Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти олии мамлакат, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ободонӣ, таъмиру тармими утоқҳои кори ва бинои суд давра ба давра идома ёфта истодаст. Ҳафтаи гузашта аз ҷониби Роҳбарият ва судяҳои суди ноҳияи Шоҳмансур тариқи ҳашар, саҳни бино ва роҳравҳои он пурра мумфарш гардонида шуд, ки ин иқдом нишона аз садоқат ба ватан, азиз доштани ватан ва ифтихор аз ватану ватандорӣ дарак медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин баён доштанд. » Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ватанашро азиз дошта ба он ифтихор менамояд, бояд садоқати худро ба ватан ба ободии хонаю кӯча, деҳа ва шаҳру ноҳияи худ собит созад.» Бо арҷгузори аз ин ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, Роҳбарият ва кормандони Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе тасмим гирифтаст, ки чунин ободкориҳоро бо иқдомҳои наҷибу неки дигар идома диҳад.