Ҳ у к м
Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон
10 январи соли 2023 ш.Душанбе
Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Дар ҳайати раисикунанда Ализода Ш.З.
Бо котибии Муъминзода С.
Бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ Раҳимов С.
Дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ воқеъ дар ҷамоати деҳоти Лоҳур деҳаи Қосимобод маркази таълимии Таҷмаҳали Донишгоҳи ҳарбии Вазорати Мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикситон ва дар бинои суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда Ғ.У.Х. санаи таваллудаш 23 июни соли 1999 санаи таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ-иқтисодчӣ, муҷаррад, мувақатан бекор, қаблан суд нашудааст, ҷои истиқоматаш шаҳри Душанбе ноҳияи Сино кучаи —— № — ҳуҷраи —, дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «а,в»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбинишударо баррасӣ намуда
М у а й я н к а р д:
Судшаванда Ғ.У.Х., бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, моҳи августи соли 2022 бо роҳи фиреб аз шаҳрвандон А.Б.М. ва Н.Р.И. дидаву дониста, ки ваколати ҳуҷҷатгузори намудан доир ба адои хизмати ҳарбии алтернативиро надорад барои иҷрои амалҳои болозикр маблағи 33 000 сомониро аз ҳар яки онҳо талаб намуд. Минбаъд Ғ.У.Х. бо мақсади ноил шудан ба нияти ҷинояткоронаи хеш аз шаҳрвандон А.Б.М. ва Н.Р.И. охири моҳи апрел соли 2022 маблағи 33 000 сомонӣ дар наздикии таввақуфгоҳи автомобилии ҶДММ “Корвон” воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Крупская гирифта ва аввали моҳи майи соли 2022 маблағи 16500 сомонии дигар аз шаҳрванд А.Б.М. дар наздикии кинотеатри “Ватан” воқеъ дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рудкӣ, ҷамъ 49500 сомони гирфта, ин микдор маблағро тасарруф намуд. Ғ.У.Х., дар натиҷаи бо роҳи фиреб тасарруф намудани маблағи 49500 сомонӣ, ба А.Б.М. ва Н.Р.И. зарари ҷиддии моддӣ расонидааст.
Судшаванда Ғ.У.Х., дар маљлиси сайёри судӣ бо айби ба ў эълон кардашуда бо моддаи 247 ќисми 2 бандҳои «а,в»-и КЉ Љумњурии Тољикистон, худашро бо пуррагӣ айбдор шуморида, нишондод дод, ки дар ҳақиқатан ӯ дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият мекардааст. Аз соли 2020 то инҷониб ӯ дигар дар ин мақомоти мазкур кору фаъолият намекардааст. Айни замон бошад ба тиҷорат машғул будааст. Оиди ҳолати кор чунин нишондод дод, ки аз моҳи апрели соли 2022 шаҳрвандон А.Б.М. ва Н.Р.И. ҷиҳати ҳуҷҷатгузорӣ намудан доир ба адои хизмати ҳарбии алтернативӣ ба ӯ муроҷиат намудаанд. Ӯ бо мақсади ба даст овардани даромад бо роҳи фиреб, ки ваколати ҳуҷҷатгузорӣ намудан доир ба хизмати ҳарбии алтернативиро надорад, маблағи 33000 сомониро аз ҳар якеи онҳо талаб намуда ва баъдан бо мақсади ноил шудан ба нияти худ аз А.Б.М. ва Н.Р.И. охир, моҳи апрели соли 2022 маблағи 33000 сомонӣ дар назди таввақуфгоҳи автомобилии ҶДММ “Корвон” воқеъ дар шаҳри Душанбе ноҳияи Фирдавсӣ кӯчаи Крупская ва аввали моҳи майи соли 2022 такроран аз А.Б.М. маблағи 16500 сомонӣ ҷамъ 49500 сомониро, дар наздикии кинотеатри “Ватан” воқеъ дар шаҳри Душанбе хиёбони Рудакӣ талаб карда гирифтаааст ва бар ивази маблағи 49500 сомонӣ ба манфиати А.Б.М. ва Н.Р.И.. ягон амалро иҷро накардааст. Дар ҳақиқат ӯ ба боварии А.Б.М. ва Н.Р.И.. даромада бо роҳи фиреби ҳуҷҷатгузори намудан доир ба адои хизмати ҳарбии алтернативӣ маблағи 49500 сомониро талаб карда гирифтааст ва ин микдор маблағро дар рафти тафтиши пешакӣ ба пуррагӣ барқарор намудааст. Аз суд хоњиш намуд, ки нисбаташ љазои сабук таъин карда шавад.
