МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Имрӯз, 2 ноябри соли 2023 дар маҷлисгоҳи Суди Олӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки 6 ноябри соли 1994 ҳамчун рӯзи фаромӯшнашаванда дар таърихи навини давлатдории кишвари азизамон бо рангҳои заррин сабт гардидааст.
Маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати қонуни олии кишвар қабул гардид.
Конститутсия ҳамчун қонуни олии давлат муайянкунандаи мазмун ва муҳтавои ҳамаи қонунҳои амалкунандаи он мебошад, такягоҳи мустаҳками қудрати сиёсӣ ва кафолатдиҳандаи ҳадду ҳудуди салоҳияти мақомоти давлатӣ аст. Конститутсия оромию суботи ҷомеа, ваҳдати сиёсӣ ва назму низомро дар ҳудуди давлат, барқарории адолат ва кафолати амниятро таъмин мекунад.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар санади воқеан таърихӣ ва такдирсози миллат буда, он истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар сатҳи қонуни олии кишвар сабт намуда, асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муқаррар кард.
Бо дарназардошти нақш ва мавқеи Конститутсия дар ҳаёти ҷомеа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон изҳор доштанд, ки «Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад».
Аз вақти қабули Конститутсия то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Маҳз тайи ҳамин солҳо музокироти тӯлонии миёни тоҷикон, ки мақсад аз он таъмини сулҳу субот ва оромию баҳамоии тарафҳо буд, шурӯъ шуда, 27 июни соли 1997 бо имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба анҷом расид.

IMG_4659.JPGСозишнома дар баробари ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои мубрами рӯз, ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия пешбинӣ намуд. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф 26 сентябри соли 1999 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо барои рушду такомули давлату давлатдории миллӣ такони ҷиддӣ гардиданд.
Татбиқи барномаҳои ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, вусъат ёфтани муносибатҳои бозоргонӣ, ҳамгироӣ бо ҷомеаи мутамаддин ва пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб менамуд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шуда, он ба талаботи давру замон мувофиқ гардонда шавад.
Бори дуюм — 22 июни соли 2003 ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки ин пеш аз ҳама самараи заҳматҳои роҳбарияти давлат ва халқи Тоҷикистон аст. Халқи Тоҷикистон амалан ихтиёри давлатдориро ба даст гирифта, асосҳои ҳуқуқии барпо намудани давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро гузошта, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид ва заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохта, дар кишвар раванди бунёдкориро оғоз намуд.
Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия қабл аз ҳама масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар бар гирифта инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон намуд. Арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ яке аз нишонаҳои асосии давлати демократӣ мебошад.
Қайд намудан ҷоиз аст, ки рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд.
Бори сеюм 22 майи соли 2016 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳои навбатӣ ворид карда шуданд.
Тағйиру иловаҳои охирини ба Конститутсия воридшуда ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат карда, ба мақомоти судии кишвар низ дахл доранд.
Тағйиру иловаҳои воридшуда ба таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, такмили сохтори он, тибқи талаботи Конститутсия муқаррар кардани тартиби нави интихоб ва таъини судяҳо, тақвияти тартиби баланд бардоштани дараҷаи тахассусии судяҳо, ташкили бонизоми фаъолияти мақомоти судӣ ва тарзи ҳалли дигар масъалаҳои хеле ҷиддие, ки дар раванди амалисозии ислоҳоти конститутсионӣ ба миён омадаанд, равона карда шудааст.
Конститутсия моҳияти ҳокимияти судӣ ва мақсаду вазифаҳои онро муқаррар намуда, чунин меъёрро пешбинӣ кардааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд». Яъне судяҳо ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ мустақил буда, фаъолияти худро аз номи давлат амалӣ менамоянд ва танҳо ба қонун итоат мекунанд.
Дар ин замина, суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид мебошад: «Ин дигаргуниҳои куллӣ маҳз ба хотири идома бахшидан ба ислоҳоти ҳуқуқӣ ва таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ равона гардидаанд ва ба талаботи давру замон мувофиқ мебошанд».
IMG_4677.JPGҶашни 29-солагии қабули Конститутсия боз як фурсати мувофиқ аст, ки мо дар бораи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии худ мулоҳиза ронем. Дар ин роҳ Конститутсияи давлати озоду соҳибистиқлоламон роҳбаладу роҳнамои мост. Зеро Конститутсия санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст. Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем. Дар ҷамъомад ҳамчунин судяҳои Суди Олӣ доир ба мавзӯҳои «Конститутсия наҷотбахши миллат», «Нақши Конститутсия дар эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон», «Конститутсия ва нақши ҳокимияти судӣ дар низоми давлатдории муосир» ва «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ» бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Дар интиҳои маҷлиси тантанавӣ Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён иштироккунандагонро бори дигар бо фарорасии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, бо таманниёти нек ба кори маҷлис хотима бахшиданд.

сарчашма: https://sud.tj/markazi-matbuot/khabarho/1134/