Ҳукм бо 244 қисми 2 бандҳои “а,в” ва 247 қисми 2 бандҳои “а,в”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳ У К М
АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Дар ҳайати раисикунанда Ҳакимзода Д.А.
Бо котибии Абдуллозода С.
Бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ Исозода А.
Дар маљлиси ошкорои судї дар бинои суди ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе санаи 08 сентябри соли 2022 парвандаи љиноятиро нисбати судшаванда Ибодов Файзиддин Хайриддинович, 03 июни соли 1994 соли таваллудаш, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ, миллаташ тоҷик, шањрванди Љумњурии Тољикистон, тањсилоташ миёна, муҷаррад, мувақатан бекор, қаблан якчанд маротиба суд шудааст, охирон маротиба бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, бо моддаҳои 244 қисми 2 банди “а” ва 247 қисми 2 бандҳои “а,в” гунаҳгор дониста шуда нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 (се) сол дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт таъин карда шудааст, санаи 29 октябри соли 2019 дар асоси Қонуни Љумњурии Тољикистон, “Дар бораи авф” аз 25.10.2019 сол аз адои боқимондаи ҷазо озод карда шудааст, дар ҳолати ретсидиви ҷиноят қарор дорад, љои истиќоматаш ноҳияи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Ватан, хонаи 46, дар содир намудани љиноят бо моддаҳои 244 қисми 2 бандҳои “а,в” ва 247 ќисми 2 бандҳои “а,в”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор дода:-
МУАЙЯН КАРД:
Судшаванда Ибодов Файзиддин Хайриддинович санаи 29 апрели соли 2022 тахминан соатхои 12:30 дақиқа бо мақсади дуздӣ, яъне тасаруфи нинҳонии молу мулки ғайр, хангоми дар суроғаи шахри Душанбе ноҳияи Сино кӯчаи Ҳувайдуллоев бинои 2\2, дар нуқтаи шустушуи автомобилҳои “Диёри Душанбе” қарор доштанаш аз дохили автомашинаи тамғаи “Таёта Камри 5”, ки ба ҷабрдида Муртазоев Одилҷон Абдуллоевич таалуқ доштааст, аз боғоҷи автобили мазкур 1(як) адад атри мардонаи навъи “Музик Де парфюм” арзишаш 3600(се ҳазору шашсад) сомонӣ ва аз дохили 1(як) адад ҷуздони варзиши 5300 (панҷ ҳазору сесад) сомонӣ маблағи нақди пулӣ тассаруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст, ки бо ин кирдори қасдонааш ба ҷабрдида Муртазоев О.А., 8900 (ҳашт ҳазору нуҳсад) сомонӣ зарари ҷиддии молу мулкӣ расонидааст. Боз ӯ такроран санаи 04 июни соли 2022 тахминан соатхои 17:30 дақиқа бо мақсади дуздӣ, яъне тасаруфи нинҳонии молу мулки ғайр, ҳангоми дар суроғаи шаҳри Душанбе ноҳияи Фирдавси кӯчаи Фирдавсӣ бинои №8, аниқтараш дар нуқтаи шустушуи автомобилҳои маркази савдои “Сиёма Мол” қарор доштанаш аз дохили автомашинаи тамғаи “Таёта Камри”, ки ба ҷабрдида Тошпулодов Фирдавс Алиҷонович, таалуқ доштааст аз дохили ҷуздони варзишӣ 7000 (ҳафт ҳазор) сомонӣ маблағи нақди пулӣ тассаруф намуда, аз ҷойи ходиса ғайб задааст ва бо ин кирдори қасдонааш ба ҷабрдида Тошпулодов Ф.А., 7000 (ҳафт ҳозор) сомонӣ зарари ҷиддии молу мулкӣ расонидааст.
Боз Ибодов Файзиддин Хайриддинович такроран санаи 13 июни соли 2022 тахминан соатҳои 20:30 дақиқа бо мақсади дуздӣ, яъне тасаруфи ниҳонии молу мулки ғайр, ҳангоми дар суроғаи шаҳри Душанбе ноҳияи Шоҳмансур кӯчаи Мирзо Мастонгулов бинои №34, аниқтараш дар нуқтаи шустушуи автомобилҳо қарор доштанаш аз дохили ҳуҷраи либосивазкуни аз ҷайби шими ҷабрдида Хоҷаев Фирдавс Бобоҷонович 500 (панҷсад) сомонӣ маблағи нақди пули тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст, ки бо ин кирдори қасдонааш ба ҷабрдида Хоҷаев Ф.Б., 500 (панҷсад) сомонӣ зарари ҷиддии молу мулкӣ расонидааст. Боз ӯ такроран санаи 13 июни соли 2022 тахминан соатҳои 20:30 дақиқа бо мақсади дуздӣ, яъне тасаруфи нинҳонии молу мулки ғайр, ҳангоми дар суроғаи шаҳри Душанбе ноҳияи Шоҳмансур кӯчаи Мирзо Мастонгулов бинои №34, аниқтараш дар нуқтаи шустушуи атомобилҳо қарор доштанаш, аз ҳуҷраи либосивазкунӣ аз ҷуздони ҷабрдида Муқадасов Нурулло Исоқович 1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ маблағи нақди пулӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст, ки бо ин кирдори қасдонааш ба ҷабрдида Муқадасов Н.И. 1500 ( як ҳазору панҷсад) сомонӣ зарари ҷиддии молу мулкӣ расонидааст.