Ба ѓайр аз ба гуноњашон иќрор будани судшаванда Ғ.У.Х., инчунин гунањгории ў дар содир намудани љиноят бо далелњои зерини дар ќабати парвандаи љинояти мављудбуда исботи пурраи худро ёфт.
Љабрдида А.Б.М. дар маљлиси сайёри судї чунин нишондод дод, ки ӯ баъди хатми донишгоҳ, яъне Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикисон бо мақсади ба даст овардани билети ҳарбӣ барои хизмати алтернативӣ ба ҳамкурсонаш муроҷиат намудааст ва дар ҷавоб ба ӯ ҳамкурсаш Ҷ.С.ҳ гуфтааст, ҳамсояаш кори ӯро ҳал карда метавонад. Онҳо саннаи 14-уми апрели соли 2022 ҳамроҳи ҳамкурсаш Ҷ.С. ва Н.Р.И. дар назди қаҳвахонаи “Шоколадница” воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ бо шиносаш ва ҳамсояи ҳамкурсаш Ҷ.С. бо номи Ғ.У.Х. вохӯрданд. Зимни вохӯрӣ вай худро ба ӯ ҳамчун корманди Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД муарифӣ намудааст. Зимни суҳбат Ғ.У.Х. ба онҳо яъне ба ӯ, Ҷ.С. ва Н.Р.И. гуфтааст, ки барои хизмати ҳарбии алтернативӣ намудан онҳо ба вай маблағи 33 000 (сиву се ҳазор ) сомонӣ ҳар якеашон биёранд ва номбурда дар муддати 3 рӯз ба онҳо расиди бонкиро гирифта медиҳад ва онҳо метавонед ба хизматӣ алтернативӣ шуруъ намоянд. Худи ҳамон руз ӯ бо падараш, ки дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд қарор доштааст, ҳамсуҳбат шуда аз он кас хоҳиш намудааст, ки барояш маблағи 33 000 сомонӣ равон кунанд то ӯ тавонад сари вакт ҳуҷҷатҳояшро ба воситаи Ғ.У.Х. вобаста ба хизмати алтернативӣ омода намояд. Падараш ба ӯ гуфтааст, ки айни замон вай ба малағи 15 000 ( понздаҳ ҳазор) сомонӣ барояш бо воситаи бонк равон мекунад ва боқимондаи маблағҳоро баъди як чанд рӯз равон мекунад. Ӯ маблағи 15 000 сомониро, ки падараш равон карда буд, дар назди ҶДММ “Корвон” ба Ғ.У.Х. барои шурӯъ намудани ҳуҷҷатгузорӣ барои хизмати ҳарбии алтернативӣ додааст. Пас аз гирифтани маблағи болозикр Ғ.У.Х. аз ӯ нусхаи шиносномаи шаҳрвандиаш ва аксҳояшро барои иҷро намудани корҳо вобаста ба ҳуҷҷатгузории билети ҳарбии алтернативӣ талаб карда гирифтааст. Баъди гирифтани маблағи пулӣ Ғ.У.Х. ба ӯ гуфтааст, ки аз пагоҳ ҳуҷҷатгузориро оғоз менамояд ва тақрибан дар мудати се рӯз билети ҳарбии хизмати алтерантивиро омода карда ба ӯ дастрас менамояд. Ҳамин тариқ, аз байн тахминан се рӯз гузашт, ӯ ба Ғ.У.