НИЯТИ НЕКУ АЗМИ ҚАВӢ МОРО БА МАҚСАД МЕРАСОНАД

          Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2000-ум инҷониб ҳар сол ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад. Дар он як соли кишвар таҳлил шуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ барои соли оянда муайян карда мешавад. Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 23-юми декабри соли 2022 ироа гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз идомаи бомароми созандагиву ободкорӣ, амалӣ шудани нақшаву барномаҳо барои рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат мужда дода, бо ёдоварӣ аз вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон чунин изҳор доштанд: «Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида,  маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард сомонӣ ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт».

Дар Паём зикр гардид, ки дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор, ҷои кори нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд.

Тавре аз Паёми Пешвои миллат бармеояд, дар давраи зикршуда аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022 – юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Дар 31 соли соҳибистиқлолӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда мавриди истифода қарор гирифт.

Рақамҳои истифодашуда гувоҳи зери таваҷҷуҳи хоса қарор доштани соҳаи маориф аст. Роҳбари давлат аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан барои рушди соҳаи маориф аз ҳама имконот истифода мебаранд. Тавре аз Паёмҳои қаблӣ ва суханрониҳояшон дар чорабиниҳои дигар бармеояд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиму тарбияи насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ аз омилҳои муҳими рушду пешрафти ояндаи давлат медонанд. Аз ин ҷост, ки ҳама шароити заруриро барои ба таҳсил фаро гирифтани шаҳрвандон муҳайё мекунанд.

Хусусан, ин нукта: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад» — аз мақом ва ҷойгоҳи соҳаи маориф дар сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Давлату Ҳукумат гувоҳӣ медиҳад.

Пешвои миллат дар идома мақсад аз амалӣ сохтани икдомот дар самти рушди илму маорифро баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳгар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй арзёбӣ карданд.

  • Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободии Ватан ба сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад, зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меорад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад, — таъкид шудааст дар Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 

Соҳаи дигари иҷтимоӣ, ки бо маориф дар як сатҳ мавриди таваҷҷуҳи доимӣ қарор дорад, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад. Пешвои миллат зимни таҳлили он зикр карданд: «Агар то соли 1991, яъне дар 70 соли замони гузашта дар мамлакат ҳамагӣ  2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан дар 25 соли охир, 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст.

Ҳамчунин, дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2022-юм 4,3 миллиард сомонӣ, равона карда шуд».

Роҳбари мамлакат дар идома барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, навсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида ни онҳоро зарур шуморида, бо ин мақсад, танҳо дар ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгӯй дастрас шудани таҷҳизоту дастгоҳҳои муосирро зикр карданд.

Рақамҳои зикршуда бозгӯкунандаи миқёси корҳои анҷомдода дар бахши тандурустист. Натиҷаи таваҷҷуҳу ғамхории Сарвари давлат аст, ки имрӯз дар кишвари мо амалиёти тиббие анҷом дода мешаванд, ки солҳои пеш барои он ба хориҷ сафар кардан лозим мешуд. Ҳоло бошад, на танҳо ҳамватанон, балки шаҳрвандони дигар кишварҳо низ барои табобати баъзе аз бемориҳо ба муассисаҳои тиббии Тоҷикистон муроҷиат мекунанд.

Хулоса, Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо — соҳибватанонро барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, беҳтар намудани шароити зиндагии мардум роҳнамоӣ мекунад.

Умеда ЭМОМАЛИЗОДА,

муовини раиси Суди ноҳияи Шоҳмансур