Боз Ибодов Файзиддин Хайриддинович такроран санаи 13 июни соли 2022 тахминан соатҳои 20:45 дақиқа бо мақсади қаллобӣ, яъне тасаруфи амволи ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба амволи ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ, ҳангоми дар суроғаи шаҳри Душанбе ноҳияи Шоҳмансур кӯчаи Мирзо Мастонгулов бинои №34, аниқтараш дар нуқтаи шустушуи атомобилҳо қарор доштанаш, телефони мобилии ҷабрдида Муқадасов Нурулло Исоқович тамғаи “Самсунг А03”-ро гуё барои суҳбат намудан гирифта, аз фориғболии ҷабрдида Муқадасов Н.И., истифода намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зада, дар охир телефони мобилии бо роҳи фиреб ба даст овардаашро ба маблағи 600 (шашсад) сомонӣ фурӯхта, маблағи ба даст омадаро ба манфиати шахсии худаш сарфа кардааст.
Дар натиҷа бо кирдори қасдонааш ба ҷабрдида Муқадасов Нурулло Исоқович ба маблағи 1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ зарари ҷиддии молу мулкӣ расонидааст.
Сушаванда Ибодов Файзиддин Хайриддинович дар мурофиаи судї бо айби ба ў эълонкардашуда худашро пурра айбдор шуморида, аз суд пурсидааст, ки парванда ба тариќи содакардашуда баррасї карда шавад.
Дархости судшаванда Ибодов Файзиддин Хайриддиновичро айбдоркунандаи давлатӣ Исозода А. ва ҷабрдидагон Муқадасов Н.И., Тошпулотов Ф.А., Хоҷаев Ф.Б. ва Муқаддасов Н.И., дар маҷлиси судї пурра дастгирӣ намуда, аз суд қонеъ намудани онро пурсиданд.
Суд дархости судшаванда Ибодов Файзиддин Хайриддиновичро оиди бо тартиби соддакардашудаи тафтишоти судї барраси намудани парванда, мавриди муњокима ќарор дода, розигии айбдоркунандаи давлатӣ ва ҷабрдидагонро дар бораи дархости зикргардида шунида, ба чунин хулоса омад:
Мутобиќи талаботи ќисми 1 моддаи 310 КМЉ Љумњурии Тољикистон дар сурати ба гуноњаш иќрор шудани судшаванда, ки аз љониби тарафњо мавриди бањс ќарор нагирифтааст ва судро низ тањти шубња намегузорад, судя бо мувофиќаи тарафњо баъди аз судшаванда муќаррар кардани он ки оё эътирофи ў маљбури нест, њуќуќ дорад, танњо бо тањќиќи далелњое мањдуд шавад, ки тарафњо онњоро зикр кардаанд ё тафтиши судиро хатмшуда эълон карда ба музокираи судї гузарад.
Тавре, ки дар маљлиси судї муайян карда шуд судшаванда Ибодов Файзиддин Хайриддинович ба гуноњаш пурра иќрор шуда, бо дархост оиди бо тартиби соддакардашудаи тафтишоти судї баррасї намудани парванда мурољиат карда, аз суд хоњиш намуд, ки тањќиќи далелњо мавриди бањс ќарор дода нашавад.
Бо дархости судшаванда Ибодов Файзиддин Хайриддинович, айбдоркунандаи давлатӣ ва ҷабрдидагон розигиашонро дода аз суд пурсиданд, ки дархости мазкур ќонеъ карда шавад.
Њолатњои дар боло зикркардашуда судро тањти шубња намегузорад, чунки ин њолат аз љониби тарафњо мавриди бањс ќарор нагирифтааст ва эътирофи судшаванда Ибодов Файзиддин Хайриддинович маљбурї нест.
Бо назардошти ин суд бо мувофиқаи тарафњо ва тибќи талаботи моддаи 310 КМЉ Љумњурии Тољикистон, лозим мешуморад, ки мурофиаи судиро бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ барраси намояд.