Х. занг зада хостааст оиди ҳолати кор ҳамсӯҳбат шавад то фаҳмад кораш дар чӣ ҳолат қарор дорад, Ғ.У.Х. ба ӯ гуфтааст, ки боқимонда пули маслиҳат шударо дастрас намояд яъне маблағи 18 000 (ҳаждаҳ ҳазор) сомониро, чунки вақт хело кам мебошад ва вай бояд сари вақт пули онҳоро супорад ва ба ӯ ваъда додааст, ки то бегоҳӣ ҳамон рӯз расиди бонкиро барояш дастраст менамояд. Баъди ин саннаи 17-уми апрели соли 2022, ӯ тариқи телефонӣ бо Ғ.У. ҳамсӯҳбат шудааст, вай аз ӯ, Ҷ.С. ва Н.Р.И.. пурсон шудааст, ки дар куҷо метавонем вохуранд ва дар ҷавоб онҳо ба вай гуфтаанд, ки худи ҳозир дар назди донишгоҳамон воқеъ дар назди кинотеатри “Ватан” ҳузур дорад. Пас аз гузаштани як чанд вақт ӯ бо ҳамроҳи ҳамкурсонаш Ҷ.С. ва Н.Р.И. бо Ғ.У.Х. дар назди кинотеатри “Ватан” вохурдаанд. Ҳамон рӯз ӯ дар ҳузури ҳамкурсонаш ба Ғ.У.Х. боқимондаи пули гуфтаашро яъне 18 000 сомониро дар дохили автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс” додааст. Пас аз гирифтани маблағ Ғ.У.Х. ба ӯ ваъда дода гуфтааст, ки то бегоҳ расиди бонкиро ба ӯ дастрас менамояд. Баъд аз гузаштани як чанд вақт ӯ ба Ғ.У.Х. чандин маротиба занг задааст, вале Ғ.У.Х. ба зангҳои ӯ ҷавоб намедодааст, гоҳе телефонашро хомуш мекардааст ва гоҳе бардошта ба ӯ ваъдаҳои бардурӯғ медодааст, ки пагоҳ ё пагоҳи дигар билети ҳарбии хизмати алтернативиро омода карда медодааст. Бинобар ин ӯ дарк намудааст, ки Ғ.У.Х. ӯро фиреби намуда истодааст, маблағи пулии додаашро аз вай бозпас пурсидааст, аммо номбурда маблағи пулиашро бозпас надодааст. Ҳамин тариқ, баъд аз зангҳои тулони тахминан саннаи 15 августи соли 2022 ба ӯ як шахси ношинос занг зада гуфтааст, ки Ғ.У.Х. ба ӯ маблағ равон кардааст ва он маблағи пулиро аз дасташ гирад. Бинобар ин худи ҳамон рӯз ӯ бо ҳамроҳи писари тағояш Қ.Б.У. ба маҳаллаи 102 шаҳри Душанбе, тахминан соати 01:00 шаб пас аз анҷоми кораш рафта, аз дасти шахси номаълум маблағи 15 000 сомонӣ гирифта ва ба он шахс гуфтааст, ки Ғ.У.Х. ба ӯ бояд маблағи 33 000 сомонӣ медодааст ва дар ҷавоб он шахс ба ӯ гуфтааст, ки Ғ.У.Х. танҳо ба вай ҳамин миқдор яъне 15 000 сомонӣ равон кардааст, ки ба ӯ диҳад. Айни замон зарари ба миқдори 33 000 (сиву се ҳазор) сомонӣ, ки аз ҷониби судшаванда Ғ.У.Х., ба ӯ расонида шудааст, дар рафти тафтиши пешакӣ ба пуррагӣ барқарор шудааст. Аз суд хоҳиш намуд, ки нисбати судшаванда Ғ.У.Х. ҷазои сабук таин карда шавад.
