Қозии адолат бояд одил бошад

Қозии адолат бояд одил бошад

Таври маълум ҳоло дар кишвари мо ислоҳоти судӣ идома дорад ва ин ислоҳот дар паи супоришоҳои Роҳбари давлат рӯз аз рӯз вусъат меёбад.

Пӯшида нест, ки дар мурофиаҳои судӣ ду ҷониб ширкат меварзанд ва хоҳ нохоҳ яке аз тарафҳо норозӣ аз ҳалнома ва ё ҳукми суд боқӣ мемонад. Аммо вазифаи суд чунин аст, ки тарафи норозиро бо оварадани асосҳои қонунӣ тавонад мутмаин гардонад, ки ӯ воқеан ҳам дар даъвои худ ноҳақ аст. Зеро шаҳрванд бо умед ба судҳо муроҷиат мекунад ва бояд фаҳмад, ки ин ё он ҳалнома ва ё ҳукм дар асоси қонун бароварда шудааст. дар паёми имсолаи Пешвои миллат низ ин нуқта таъкид гардидааст. Бинобар ин, барои он ки муроҷиаткунанда аз суд ва ё муроиаи судӣ норозӣ нагардад, бояд қонунҳои амалкунандаи кишварро дар ҳолатҳои зарурӣ ва дар мавридаш ба кор барад. Албатта, дар ҳолати норозигӣ ба суди марҳилаи аввал шаҳрвандон метавонанд ба суди зинаҳои болоӣ муроҷиат намоянд, вале ба андешаи ман беҳтар мебуд, агар масъалаҳои баҳсӣ, хусусан баҳси манзилу замин маҳз дар зинаи аввали судӣ роҳи ҳалли худро ёбанд. Барои ин, агар моддаҳои қонун дуруст дар ҷояш истифода гардад, чунин ҳолат имконпазир мегардад. Он гоҳ ҳам муроҷиаткунанда ва ҳам нафаре, ки нисбати ӯ даъво пеш оварда шудааст, аз вазъияти ба миён омада ҳарчи зудтар халос мешаванд ва барои дида баромадани парвандаҳо дар зинаҳои болоӣ маблағи иловагӣ ва вақти худро беҳуда сарф намекунанд. Таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки чунин ҳолатро маҳз судяҳое амалӣ карда метавонанд, ки таҷрибаи зиёд доранд ва қонунҳои амалкунандаро хуб медонанд. Мавҷеи ман ҳамчун судяи зинаи аввали судӣ маҳз ҳамин аст, ки агар қозии адолат боадолатона ва босаводона бо истифода аз қонунҳои амалкунанда ба ҳолати кор баҳо дода тавонад, норозигӣ аз ҳалномаю ҳукмҳои суд хеле камтар мегардад.

Судяи суди ноҳияи Шоҳмансур

шаҳри Душанбе:                                                                                                            Умарзода И.