Таърихи зиёда аз ду даҳсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди расидан ба Истиқлолият, ки фарогири айёми мудҳиши даргириҳо дар оташи ҷанги таҳлилии дохилӣ ва муваффақ шудан ба сулҳи пойдор ва Ваҳдати миллист, ба маънои томаш мактаби бузургу нотакрори давлатсозию давлатдорӣ ва эҳсоси хештаншиносиву худогоҳии миллист, ки тавассуташ кишвари азизамон тавонист, худро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари нодири сулҳофар муаррифӣ намояд. Маҳз, самараи Ваҳдати миллӣ ва тарғибҳои пайваста заминагузори ғояҳои ваҳдатгироӣ буд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ эътибори хоса пайдо намуд.
Бисту се сол муқаддам, санаи сарнавиштсози халқу миллати тоҷик — Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро расид. Ба имзо расидани Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997-ум ба вуқӯъ пайваст, барҳақ, воқеаи таърихиву тақдирсоз на танҳо барои сокинони кишвар, балки барои кулли ҳаммиллатони бурунмарзиамон низ буд, ки Тоҷикистонро хонаи умеди худ хондаанд.
Ваҳдати миллӣ асоси оромию осудагии мардум дар саросари кишвари маҳбубамон буда, тоҷикистониёнро ба мафкураи ягонаги, бародариву баробари сарҷамъ кардааст. Маҳз барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ нақши асосиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷастаи таърихии миллат иҷро намудааст, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузоштааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.
Санаи 27 июни соли 1997 баъди 8 даври гуфтушуниди пур аз моҷаро ва ихтилофангез дар шаҳри Москва натиҷаи саъю кушиши шабонарузии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари иродаи сулҳхоҳонаи халқи тоҷик Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид
Ба раванди сулҳсози ва аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон аз 9 марти соли 1996, ки байни роҳбарони ҳизбҳои сиёси, созмонҳои ҷамъиятӣ ва милли Тоҷикистон ба имзо расида буд саҳми Ҳаракати ваҳдати милли ва эҳёи Тоҷикистон ки роҳбарии онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад.
Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 5 майи соли 1992 то санаи 27 июни соли 1997 зиёда аз 100 ҳазор шаҳрвандон қурбон шуда, тахминан 1 млн гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ зарари моддӣ дидаанд. Ба имзо расидани Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мамалакатро аз таҳдиди нестшавӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт. Душманони миллат дар давраи ҷанг мехостанд, ки давлат ва миллатро нест намуда, давлати тоҷиконро аз байн баранд. Инчунин дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ хоинони миллат барои ноил шудан ба мақсадҳои ѓаразноки худ мардумро ба гуруҳҳо ҷудо намуда, байнашон низоъ андохтанд. Бо ин васила мехостанд миллатро пароканда намуда, давлатро ба нестӣ оварда расонанд, аммо кордониву сиёсати оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон нагузошт,ки хоинони миллат ба мақсади нопоки худ ноил гарданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст,ки ин аз ҷониби халқи Тоҷикистон эътироф карда шуда, боз як бори дигар ба мансаби пуршарафи президентӣ интихоб гардид
Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон, шинохта мешавад.
Ваҳдати миллӣ омили бузурги Истиқлолияти давлатӣ гардида, баъдан барои рушду нумуи кишвар дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла иҷтимоиёт, иқтисодиёт, фарҳангу таърих заминаи мусоид фароҳам меоварад. Тамоми дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо шарофати пойдории Ваҳдати миллӣ дар кишвар торафт густариш ёфта истодааст. Дар партави идеяҳои Ваҳдати миллӣ тоҷикистониён аз худшиносиву худогоҳии хеш бохабар гардида, арзиши Истиқлолияти давлатиро яке аз арзишҳои пурѓановат донистаанд. Яке аз нақшҳои асосии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалии Раҳмон ин мардуми парокандаи Тоҷикистонро пас аз солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳам овардан ва мутаҳид намудан мебошад. Тамоми дастовардҳои имрӯзаи кишвар: аз ҷумла такони ҷидди бахшидан ба НБО Роѓун, кушодашавии нақбҳо ва аз бунбасти комуникатсиони баромадани кишвар, таъмини аҳоли бо масолеҳи озуқаворӣ ва либоса ва дар радифи он ташаккули истеҳсолоти дохилии кишвар, барқарорсозии робитаҳои дипломативу хориҷи кишварҳои ҷаҳон шаҳодат дода истодааст,ки Тоҷикистон ҳамчун сарзамини биҳиштосо рӯз аз рӯз тараққӣ намудан маҳз бо шарофати қадамҳои устуворонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ а даст омадааст.
