Ватандӯсти — кафили таъмини истиқлоли сиёсӣ

Истиқлоли сиёсӣ Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон ва ҷаҳонро ба Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ бахшид. Истиқлол Тоҷикистон ва миллати азизи тоҷикро сарбаланди олам сохт. Маҳз Ватани покзодони олам дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти иродаи сиёсӣ ва шуҷоату матонати абадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қайду банди рӯзҳои сангини таърихи муосир раҳо гашт ва рушд кард.

Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави худшиносиву хештаншиносӣ ва дарки масъалаҳои инсонмеҳвари истиқлолу озодӣ оғоз гардид, зеро дар ҷомеаи Тоҷикистон тағйиротҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дигар гардида арзишҳои моддиву маънавӣ ҳам иваз шуданд. Истиқлоли давлатӣ барои иваз гардидани шуури иҷтимоиву маънавӣ такони ҷиддие гардид, аммо тағйири вазъи иҷтимоиву сиёсӣ, ҷанги дохилӣ ва буҳрони ҳамагонии миллӣ, ки паёмадҳои нохуш дошт, барои инкишофи муътадили шуури иҷтимоӣ монеаҳои зиёде эҷод кард.

Истиқлоли сиёсӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Инсони андешаманд дар раванди устувор кардани инсонияти худ гаштаву баргашта чунин хулоса баровардааст, ки мақсади асосии бозҷустҳои маънавӣ худшиносӣ, эҳтиромӣ озодиву сулҳ ва гиромидошшти арзишҳои волои инсонист. Маҳз истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими худшиносии миллӣ, рушди мафкурраи миллӣ, боло бурдани андеша ва идеологияи ягонаи миллати тоҷик ва ҳамзамон барои вуруди фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон мусоидат кард. Дар ниҳоят ҷаҳон ва мардумонаш Тоҷикистонро ба ҳайси давлати соҳибистиқлол бо тамаддуни ҳазорсолагон дар харитаи сиёсӣ ва ҷуғрофии олам эътироф намуданд.

Дар раванди шаклгирӣ, ташаккулёбӣ ва камолоти ҳар миллату давлат, ҳодисаҳои муайяне рӯх медиҳанд, ки барои пойдорӣ ва бақои давлатдории миллӣ мусоидат менамоянд. Яке аз чунин омилҳои тақдирсози миллӣ, расидан ба истиқлоли сиёсӣ мебошад, ки баландтарин мақомро дар раванди давлатсозии миллӣ соҳиб мебошад. Барои миллати сарбаланди тоҷик ва умуман тоҷикистониён, истиқлоли сиёсӣ, ки бузургтарин дастовард мебошад, дар фароварди асри 20 насиби он гардид. Маҳз истиқлоли сиёсии мо, ки нахустин маротиба бо номи миллат ба он соҳиб гардидем, тавонист дар зеҳнияти ҷомеаи Тоҷикистон, хосатан насли ҷавон, шуури миллиро тақвият бахшида, шароити мусоидро барои дарки шинохти тамомияти арзӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳтиром ба арзишҳои милливу инсониро ташаккул диҳад. Мафҳуми истиқлол ба маънои мустақилӣ, соҳибихтиёрӣ, озодӣ ва комилҳуқуқии кишвар дар идораи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии худ тафсир гардидааст.

Вобаста ба масъалаи мазкур, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд, ки «Агар мо раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯи истиқлол душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳуввияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давладорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд».

Бо мақсади таҳкими боз ҳам бештари ин дастовард зарур аст, ки мафҳумҳои истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ ба ғояи ҳамешагии созанда ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи Тоҷикистони демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ табдил дода шаванд. Зеро ин мафҳумҳо дар қалбу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор сохтанд ва ба онҳо эътимод бахшиданд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояҳои наҷотбахш корҳои бузурги ободкориву созандагиро ба анҷом расонад ва барои наслҳои оянда як кишвари ободу зеборо ба мерос гузорад.

Дар шароити вазъи муосир, ки минтақа ва ҷаҳонро таҳаввулоти бузурги сиёсӣ, ноамниву бесуботӣ ва буҳронҳои инсонӣ фаро гирифта истодааст, худ таҷрибаи ҷангҳои хонумонсӯз, амалҳои ваҳшиёнаи террористиву ифротгароӣ дар кишварҳои Минтақаи Шарқи Наздик, минтақаи шимоли Африқо, мамлакатҳои Ҷануб ва ғарби Осиё ва Афғонистон дарси ибрат барои давлатҳои соҳибистиқлол ва орому осудаи ҷаҳон аст. Мо дар кишварҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик ва аҳволи мардумони ранҷдидааш ба тасвирҳои боқимондаи ҷанг шоҳид мегардем, ки дидани он  тасвирҳо зулматсаройи ноамнӣ ва бесуботиву ношукриро пеши назар меорад. Чанд соли пеш давлатҳои Сурия ва Ироқ аз марказҳои муҳими ҷаҳонгардӣ тиҷоратӣ ба шумор мерафт ва ммо ҳузури душманон, дахолати бегонагон, ҳамлаи гурӯҳҳои ифротгарову даҳшатафкан зумрае аз кишварҳои Шарқи Наздикро ба сарнавишти нангин рӯ ба рӯ сохт, ки ин мусибатро дунёи мутамаддин ва ахлоқи башарӣ ҳамвора маҳкум месозад. Ва ҳоло шаҳрвандони ин кишварҳо дар суроғи истиқлолу озодӣ ва суботи сиёсӣ ранҷ мебаранд.