Ҳамзамон дар маљлиси судӣ нишондоди дар рафти пешбурди тафтишоти пешакӣ додаи ҷабрдида Н.Р.И.. ва шоҳид Ҷ.С.А. хонда эълон карда шуд, ки судшаванда Ғ.У.Х. дурустии онро тасдиқ намуд. Инчунин ҷабрдида Н.Р.И.. ба суд бо ариза муроҷиат намуда, дар аризааш дарҷ намудааст, ки зарари аз ҷониби судшаванда Ғ.У.Х. расонидашуда ба миқдори 16500 (шонздаҳ ҳазору панҷсад) сомонӣ пурра дар рафти тафтиши пешакӣ барқаррор карда шудааст ва ӯ нисбати судшаванда даъво надорад.
Инчунин гуноњи судшаванда Ғ.У.Х. дар содир намудани љиноят бо дигар далелњои дар ќабати парвандаи љиноятӣ љамъовардашуда ба монанди аризаи шаҳрванд А.Б.М. ва баёноти ӯ аз санаи 14.09. 2022 сол. (в.п 4-9), баёноти судшаванда Ғ.У.Х. аз санаи 29.09.2022 сол (в.п 10-14), санад дар бораи қабул намудани маблағҳои пулӣ, ки барои барқарор намудани зарари расонидашуда ихтиёран супорида шудаанд аз санаи 29.09.2022 сол (в.п 15-14), забонхат дар бораи барқаррор шудани зарарҳои расонидашуда (в.п 20-22), протоколи пурсиши шоҳид аз санаи 15.11.2022 сол (в.п 28-32), қарор дар бораи эътироф намудани ҷабрдида (в.п 33-34), протоколи пурсиши гумонбаршуда аз санаи 15.11.2022 сол (в.п 50-56), протоколу рӯбарӯкунӣ аз санаи 17.10.2022 сол (в.п 65-69), протоколи пурсиши иловагии гумонбаршуда аз санани 17.10.2022 сол (в.п 69-73), иқтибос аз интиқоли маблағи аз “Душанбе-Сити” (в.п 86-91), протоколи пурсиши иловагии шоҳид аз санаи 23.10.2022 сол (в.п 96-97), пртоколи санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса аз санаи 28.10.2022 сол (в.п 98-102), суратлавҳаҳо дар ҷойи ҳодиса (в.п 102-105), фиттаи зангҳои воридотӣ содиротӣ (в.п 109), протоколи азназаргузарониї аз 11.11.2022 сол (в.п 110-111), протоколи азназаргузаронии фиттаи зангҳои воридотӣ ва содиротӣ ва руйхати ба он замимашуда (в.п 112-238), қарор дар бораи далели шайъӣ эътироф кардан аз санаи 14.11.2022 сол (в.п 239-241), қарор дар бораи оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ, ба пешбурди худ қабул намудани он ва дар пешбурд якҷоя кардани парвандаи ҷиноятӣ аз санаи 16.11.2022 сол (в.п 241-242), қарор дар бораи қатъ намудани қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ аз санаи 16.11.2022 сол (в.п 243-245), протоколи бо маводҳои парвандаи ҷиноятӣ шинос намудани ҷабрдида (в.п 252-253) ва эълон намудани айб аз санаи 07.12.2022 сол (в.п 258-265) исботи пурраи худро ёфт.
Судшаванда Ғ.У.Х. њангоми содиркунии љиноят ва айни замон дар њолати мукаллафи ќарор дошта суд ба њолати мукаллафии ў шубња надорад.
