Санаи 16 ноябри соли 2022 дар суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе , ҷамъомади тантанави бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷамъомад ҳуқуқшиносону мутахассисони соҳа аҳамияту муҳимияти ин рӯзи таърихиро дар назди ҳозирин бо маърузаҳо баромад намуда, ҳамзамон аз иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Бостонии Хуҷанд, вилояти Суғд, дар шароити ниҳоят вазнину сангин аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 баргузор гардида буд , ёдовар шуданд.