Кобили зикр аст, ки ҳоло хавфу хатари гурӯҳҳои даҳшатафкани ифротгарову террористӣ истиқлолу озодӣ, демократия ва якпорчагии кишварҳои соҳибистиқлоли минтақаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистонро таҳдид менамояд. Чунин таҳдидҳои сиёсӣ ва амниятиро кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳам аз нигоҳи геопалитикӣ ва ҳам аз нигоҳи иттилоотӣ ва равонӣ эҳсос намуда истодаанд.

Равандҳои пуртаззоди ба амаломада дар минтақа ва ҷаҳон аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз беш аз 70 дар сади онро ҷавонон ташкил медиҳанд эҳсоси фитрӣ ва баланди ватандӯстӣ ва ҷаҳонбиниву зиракии мукаммали сиёсиро тақозо менамояд. Роҷеъ ба ҳалли чунин қазияҳои сангину ваҳшатангези минтақавӣ аз зумраи терроризму ифротгароии хушунатовар аҳли илму маърифат, зиёиён, донишмандон, кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот, мақомоти қонунбарору ниҳодҳои дифоъӣ ва амниятии мамлактро мебояд иродаи қавӣ дошта дар атрофии ҳамдигар муттаҳид ва қавӣ бошанд ва ҳифзи арзишҳои Истиқлолу Ваҳдати миллӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ дар ғояи дили бедору тафаккури пояндаву садоқатбунёди онҳо қарор дошта бошад..

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Дар замири ҳар як фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳимми пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад».

Шукрона аз он бояд кард, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати моро дар арсаи байналмилалӣ бо фарҳангу тамаддуни бояш эътироф намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёд ва бофарҳангу соҳибтамаддун мешиносад, ки ин ҳам дастоварди беназири Ватани маҳбуб буда, аз хидматҳои шоистаи фарзандони содиқу вафодораш иртиботи қавӣ дорад.

Ватан қиматтарин тӯҳфаи тақдир барои ҳар инсон аст, зеро кас танҳо дар Ватан яъне зобуми аҷдодии хеш ба ҳама орзуву омоли наҷиби худ мерасад. Ҳамаи мо бояд шукргузор бошем, ки чунин Ватани ободу зебо, осудаву рӯ ба рушд дорем ва тамоми шароитҳо баҳри расидан ба қуллаҳои мурод барои ҷавонон ва шаҳрвандони азизи он муҳайёст. Насли ҷавони имрӯза, ки дар чунин як айёми созандагиву бунёдкорӣ, оромиву амният ва айёми гулгулшукуфии Ватан ба дунё омада, камол ёфта истодаанд, бояд ба қадри ин ҳадяи гаронбаҳои сарнавишт: мамлакати тинҷу осуда, сарвари мамлакати худ, ки пайваста дар пайи ғамхории насли ҷавон аст, бирасанд. Ватани маҳбуби худро дӯст доранд, ҳамеша аз пайи ободию осудагии кишвар камари ҳиммат бубанданд ва ба Ватани азизи худ вафодор бошанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун фарзанди содиқу вафодори миллат пайваста ҳам бо сухан ва ҳам бо амалҳои ҷавонмардонаи хеш собит месозанд, ки Ватанро чун гавҳари ноёб ҳифз намуда, барои рушду тараққиёт, баланд бардоштани нуфузу эътибори он тамоми қувваю иродаи худро равона намудан лозим аст.

Ва ҳоло вақте расидааст, ки мо ҳамагон барои ҳифзи Ватан, ки номусгоҳи Ҷовидони мост, эҳтиром ба арзиши олии истиқлолу озодиро ба ҷо орем ва ин дастоварди муқаддас, ки омили саодати мост, ҳамчун гавҳараки чашм ва мояи хушрӯзиву шодмонӣ муҳофизат созем. Ва маҳз таҳкими пояҳои ҳисси ватандӯстӣ васати ҷомеаи фикрӣ ва ахлоқии чумҳурии Тоҷикистон метавонад, ки истиқлолу озодии моро дар дунёи ноорому ошубзадаи сиёсатҳо ва моҷароҳои амниятиву демографӣ ва зистмуҳитиву инсонӣ наҷот диҳаду дар амони худ маҳфӯз нигоҳ дорад.

 

 

Иброимзода Гулчина Иброим

Судяи суди ноҳияи Шоҳмансури

шаҳри Душанбе