Суд кирдори судшаванда Ғ.У.Х-ро бо моддаи 247 ќисми 2 бандҳои «а,в» КЉ Љумњурии Тољикистон, барои ќаллобї, яъне тасарруфи молу мулки ѓайр ё ба даст овардани њуќуќ ба молу мулки ѓайр бо роњи фиреб ва сўйистифодаи боварї, такроран бо расонидани зарари љиддї ба шањрванд банду баст менамояд.
Мувофиќи талаботи моддаи 61 КЉ Љумњурии Тољикистон суд њамчун њолатњои сабуккунанда дар кирдори судшаванда Ғ.У.Х. ба гуноњаш пурра иќрор будан, сидќан пушаймон шудан, талофи намудани зарари расонидашуда ба љабрдидаҳо ва доштани хислатномаи мусбиро ба инобат мегирад.
Њолатњои вазнинкунандаи љазо тибќи талаботи моддаи 62 КЉ Љумњурии Тољикистон дар кирдори судшаванда Ғ.У.Х. дида намешавад.
Њангоми таъини љазо ба судшаванда Ғ.У.Х. талаботи моддањои 60 ва 65 КЉ Љумњурии Тољикистон суд принсипи фардикунондани љазоро ба асос гирифта, хусусияту дараљаи хавфнокии љамъиятии љинояти содиршуда, яъне арзиши объектњои бо ќонун муњофизатшаванда, сабабњои содир намудани љиноят, тарзи амал, шахсияти гунањгор, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, њолатњое, ки љазоро сабук ва вазнин мекунанд, дараљаи иштироки воќеии шахс дар содир намудани љиноят ањамияти иштирок дар муваффаќ шудан ба маќсади љиноят, таъсири ў ба хусусият ва андозаи зарари расонидашуда ба назар мегирад.
Раводиди моддаи 247 ќисми 2 бандҳои «а,в»-и КЉ Љумњурии Тољикистон љазоњои љарима, мањрум сохтан аз озодї, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансабњои муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян ё бидуни онро пешбини менамояд.
Суд талаботи бандњои 1, 2, 3, 4, 5, 10, 22 Карори Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон тањти раќами 33 аз 24.12.2010 сол, “Дар бораи њукми суди”-ро ки њукми суд бояд ќонуни, асоснок, одилона бошаду љазои ба гунањгор таъингардида бо назардошти шахсияти гунањгор, њолатњои вазнинкунада ва сабуккунандаи љазо таъин карда шавад бо пурраги дастрас намуд.
Тибќи талаботи моддаи 49 ќисми 6-7 КЉ Љумњурии Тољикистон дар њолати аз тарафи шахс содир намудани љинояти дар моддаи 247 (ба истиснои банди “в” ќисми 3 ва банди “а” ќисми 4), кодекси мазкур пешбинишуда, агар гунањгор то баровардани њукми суд зарари моддиро пурра талофи намояд, нисбати ў љазои љарима ва ё дигар љазои бо мањрум сохтан аз озоди алоќаманднабудаи дар санксияи моддаи номбаршуда пешбинигардида таъин карда мешавад.
Љабрдида А.Б.М. дар маљлиси суди баён намуд, ки зарари моддии ба ў расонидашуда ба андозаи 33 000 (сиву се њазор) сомонї дар рафти тафтишоти пешаки пурра барќарор карда шудааст ва нисбати судшаванда Ғ.У.Х. даъво надорад. Инчунин ҷабрдида Н.Р.И.. бо ариза ба суд муроҷиат намуда, дар аризаи мазкур чунин дарҷ намудааст, ки зарари аз ҷониби судшаванда Ғ.У.Х. ба ў расонидашуда ба андозаи 16 500 (шонздаҳ њазору панҷсад) сомонї дар рафти тафтишоти пешаки пурра барќарор карда шудааст ва нисбати судшаванда Ғ.У.Х. даъво надорад.
Њамчунин аз ариза ва забонхатҳои љабрдидаҳо А.Б.М. ва Н.Р.И.. муайян карда шуд, ки зарари расонидашуда ба андозаи 49500 (чилунуҳ ҳазору панҷсад) сомонї дар рафти тафтишоти пешаки пурра барќарор карда шудааст.
