Соли равон мо, сокинони кишвар боз як ҷашни бузург 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем.
30 сол муқаддам, дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосӣ — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки яке саҳифаҳои дурахшони даврони Истиқлолияти кишвар ва рӯйдоди муҳиму тақдирсози миллат маҳсуб меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикичтон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Оли мамлакат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2023 дар ин бора чунин иброз доштанд:
Конститутсияи Точикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу ороми, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихорти ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ “ Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад”.
Бояд зикр намуд, ки таваҷҷуҳ ба масъалаи боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҳанӯз дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ оғоз ёфта, сиёсати давлатӣ дар ин самт дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, №691 “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Точикистон” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 “ Дар бораи баъзе аз чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ” ба роҳ монда шуда буд. Баъдан он тибқи “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Точикистон барои солҳои 2009-2019”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 тасдиқ шудааст ва пас аз амалӣ сохтани он мутобиқ ба “ Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” идома меёбад. Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2018, инчунин Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018 , №1005 тасдиқ гардида буд, қабул гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ зимни ироаи Паёми навбати хеш дар ин бора чунин гуфтанд: “Ҳоло дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020-2030 амалӣ шуда истодааст”.
Дар моддаи 42-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд гардидааст: “Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд”. Чунин талабот заминаи асосии баланд бурдани маърифат ва шуури ҳуқуқист, ки дар Конститутсия низ зикр гардидааст. Чунки пешрафти ҷомеа танҳо бо роҳи танзими қонунӣ имконпазир мегардад. Масъалаи дигари муҳим, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар нақши калидӣ дорад, таъмини волоияти қонун мебошад, ки меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Дар ҷомеае, ки волоияти қонун таъмин гардидааст, низоми доимии давлатдорӣ низ пойбарҷост. Ҷиҳати пешрафти ҷомеа дар шароити ҷаҳонишавӣ ва зиёд шудани хавфу хатарҳои гуногун (аз ҷумла, терроризму экстремизм) таҳким ва ҳифзи ҳувияти миллӣ, забону фарҳанг тақозо мегардад. Дар ин самт андешидани тадбирҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, маънавию маърифатӣ, ки ба таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат равона мегарданд, басо муҳим аст. Яке аз ин тадбирҳо омӯзиш, тарғибу ташвиқ, фаҳмонидани қонунҳо ва дар ин замина боло бурдани маърифати ҳуқуқии ҷомеа маҳсуб меёбад.
“Таъмин намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, муҳокимаи ошкоро ва одилонаи судӣ ба таҳкими қонуният, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноят, эҳтиром ба қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамояд.
Ҷорӣ намудани технологияҳои муосири электронӣ дар фаъолияти судҳо низ аз ҷумлаи корҳои муҳим мебошад ва бояд дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шаванд”-зикр гардид дар Паём.
Борҳо таъкид гардидааст, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ , таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ гардад.
Мо кормандони судҳо низ бояд ин дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашки кори хеш қарор дода, дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таъмини волоияти қонун ва эҳтироми он, эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ саҳмгузор бошем, мутахассисони сатҳи баланди соҳаи ҳуқуқу тартиботро омода намоем. Танҳо чунин муносибат ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, масъулиятшиносӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат хоҳад кард.
Судяи суди ноҳияи
Шоҳмансури шаҳри Душанбе Назарзода Д.Қ.