Суд ба тарафњо талаботи ќисми 2 моддаи 310 КМЉ Љумњурии Тољиктистонро фањмонида дод, ки даст кашидан аз тањќиќи далелњо боиси бо ин асосњо имконнопазир шудани арзи шикоят ё эътироз ба њукм мегардад.
Гуноњи судшаванда Ибодов Файзиддин Хайриддинович ба љуз аз худиќрории ў инчунин бо далелњои вобаста ба парвандаи љиноятї љамъовардашуда, аз ќабили протоколи азназаргузарони љои њодиса, протоколи санљиши нишондод дар љои њодиса, протоколи пурсиши шоњидон исботи пурраи худро ёфт.
Суд кирдори судшавандаро бо моддаи 244 ќисми 2 бандњои «а,в» Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон, ки љавобгарии љиноятиро барои дуздї, яъне тасаруфи нињонии молу мулки ѓайр, такроран ва бо расонидани зарари љиддӣ ба шањрванд ва инчунин бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «а,в» Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон, ки љавобгарии љиноятиро барои ќаллобї, яъне тасарруфи молу мулки ѓайр бо роњи фиреб ва суйистифодаи боварї, такроран, бо расонидани зарари љиддӣ ба шањрванд, банду баст менамояд.
Суд тибќи талаботи ќисми 3 моддаи 60 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон њангоми таъини љазо хусусияту дараљаи хавфнокии љамъиятии љинояти содиршуда, яъне арзиши объектњои бо ќонун муњофизатшаванда, сабабњои содир намудани љиноят, тарзи амал, шахсияти гунањгор, њолатњое, ки љазоро сабук ва вазнин мекунанд, ба назар гирифт.
Суд мувофиќи талаботи моддаи 61 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон њолати ба гуноњаш иќрор будани судшаванда Ибодов Файзиддин Хайриддинович, аз кардаааш сидќан пушаймон шуданро њамчун њолатњои сабуккунандаи љазои судшаванда дар кирдори ў ба назар гирифт.
Мувофиқи талаботи моддаи 62 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳое, ки ҷазои судшаванда Ибодов Файзиддин Хайриддиновичро вазнин мекунанд, ин бо мақсади ғаразнок такроран содир намудани ҷиноят ва дар ҳолати ретсидив содир намудани ҷиноят мебошад.
Санксияи моддаи 244 ќисми 2 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон љазои алтернативиро дар намуди љарима, мањрум сохтан аз озодї ва моддаи 247 ќисми 2 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон љазои алтернативиро дар намуди љарима ё мањрум сохтан аз озодиро бо мањрум кардан аз њуќуќи ишғоли мансабњои муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайянро пешбинӣ намудааст.
Тибќи талаботи ќисми 6 моддаи 49 КЉ Љумњурии Тољикистон дар њолати аз тарафи шахс содир намудани љинояти дар моддаи 247 Кодекси мазкур пешбинишуда, агар гунањгор то баровардани њукми суд зарари моддиро пурра талофи намояд, нисбати ў љазои љарима ва ё дигар љазои бо мањрум сохтан аз озодӣ алоќаманднабудаи дар санксияи моддаи номбаршуда пешбинигардида таъин карда мешавад.
Дар маљлиси судӣ аз маводҳои кор ва баромади ҷабрдидагон Муқадасов Н.И., Тошпулотов Ф.А., Хоҷаев Ф.Б. ва Муқаддасов Н.И., муайян карда шуд, ки судшаванда Ибодов Файзиддин Хайриддинович зарарҳои расонидаашро то ҳол ба ҷабрдидгони номбурда барқарор накардааст.
Ҷинояти қаблан содирнамудаи судшаванда Ибодов Файзиддин Хайриддинови мувофиқи талаботи қисми 3 моддаи 18 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба категорияҳои ҷиноятҳои дараҷаашон миёна мансуб мебошад.
Мувофиқи банди “в” қисми 3 моддаи 84 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба маҳдуд кардани озодӣ ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд — бо гузаштани се сол пас аз адои ҷазо доғи судиашон барҳам мехӯрад.
Бо назардошти ҳолатҳои боло суд муайян намуд, ки доғи судии судшаванда Ибодов Файзиддин Хайриддинови ҳоло барҳам нахӯрда, охирин дар ҳолати ретсидив қарор дорад.
Бинобар ин суд вобаста ба ҳолатҳои кор ҳангоми таъини ҷазо талаботҳои қисми 2 моддаи 66 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 8 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумхурии Тоҷикистон таҳти №7 аз 12 декабри соли 2002 “Дар бораи таҷрибаи аз тарафи судҳо татбиқ намудани конунгузорӣ оиди ретсидиви ҷиноят” ки мувофиқи он “ретсидиви ҷиноят ҷазои нисбатан вазнинро тақозо менамояд” низ ба инобат мегирад.