Аз ин рў суд ба хулоса омад, ки бо назардошти њолати љойдошта ва талаботи ќонуни дар боло зикргардида нисбати судшаванда Ғ.У.Х. дар доираи санксияи моддањои 247 ќисми 2 бандҳои «а,в»-КЉ Љумњурии Тољикистон љазои љарима таъин намояд.
Суд масъалаи таъин кардан ё накардани љазои иловагиро дар намуди мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансабњои муайян ва ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян тибќи талаботи моддаи 50 КЉ Љумњурии Тољикистон ва Ќарори Пленуми Суди Олии Чумхурии Точикистон аз 29-майи соли 2003 тањти раќами 11 бо таѓйиру иловањо аз 23.06.2010 сол «Дар бораи таљрибаи аз љониби судњо таъин намудани чазоњои иловагї» муњокима намуда, ба хулоса омад, ки нисбати судшаванда Ғ.У.Х. татбиќ намояд, зеро љинояти мазкурро ў дар вобастаги ва вазифаи ишѓолнамудааш содир намуда дар мансабњои масъулияти моливу пули дошта фаъолият намудани ў то ислоњ ва тарбия ёфтанашон ѓайриимкон аст, бинобар ин суд ба хулоса омад, ки намуди љазои зикршударо нисбати судшаванда Ғ.У.Х. бо моддаи 247 ќисми 2 КЉ Љумњурии Тољикистон татбиќ кунад.
Дар маљмўъ суд њолатњои кор ва шахсияти судшаванда Ғ.У.Х.-ро ба назар гирифта бо риояи ќонунгузории љиноятӣ мувофиќи маќсад мешуморад, ки нисбати судшаванда Ғ.У.Х. љазоро дар намуди љарима бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансабњои муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян дар доираи санксияи моддањои 247 ќисми 2 КЉ Љумњурии Тољикистон таъин намояд.
Инчунин суд тибќи талаботи моддаи 78 КМЉ Љумњурии Тољикистон таќдири далелњои шайъиро низ мавриди муњокима ќарор дода ба хулоса омад, ки онњо дар ќабати маводњои парванда нигоњ дошта шаванд.
Бо дастрасии моддахои 332-336, 338, 339, 341-344, 347-349 ва 350-351, 357-359 КМЉ Љумњурии Тољикистон, суд-
Ҳ У К М К А Р Д:
Ғ.У.Х. дар содир намудани љиноят бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «а,в»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шавад.
Ба Ғ.У.Х. бо моддаи 247 ќисми 2 бандҳои “а,в”-и КЉ Љумњурии Тољикистон љазо дар намуди љарима ба андозаи 365 (сесаду шасту панҷ) нишондињанда барои њисобњо, баробар ба 23 360 (бисту се ҳазору сесаду шаст) сомонї ба фоидаи давлат, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансабњои масъулияти моливу пулї дошта дар мансабҳои хизмати давлатӣ ба мўњлати 3 (се) сол, таъин карда шавад.
Чораи пешгирӣ нисбати Ғ.У.Х. дар намуди забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат, пас аз ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми суд, бекор карда шавад.
Далели шайъӣ: Як адад фиттаи навъи DVD+R, зангҳои воридотию содиротии рақамҳои телефони руйхати зангҳои воридотию содиротии рақамҳои телефонии ——, —, ——, дар қабати маводҳои парванда нигоҳ дошта шаванд.
Тарафњо метавонанд ба њукми суд дар мўњлати дањ шабонарўз, аз лањзаи эълони он, ба Коллегияи суди оид ба парвандањои љиноятии суди шањри Душанбе шикоят ва эътирози кассатсионї пешнињод намоянд.
Раисикунанда: Ализода Ш.З.