Таҳкими ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол
Тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти суди ҳуқуқ озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Тибқи муқарарроти моддаи 9 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ дониста шуда, ҳамчун шохаи ҳокимияти мустақил рушду нумуъ дорад.
Мақомоти судии Тоҷикистон дар ҷараёни рушду такомул борҳо тағйири сохторӣ ёфта бошад ҳам, моҳияти фаъолияти асосии он-таъмини адолати судӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии инсон, шаҳрванд ва давлат, тағйирнопазир мемонад.
Хушбахтона, имрӯз мо шукргузорӣ аз соҳибдавлатии миллати куҳанбунёд ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон мекунем, ки дар ин даврон мақомоти судии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳкиму такмили бемайлон дорад.
9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатӣ ба даст оварда, 6 ноябри соли 1994 бо қабули аввалин Конститутсия Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳокимияти судӣ ҳамчун яке аз рукнҳои алоҳида ва мустқили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Бо моддаи 9 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, аз тобеияти ҳокимияти иҷроия бароварда шуда ва комилан мустақил гашта, заминаҳои воқеии таъмини мустақилияти судяҳоро фароҳам овард.
Дар ин замина маҳз бо қабули Конститутсия нав низоми судӣ дар Тоҷикистон такмил ёфта, доираи фаъолияташ нисбатан васеъ гардид.
Аввалин маротиба 3 ноябри соли 1995, таҳти №84 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистн «Дар бораи суди конститутсионӣ», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 96 «Дар бораи судҳои ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Конуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 92 «Дар бораи мақоми судҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», таҳти № 90, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи коргузории судӣ» таҳти № 86, 4 ноябри соли 1995, таҳти № 102 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва қабул гаштанд. Зарурияти қабули қонунҳои конститутсионии мазкур ин пас аз қабул гардидани Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо мақсади ба меъёрҳои Конститутсия мутобиқунонии қонунҳои соҳавии судҳо ва таъмини саривақтии ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон, ба талаботи давру замон ва қолабҳои байналмиллалии марбути рушди низоми судӣ мутобиқкунонии қонунҳо вобаста ба фаъолияти ҳокимияти судии кишвар ва баланд бардоштани нақши ҳокимияти судӣ дар ҷомеаи навин буд.
14 апрели 1997 сол Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №692 “Дар бораи баъзе масъалаҳои таъмин намудани мустақилияти ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар фармони мазкур масалаҳои таъмини мустақилияти судҳо ва беҳтар намудани ваъзи иҷтимоии судяҳо, қабул гардила буд.
Баъдан дар доираи ислоҳоти конститутсионӣ қонунҳои амалкунанда вобаста ба ташкил ва фаъолияти судӣ бекор карда шуда, ба ҷои онҳо 6 августи соли 2001 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судхои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо фарогирии масоили ташкилию ҳуқуқӣ, аз ҷумла сохтор ва фаъолияти судҳои кишвар, ба ҷуз Суди конститутсионӣ қабул гардид.
Дар натиҷаи ислоҳоти конститусионӣ дар таърихи сиёсии кишвар бо ба вуқуъ пайвастани таҳаввулоту тағйиротҳои куллӣ, ки дар раванди он парламенти давлатӣ дар симои Маҷлиси Оли таъсис ёфт, ин ислоҳот дар ташаккули минбаъдаи ҳокимияти судӣ, пешрафти фаъолияти он, таъмини мустақилияти судҳо нақши муассир гузошт.
Ин буд, ки дар асоси тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикитон аз 26 сентябри соли 1999 таъсиси Шӯрои адлия дар ҳокимияти судӣ пешбинӣ карда шуд.
Баҳри амалӣ намудани ин меъёри конститутсионӣ ва бо мақсади таҳия намудани таклифҳо оиди гузаронидани ислоҳоти судӣ, хоста гирифтан, пешбарии номзадҳо ба мансаби судягӣ, озод намудани судяҳо аз вазифа, ташкил намудани имтиҳоноти тахассусӣ, таъмини молиявӣ, моддиву-техникӣ ва такмили ихтисоси судяҳо ва кормадони дастгоҳи судҳо бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистн аз 14 декабри соли 1999 таҳти № 48 мақоми коллегияалӣ -Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Бо назардошти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар аз 22 июни соли 2003 бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17 майи соли 2004 таҳти № 833, муҳлати ба вазифаи судягӣ фаъолият намудан дар як давр аз 5 то 10 сол зиёд карда шуд, ки ин ҳолат барои тақвият ёфтани мустақилияти судяҳо имконияти васеъ фароҳам овард. Ҳамзамон бо ин тағйирот сину соли интихоб ва ё таъин гардидан ба вазифаи судягӣ аз сини 25 то 65 солагӣ муқаррар карда шуд.