Мутобиқи талаботи қисми 2 моддаи 66 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати ҷазо дар ҳолати ретсидиви ҷиноятҳо на камтар аз нисфи мӯҳлати ҳадди аксари намуди ҷазои сахте, ки барои ҷинояти содиршуда пешбинӣ шудааст, буда наметавонад.
Аз ин лиҳоз суд ҳангоми таъин намудани ҷазо ба судшаванда Ибодов Файзиддин Хайриддинови шахсияти ӯ, қаблан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданашро ба инобат гирифта, ба хулоса омад, ки нисбати судшаванда дар доираи санксияи моддаи 244 ќисми 2-и КҶ Ҷумњурии Тољикистон, бо дарназардошти қисми 2 моддаи 66 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва бо моддаи 247 ќисми 2 ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро бо мањрум кардан аз њуқуқи ишѓоли мансабњои муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян таъин намуда, бо дастрасии моддаи 67 ќисми 2 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон љазои нињоиро муќаррар намояд. Зеро ислоҳ шудани судшаванда бе ҷудо кардан аз ҷамъият ғайриимкон аст.
Суд низоми адои ҷазоро нисбати судшаванда Ибодов Файзиддин Хайриддинов дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт муайян менамояд.
Ҳамчунин суд масъалаи зарари ба ҷабрдидагон расонидашударо мавриди муҳокима қарор дода ба хулоса омад, ки маблағи зарари расонидашуда, аз ҳисоби судшаванда Ибодов Файзиддин Хайриддинович ба фоидаи ҷабрдидагон рӯёнидад.
Инчунин суд чораи пешгирии судшавандаро мавриди муҳокимаронӣ қарор дода, ба хулоса омад, ки чораи пешгирӣ нисбати Ибодов Файзиддин Хайриддинович чун пештара дар ҳабс нигоҳ доштан бетағйир мононда шавад.
Бо дастрасии моддахои 310, 332- 339,341-344,347-348 Кодекси мурофиавии љинояти Љумњурии Тољикистон суд,-

                                ҲУКМ КАРД:
Ибодов Файзиддин Хайриддинович бо моддаҳои 244 ќисми 2 бандҳоии «а,в» ва 247 ќисми 2 бандҳои «а,в» Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон, гунањгор дониста шавад.
Ба Ибодов Файзиддин Хайриддинович бо моддаи 244 ќисми 2 бандҳои «а,в» Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон љазо дар намуди мањрум сохтан аз озодї ба муњлати 2 (ду) солу 6 (шаш) моҳ таъин карда шавад.
Ба Ибодов Файзиддин Хайриддинович бо моддаи 247 ќисми 2 бандҳои «а,в» Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон љазо дар намуди мањрум сохтан аз озодї ба муњлати 2 (ду) солу 6 (шаш) моҳ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои ҷавбгарии пулию молӣ дошта ба муҳлати 1 (як) сол таъин карда шавад.
Бо татбиқи моддаи 67 ќисми 2 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъиншуда, ҷазои ниҳои ба Ибодов Файзиддин Хайриддинович дар намуди мањрум сохтан аз озодї ба муњлати 3 (се) солу 6 (шаш) моҳ дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои ҷавбгарии пулию молӣ дошта ба муҳлати 1 (як) сол таъин карда шавад.
Чораи пешгирӣ нисбати Ибодов Файзиддин Хайриддинович дар ҳабс қарор доштан бетаъғйир мононда шавад.
Саршавии муҳлати адоим ҷазои Ибодов Файзиддин Хайриддинови аз 15 июни соли 2022 ба ҳисоб гирифта шавад.
Аз ҳисоби Ибодов Файзиддин Хайриддинович ба фоидаи ҷабрдидагон Муртазоев О. А.,дуллоевич 3600 (се ҳазору шашсад) сомонӣ, Тошпулодов Ф.А., 7000 (ҳафт ҳозор) сомонӣ, Хоҷаев Ф.Б., 500 (панҷсад) сомонӣ ва Муқадасов Н.И., ба маблағи 1500 (ҳазору панҷсад) сомонӣ руёнида шавад.
Далели шайъӣ дар намуди як адад фитта чун қабл бо маводҳои парвандаи мазкур нигоҳ дошҳта шавад.
Тарафњо метавонанд нисбат ба њукм дар мўњлати дањ шабонарўз бо риояи талаботи моддаи 310 Кодекси мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон ба коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятии Суди шањри Душанбе тавассути њамин суд шикояти кассатсионї ё эътироз оваранд.

Раисикунанда Ҳакимзода Д.А.