Файзи Ваҳдат

          Бисту шаш сол муқаддам дар таърихи давлатдории навини тоҷикон аз азму иродаи қавӣ ва аз баракати хиради азалии миллати бостонии мо рӯйдоде ба вуқӯъ пайваст, ки он дар тақдири минъбадаи мардумамон гардиши куллӣ ва таҳаввули бунёдӣ гардид. Дар ин рӯзи пурфайзи таърихӣ, ормони чандинсолаи халқи азияткашидаи тоҷик ба воқеъият табдил ёфт, яъне хиради азалии халқи тоҷик тантана кард ва Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Тули бисту шаш сол аст, ки дар қалбҳои мардуми тамаддунофар ва сулҳофари мо ин санаи пурнишоту ҳаётбахш маскан гирифтааст ва ба рӯйдоди азизу гиромӣ ва чун ҷон муқаддас табдил ёфтааст.

Сардори давлат пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин таъкид намудаанд: “Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеъиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд”.

Ба шарофати ҳамин Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва хиради азалии халқамон мо мушт ба синаи пуркинаи душманони миллати тоҷик задем ва хатари аз байн рафтани Ватани азизамон — Тоҷикистони тозаистиқлол ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ намудем.

Заминаи мусоиди Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ин хиради азалии худи мардуми худогоҳу ватанпарвар ва талошҳои сардори давлат ва родмардони Ватан буд. Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид намуданд, ки: “Мо аз ҳамон рӯзҳои аввали Иҷлосияи XVI-ум пуштибонии халқи азизамонро аз роҳи интихобкардаамон, ки таъмини сулҳу субот ва муттаҳидии миллат, ҳифзи якпорчагии Ватани азизамон буд, эҳсос намудем. Ҳамин Ваҳдати миллӣ ва талошҳои хирадмандонаи Сарвари давлат ва ҷонбозиҳои родмардони Ватан дар роҳи истиқрори сулҳ буд, ки мардум ба фардои рӯзгори худ ва ояндаи Ватан дилпурона ва бо эътимоди қавӣ нигоҳ намуданд ва ояндаи кишвари худро дурахшону шукуфон дидаанд. Бо ифтихор ва масъулияти ватандорӣ бояд, ҳар як тоҷики ватандору ватанпараст дарки эҳсос намояд, ки сулҳу суботи тоҷикон боиси дар арсаи байналмилалӣ боло рафтани обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими нуфузу мавқеи он дар миёни мамлакатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Ба ин маънӣ Сардори давлат чунин таъкид мекунанд: “Имрӯз башарият илова бар ин, ки таҷрибаи сулҳи моро мавриди дастгирӣ, омӯзиш ва истифода қарор додааст, инчунин дигар иқдомоти башардӯстонаи давлати тоҷиконро низ ба ҳалли проблемаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон бо гармӣ истиқбол ва пуштибонӣ мекунад”.

Хиради азалии родмардони Ватан ҳама гуна эҳсосоти сиёсиву ғаразҳои гуруҳиро як сӯ гузошта, танҳо бо дарназардошти манфиатҳои умумиммиллӣ истиқрори сулҳро ба миён овард. Ин сулҳ, ки Ваҳдати миллиро ба миён овард, омили бунёди ормонҳои ҳазорсолаи миллии халқи тоҷик буд. Зеро шиори зиндагии миллати сулҳдӯсту фарҳангпарвари мо аз азал ҳамеша дӯстиву рафоқат ва самимияту садоқат мебошад. Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо дар баробари истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддас аст. Ҳар як тоҷики ватанпарвар бояд ифтихор аз он дошта бошад, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, тамаддунофар ва созандаю бунёдкор мебошад. Сулҳдӯстии мо дар тӯли тамоми таърихи чандинҳазорсолаамон нишондиҳандаи ақлу хиради азалии мардуми мост. Имрӯз таҷрибаи сулҳу сулҳофарии тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ ва фурӯ нишондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ҳам аз лиҳози назарявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ чун як падидаи нодири илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ эътироф шудааст.