Инчунин бо максади баланд бардоштани сатҳи малакаи касбӣ ва савияи дониши судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон аз 31 марти соли 2003, таҳти № 150 дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази таълимии судяҳо ташкил карда шуд, ки ин Марказ имрӯз дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ нақши муҳим дорад.
Дар доираи ислоҳоти конститутсионӣ бо мақсади такмил додани асосҳои ҳуқуқии ҳокимияти судӣ 23 июни соли 2007 Барномаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ қабул гардид, ки он бешубҳа дар рушду такомул ва тақвият ёфтани ин рукни мустақили ҳокимият нақши арзанда дорад. Дар ин барнома пеш аз ҳама васеъ намудани ваколатҳои мақомоти судӣ бо роҳи таҳияву қабули қонунҳои нав ва такмили санадҳои меъёриву ҳуқуқии амалкунанда пешбинӣ карда шуда буд.
Қабул гардидани як силсила қонунҳо ва кодексҳо, аз ҷумла кодексҳои мурофиавии гражданӣ, мурофиаи иқтисодӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо дар бораи судҳои ҳакамӣ, дар бораи истеҳсолоти иҷро ва як қатор дигар масъалаҳо ба таҳкими ҳокимияти судӣ мусоидат намуд.
Қисми зиёди ваколатҳои амрдиҳӣ доир ба пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, кофтукови манзил, ҳабси молу мулк, мувақатан аз вазифа дур кардан ва монанди инҳо дар асоси Кодекси нави мурофиавии ҷиноятӣ аз 1 апрели соли 2010 ба салоҳияти суд вогузор шуд. Ин тағйирот салоҳияти судҳоро боз ҳам васеъ сохт.
Дар раванди иҷрои ин Барнома сохторҳои нави судӣ ба монанди коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ташкил шуда буд. Инчунин институти судя- коромуз ташкил шуда то ҳол фаъолият дорад .
Ҷиҳати иҷрои талаботи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 Барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 таҳия ва тасдиқ гардид.
Дар амалӣ гардонидани ин Барнома дар таҳкими мустақилият ва масъулияти судҳо, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо, рушди қонунгузории соҳави ва дигар самтҳои фаъолияти мақомоти судӣ тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд. Яке аз чунин тадбирҳои баланд бардоштани маоши судяҳо, фароҳам овардани шароити моддию техникӣ, кори, яъне таъмири биноҳои аксари судҳо, ба истифода додани биноҳои нави судӣ дар баъзе шахру ноҳияҳо, ташкил кардани сомонаҳои интернетии судӣ ва таъмини судҳои ҷумҳури бо компютерҳо, аз ҷумлаи чораҳои андешидашуда мебошанд.
Барномаҳои мазкур ба масъалаи таҳкими ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат, баҳри рушду нумуи Тоҷикистони соҳибистиқлол равона карда шудааст.
Ҳамчунин моҳи январи соли ҷорӣ Барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-2017 тасдиқ карда шуд, ки он низ таҳкимбахши мақомоти судии кишвар ба ҳисоб меравад.
Раванди ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта, санаи 22 майи соли 2016 бо роҳи райпурсии умумихалқӣ тағйиротҳои куллӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштанд, ки дар ин замина баҳри таъмин намудани принсипи ягонагии фаъолияти ҳокимияти судӣ дар Конститутсия як қатор тағйиротҳо ворид карда шудаанд.
Дар иртибот ба тағйиротҳои ба Канститутсия воридгардида ба Конуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Аз ҷумла бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016 таҳти № 698 Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам хурда, салоҳияти ин мақомот ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.
Инчунин, дар муносибат ба шахсоне, ки бори аввал ба мансаби судяги таъин карда мешаванд, бо тағйиротҳои дар боло овардашуда талаботҳои мушаххас пешбини карда мешавад. Мансаби судягиро танҳо шаҳвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол намуда метавонанд. Шахсе ба вазифаи судяи Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, суди ВМКБ, суди вилоятҳо ва шаҳри Душанбе интихоб ва таъин мешаванд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошад.
Баҳри таъмин намудани мустақилияти судҳо, такмили сохтор ва таҳкими фаъолияти судҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилотҳо, қонунияту адолат, назорати саривақтии иҷроиши санадҳои судӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии кори судҳо, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳоро, инчунин такмили қонунгузории соҳавӣ, барномаи навӣ ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2019-2021 таҳия ва аз ҷониби Президенти мамлакат тасдиқ карад шудааст.
Барномаи мазкур идомаи мантиқии барномаҳои пештара буда, мақсади қабули он ҳарчи беҳтару хубтар намудани ҳолати ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти мақомоти судиро дар бар мегирад. Яъне ислоҳоти судӣ зина ба зина идома дорад. Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои давлат судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, вазифаи бевоситаи онҳо ба ҳисоб меравад, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳми босазо мегузоранд.
Раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Саидзода Гулбону Исуф