи касбӣва доимо амалкунанда табдил додани мақоми қонунгузории Ҷумҳурии ТоҷикистонМаҷлиси Олӣ ба ду маҷлис: Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҷудо карда шуд. Ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ иҷозат дода шуд, ки онҳо минбаъдба рушд ёфтани гуногунандешии сиёсӣ, озодии виҷдон  ва озодии сухан шароит ба вуҷуд оваранд.

Конститутсияи амалкунандаи мо бунёди ҳуқуқиеро ба вуҷуд овард, ки он минбаъд ҳамметавонад ягонагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамонро таъмин намояд. Конститутсия асосиифодакунандаи арзишҳои ҳуқуқӣ гардида, симоимуосир ва таърихии Тоҷикистонро дар худтаҷҷасум намуд. Дар ин замина, он аввалин шудакишвари моро ба қатори кишварҳои пешрафтаворид сохт.

Аҳолии Тоҷикистон ҳамеша сохиби маданияти волои қонунписандӣ ва дараҷаи баланди донишҳоиҳукуқӣ будани хешро собит намуда, дар гиромӣдоштани ҳокимият ва волоияти қонун, муқаддас ва пуршараф будани риояи он, хусусан нисбати Конститутсияи кишвари узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ фаъолона ҳиссагузорӣ намуда истодаанд. Зеро шаҳрвандони Тоҷикистон Конститутсияро дастури қонунманди хуқуқие медонанд, ки ҷавҳари аслии онро таъмини иҷроиши мақсаду мароми давлатсозии мутамаддин ва дифоъ аз арзишу манфиатҳои бунёдии давлативу миллӣ ташкил медиҳад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон чунин таъкид намудаанд: «Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халдқу кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ваҷасорату матонати сиёсии мардуми дороимаърифати баланди хуқуқӣ қабул гардида, бароиустувории пояҳои давлати мустакил мусоидат намуд».

Бо назардошти ҳамаи ин гуфтаҳо мо халқи Тоҷикистонро зарур аст, ки ба қадри тинҷиюиосоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва озодию истиқлолимиллии дар Конститутсия эълонгашта расида, дар фаъолияти ҳаррӯзаамон қоидаҳои муқарраркардаи Конститутсияи кишварро ба роҳбарӣ гирифта, баҳри ободии кишвар ва ҳифзи истиқлолу якпорчагии он ҳаматарафа талош варзем.                                         

30юмин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Тоҷикистони маҳбуб муборак ҳамкасбони азиз.

Судяи суди ноҳияи Шоҳмансур

шаҳри Душанбе: Қурбонзода К.Р.