Таърих ва ҷомеъаи ҷаҳони бори дигар исбот намуд, ки халқи тоҷикро дар масири таърих ҳамчун миллати куҳан, бонангу номус, хирадманду адолатхоҳ, бунёдкору заҳматкаш ва дар маҷмӯъ, дорои хиради азалӣ доштан эҳтирому эътироф менамоянд.

Ҳамин хислатҳои неки ин халқи тамаддунофар буд, ки хиради азалӣ тантана намуда, Ваҳдати миллӣ ба миён омад.

Бузургтарин дастоварди халқи тоҷик дар садаи асри XX-ум ва масири таърихи ҳазорсолаи баъд аз сукути давлати Сомониён, бешубҳа, барқарор кардани ҳамин сулҳи комил ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Ваҳдати миллӣ моро аз фоҷиаи талхи миллӣ раҳоӣ бахишда, ба истиқлолияти давлатӣ заминаи боэътимод гузошт. Миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол маҳз тавассути Ваҳдати миллӣ дар саргаҳи роҳи давлатдорӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ нол гардид ва ба сӯи ояндаи нек қадам гузошт. Идеали сиёсии халқи тоҷик дар ҳама давру замонҳо дар масири таърих ин Ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пешрафту шукуфоии Ватани худ ва нақш гузоштан дар тамаддуни ҷаҳонӣ асту халос.

Ҳамзамон, ваҳдати миллӣ барои фароҳам омадани муҳити солими маънавӣ дар ҷомеа нақши муассир гузошт. Таҷрибаи таърихии халқи тоҷик бозгӯи он аст, ки миллати тоҷик ба мушкилоту нокомиҳои зиёде нигоҳ накарда, ҳар дафа баъди фоҷиаҳо дубора эҳё шуда, сунатҳои бузурги ниёгони хешро идома мебахшад. Аз ин рӯ, таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ, ин санаи таърихи барои сарнавишти халқи тоҷик аҳамияти фавқулоддаи таърихӣ дорад.

Раванди бебозгашти сулҳу созиш ва Ваҳдати миллиро пеш гирифтани халқи тоҷик ин пирӯзии тоҷик ба қувваҳои аҳриманӣ ва шикасти “ормон”-ҳои душманони миллат аст.

Ваҳдати миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ба эътироф гардидани низоми давлатдорӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Ваҳдати миллӣ ба шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу ранҷи бардавоми ҳар як фарди бедордили тоҷик баҳри худшиносӣ ва маърифату фарҳангшиносӣ нақши муосир гузошт.

          Аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояшон Ватан ва обу хоки аҷдодӣ қадру манзалат дорад, пеш аз ҳама  бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвари азизамон ҷаҳду талош намоем. Зеро ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот яке аз муҳимтарин дастовардҳои мардуми шарифи кишвар дар даврони истиқлол буда, барои ҳар яки мо то абад азизу муқаддас аст.

          Мову Шумо ба қудрати созандагии хеш, пояндагии ваҳдати миллат, пойдории истиқлолият ва ояндаи ободи Ватани азизамон эътимоду боварӣ дорем.

          Мардуми шарифи Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, бунёдкорона ваҳдати миллиро нигоҳ дошта, ба сӯи фардои дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд.

          Барои ободиву сарсабзи, боз ҳам рушду нумуи Ватани азизамон сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмонро дастгири намуда, барои ояндаи дурахшону шукуфону Тоҷикистони азизамон, саҳмгузор бошем.

          Бори дигар ҳамаи ҳамватанои азизамонро бо фарорасии рӯзи ваҳдати миллӣ самимона  табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвари азизамон ободиву осоиш, хушбахтиву  некрӯзӣ ва некномию сарбаландиро орзу менамоям.

 

Судяи суди ноҳияи

Шоҳмансури шаҳри Душанбе                             Назарзода Даврон