Ҳамин аст, ки бо гузашти солҳо баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдат институтҳои воломақоми сатҳи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро ба хотири татбиқи он дар минтақаҳои пурхурӯҷ ва даргири олам меомӯзанд. Солҳое, ки Тоҷикистон баъди расидан ба сулҳи умум аз сар гузаронд, марҳалаи рушди баркамоли кишварамон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ маҳсуб мешавад, ки аз ба имзорасии Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сарчашма мегирад. Сарпарасти сулҳи тоҷикон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо ҳаққу ҳуқуқи комили маънавӣ роҳи ягонаи таъмини сулҳу амниятро дар кишварҳои ҷангзада, таҳаммули тарафҳои даргир ва нишастан паси мизи гуфтугӯ эълом доштаанд.
Дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз аз сиёсати хориҷӣ ва тозатарин роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки: «Сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои судманд густариш диҳад» гуфтаанд, вобаста мебошад. Дар ин як ҷумла, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иқтибос оварда шуд, меҳвари асосии сиёсати хориҷӣ ва равобити байналмилалии Тоҷикистон барои имрӯзу фардо муайян шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат поягузори мактаби нав дар сиёсати хориҷӣ ва равобити байналмилалӣ мебошад, ки маҳз дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллаӣ ҳамчун давлатӣ соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва бунёдгузори муносибатҳои байналмиллаӣ баҳри ба даст овардани сулҳи пойдор, роҳ надодан ба истифодаи қувва дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофоти байни давлатҳои соҳибистиқлол муаррифӣ гардидааст. Зеро замоне ки ӯ масъулияти кишвари ҷангзада ва дар ҳоли фурӯпошӣ қарордоштаро бар уҳда гирифт, ҳеҷ поя ва заминае барои пешбурди сиёсати хориҷӣ вуҷуд надошт ва ҷомеаи ҷаҳонӣ давлатеро чун Тоҷикистон намедонистанд.
Ҳама медонем, ки агар Тоҷикистони мо дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар идоракунии бахши иқтисодию иҷтимоӣ замина ва таҷрибае дошт, дар бахши равобити байналмилалӣ чунин таҷриба ё вуҷуд надошт ва ё хеле маҳдуд буд. Дар даврони истиқлол низ ҳанӯз фурсати ин кор ба даст наомада буд. Зеро аз замони эълони Истиқлол (9 сентябри соли 1991) то шурӯи даргириҳои дохилӣ (майи соли 1992) на замони кофӣ дар ихтиёр доштему на давлати бокифоят бар сари кор, то равобити хориҷиро пай бирезаду мустаҳкам намояд ва мақому манзалати давлати нави тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ муайян созад… Пас, ҳар чӣ Эмомалӣ Раҳмон кардаанд, аз сифр оғоз кардану навоварӣ буд. Ва ба ҳар ҷо, ки аз тадбиру заковаташ ва аз эътимоду иттико ба хиради азалии мардуми худ расид ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллаӣ шинохта шуд.
Албатта, таърих сиёсатмадоронеро зиёд дидааст, ки давлати худро дар ҷаҳон муаррифӣ кардаанду сиёсати хориҷии худро ба ҷаҳониён қабул кунондаанд. Аммо нуктаи зариф ин ҷост, ки аксари онҳо бо зӯри силоҳ, бо маҳсулоти пешрафта ва ё бо пулҳои ҳангуфт дар саҳнаи ҷаҳон нақшофарӣ кардаанд. Пешвои миллати мо дар шароите қарор доштанд, ки бояд ҷойгоҳи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ бе ракетаву бомба, бе эҳдои ёриҳои фаровони башарӣ, бе сарфи миллионҳо доллар дар самти таблиғоти расонаӣ, бе содироти технологияи нодир (ки дар ихтиёри кишвари мо набуд) баланд бардоштааст. Ва он кас бо тадбиру фаросат, сулҳоварию ваҳдатофарӣ, ташаббусҳои созандаи глобалӣ, мавқеи босуботи сиёсӣ ва равобити неки байналмилалӣ ин корро кардаанд.
Аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шуда, таъкид намудан лозим аст, ки бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ –ҳам-зистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро ғояҳои олии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи моро имрӯзҳо торафт бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад. Ҳамзамон, ҳамеша мо бояд дар хотир дошта бошем, ки рисолати мазкур мавсимӣ набуда, балки доими мебошад. Бо татбиқи ҳарчӣ бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа мегардад. Оре, иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он ибтидо мегирад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои худ аз ҷумла гуфта буданд, ки «Ҳар як фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ сутунҳои заррине мебошанд, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояҳои давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем. Дар марҳалаи навини имрӯза мо бояд беш аз ҳарвақта бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон фаъолият намоем ва заҳмат кашем». Ин ҳама нақш ва корномаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойдории сулҳу субот ва ваҳдати милли бо ҳарфҳои заррин дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои наслҳои оянда навишта хоҳад шуд.
Бо арзи эҳтиром аз фурсати муносиб истифода бурда, Шумо- ҳамкасбони азиз ва меҳмонони гиромиро бо рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда ба шумоён дар корҳоятон бурдбориҳо ва дар хонадонатон оромиву хушбатиро таманно менамоям.
Котиби маҷлиси судии
суди ноҳияи Шоҳмансури
шаҳриДушанбе, Маҳмадмуродзода Ф.М.