Мо ҷашни фархундаи Рӯзи модарро бо фарорасии баҳор ва соли аҷдодӣ мутобиқ карда, ин ду рамзи некиву саодатро пайи ҳам таҷлил менам зеро меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошад.
Ту монанди замин танҳои модар,
Ту монанди замин яктои модар,
Замину осмон, моҳ, модар ватан аз он азиз ҳастанд, ки беҳамтову яктоянд. Модар фариштаест,ки Худованд баҳри мо ато кардааст. Дар олам муқадастар аз модар мавҷудоте нест. Модар ҳаст,ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст.
Зан-модар олиҳаи ҳусн ва офарандаи ҳаёт ва азизтарин мавҷуд дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри модар чун коинот ҳадду ҳудуд надорад. Ӯ тимсоли покиву назокат ва латофат, сазовори парастиш ва эҳтиром мебошад. Ақлу заковат, донишу маҳорати зан ба мард қуввату матонат бахшида, ӯро ба меҳру вафо, шуҷоат ва аз худ гузаштанҳо ҳидоят менамояд. Хушбахтии ҳар зан дар зиндагии осуда, давлати поянда, сулҳу ваҳдат, фарзандони солеҳ, оилаи обод ва дӯстиву рафоқати байни инсонҳо зоҳир мегардад.
Башарият ҳамеша ба занону модарон ва саҳми онҳо дар рушди ҷомеа ниёз доштааст. Имрӯз мақоми зан-модар дар ҷомеа боло рафта, имкони иштироки фаъоли ӯ дар бахшҳои хоҷагии халқи кишварамон фароҳам аст. Дар замони соҳибистиқлолӣ барои боло бурдани мақому манзалати зан-модар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхориҳои пай дар пай зоҳир менамояд. Бо мақсади эҳтиром гузоштан ба модар дар гузашта низ аҷдодони мо ҳар сол рӯзи муайянеро ҳамчун иди модар ҷашн мегирифтанд. Чуноне Абурайҳони Берунӣ менависад, миёни ҷашну маросимҳои мардуми тоҷик ҳанӯз аз замони қадим анъанаи ҷашнгирии иди модар роиҷ будааст. Тибқи гуфтаҳои ӯ, ин ид дар сарзамини тоҷикон дар моҳи сеюми зимистон, ки Исфандормӯз ном дошт (мутобиқ ба моҳҳои феврал-март), ҳамчун иди иффату зебоӣ ва бузургдошти зан-модар ҷашн гирифта мешудааст. Бо мурури замон, ин иди фаромӯш шудаи бошукӯҳи таърихии аҷдодони мо ба шарофати Истиқлоли давлатии кишварамон аз нав зинда гардид.
Ҷашн гирифтани Рузи модар дар фарорасии фасли баҳор рамзист, зеро бедоршавии табиат ба ҳаётбахшии модар шабоҳат дорад. Дар ин рӯзи муборак инсонҳо бояд ба аёдати модарону хоҳарон биёянд. Хотири онҳоро болида намоянд ва анъанаи неки ниёгонро гиромӣ доранд. Мо бояд ба модарон-офарандагони зиндагӣ ва тарбиятгарони фарзандон арҷ бигзорем.
Таҳти сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон модарони тоҷик худро рӯз то рӯз хушбахт эҳсос намудаанд. Зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо аз эҳтиром овардан нисбат ба калонсолон, хосатан модарон таъкидҳо менамоянд ва фарзандонро барои нигоҳубини ҳамаҷоиибаи волидайн ҳидоят месозанд.
Нақши занон дар ҷомеа хеле бузург аст. Бар замми он ки зан модар аст, ҳамчунин хизматчии давлатӣ, олим, муаллим, ҳуқуқшинос ва муҳандису духтур мебошад. Бузургтарин шахсиятҳои таърих-арбобони давлативу сиёсӣ, илму фарҳанг, адабиёту ҳунар тарбиятгираидаи модар буданду ҳастанд.
Ҳоло ҳар яки мо шоҳиди онем, ки дар кишвар барои фаъолияти ҳамаҷонибаи занон имкониятҳои мусоид фароҳам аст ва ҷалби онҳо ба корҳои давлативу ҷамъиятй ҳамеша дар мадди назар қарор дорад. Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар арсаи ҷаҳонӣ, давлати демократӣ ва дунявӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар собит сохт. Ин ҳуҷҷати муҳим ҳамчун раҳнамо барои таҳия ва қабули даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқии дигар, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайер иамудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак заминаи мусоид фароҳам овард. Модар нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву чаҳонбинии фарох мебошад, фарзанди ӯҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки: «Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид». Модар, ғайр аз ин ки ба фарзанди худ ҳаёт мебахшад, инчунин ба фарзанд хислатҳои накутарини инсониро меомузад.
Маърӯзачӣ:
Котиби маҷлиси судии
суди ноҳияи Шоҳмансури
Шаҳри Душанбе Маҳмадмуродзода Ф.М.