Нимаи аввали рўзи 25 октябри соли равон, дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, гуруҳи корӣ бо иштироки судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодирзода Тоҳир Қамар-раиси коллегия оид ба парвандаҳои граждании Суди Олӣ ва Раҳмонзода М.-судяи Суди Олӣ, Исозода Баҳодур Чиллахон-муовини раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Назарзода Даврон Қуват-судяи суди ноҳияи Шоҳмансур, намояндагон аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон байни омӯзгорону донишҷўёни факултетҳои химия, тиббӣ ва фарматсевтии Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», мавқеи Тоҷикистон ва талошҳои он бар зидди терроризм ва ифротгароии хушунатомез, пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ доир гардид.
Доир ба мавзўҳои зикршуда, Қодирзода Т.Қ.-судяи Суди Олӣ дар мавзўи татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва Исозода Б.Ч.-дар мавзўи мавқеи Тоҷикистон ва талошҳои он бар зидди терроризм ва ифротгароии хушунатомез баромаду суханронӣ намуданд.
Ҷаласаи мазкур дар шакли саволу ҷавоб давом дода шуда, дар охири ҷаласа ширкаткунандаи ҷаласа ба арҷгузорӣ ва эҳтироми муқаддасоти миллию рамзҳои давлатӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи Ватан, амният ва суботи ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси баланди миллии ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ҳидоят карда шуданд.
сарчашма: https://www.facebook.com/groups/546230435947288/permalink/1224251128145212/?mibextid=HyWhr2