Сиёсат
Президент ва таъмини фаъолияти мустақили судяҳо.
Таҷлили Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҷашну хурсандӣ фурсати муносибест, ки нақши ин институт дар рушди ҷомеа, таҷдиди умури иҷтимоӣ ва аҳамияти он дар бедории сиёсиву арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ ба таври васеъ матраҳ гардад. Зеро ин низоми идоракунӣ бо файзи хирад ва сарварии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон имкон фароҳам овард, ки кишвари мо дар ҷаҳони муосир мақоми арҷманде ба даст орад.
Хеҷ тардиде нест, ки дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик аксаран ин рӯзро ба хотири дурахшонтарин ҷеҳраи давлатсози миллӣ Президенти маҳбуби кишвар гиромӣ медоранд. Албатта, ҷунин навъи шинохт дурусту мантиқи ҳам ҳаст. Зеро нақши низоми идоракунии президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи фаъолиятҳои пурбаракату зиндагисозӣ Пешвои муаззами миллат бармалову судовар гардид.
Ҳосили барномарезӣ ва иқдомҳои бесобиқаи Президенти мамлакат буд, ки арзишҳои демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аносири муҳими ҷомеаи озод шинохта шуда, ҳамзамон, ҳоқимияти қонун дар мамлакат таъмин гардид. Дар ин замина, таҷриба собит менамояд, ки ҷузъи таркибии амалишавии вазифаҳои давлати демократӣ ва ислоҳоти ҷомеа аз сӯйи давлатро маърифати баланди ҳуқуқии аҳолӣ ташкил мекунад. Ин унсури калидӣ дар шароити имрӯза, ки зуҳуроти гуногунии номатлуб чун терроризму ифротгароӣ даст ба домони аҳли башар задааст, басо муҳим арёзбӣ мешавад. Бинобар ин, таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳияи барномаҳои нав дар ин самт ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор доранд.
Қобили зикр аст, ки татбиқи ҳадафҳо дар мавриди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ислоҳоти ҳуқуқи, бо барномаҳои ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ робитаи мустақим дошта, дар як вақт амалӣ гардидани онҳо самарнокии бештар ба миён меорад, ки мо, кормандони мақомоти судии кишвар онро дар амал санҷидаем.
Амалан, рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва дастовардҳои сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ба ҳусни таваҷҷуҳ ва тарҳҳои аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайяншуда ба даст омадаанд. Чунончи, бо ҳидоят ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат дар фаъолияти мақомоти судӣ таҳаввулоти комилан нав ба миён омада, мустақил будан ва дахлнопазарии фаъолияти судяҳо таъмин гардид. Пешвои муаззами миллат 21 ноябри соли 2019 зимни мулоқот бо кормандони мақомоти судии кишвар бо ишора ба ҳамин нуқта ҷунин таъкид карданд: “Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба кори онҳо манъ аст”.
Агар таъмини адолат дар ҷомеа яке аз пояҳои марказӣ ва устувори давлатдорӣ ба шумор равад, пас ҳокимияти судӣ дар таъмини адолат мақоми марказӣ дошта, ҳуқуқ озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба таври зарурӣ ҳифз менамоянд.
Мо, кормандони мақомоти судӣ бо изҳори садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷавоб ба ғамҳориҳои пайвастаашон, аз ҷумла афзоиши маблағгузории ҳамасолаи мақомоти судӣ, таъмини судҳо бо биною таҷҳизоти муосир ва дигар тадбирҳои анҷомшуда, поквиҷдонона дар тантанаи адолату ҳақиқат, таъмини қонуният, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд содиқона амал намоем.
Баҳодур Исозода
Муовини раиси суди ноҳияи Шоҳмансур
шаҳри Душанбе