ТАКОМУЛИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР
ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ЧИ ГУННА СУРАТ ГИРИФТ.
Албатта истиқлолият барои мардуми тоҷик неъмати бебаҳост. Халқи тоҷик ки аз қадимулайём озодихоҳу озодипарст буд бар асари таҳавуллоти фарогири иҷтимоию сиёсӣ дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта баъди ҳазор солҳо ба эҳё ва эмори давлати миллии худ ноил гашт. Вале Тоҷикистон ва Тоҷикистониён дар раванди барқарсозӣ ва ташаккули давлату давлатдории навин ва таъмини амнияту оромии ҷомеа ва суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар сулҳу суббот ва амнияти миллӣ ба мушкилоти сангину вазнин ру ба ру гардида буд. Новобаста ба он, ки баъди пош хурдани иттиҳоди шуравӣ тамоми риштаҳои иқтисодӣ канда шуда, давлат дар буҳрони иқтисодӣ афтод, номуташаниҷидди дохили кишвари ба миён омад, локин хирад ва ақли мардуми бонагу ори тоҷик боло гирифта, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳадти миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки воқеан соҳибихтиёрии давлатро таъмин намоянд.
Дастоварди беназири мардуми тоҷик дар 25 соли даврони Истиқлолият ин таъмини сулҳу суботи комил, ваҳдату пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва болоравии ватандустиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст.
Вақте, ки мо сухан аз истиқлолият мекунем бевосита пеши назар ҳавоиди нангини солҳои навадуми асри гузашта ҷилвагар мешавад. Вале вақте, ки назар симои Тоҷикитсони имрӯза мекунем, бо мушоҳидаи ҳамаи ин созандагию бунёдкорӣ, сохтмони роҳу пулҳо, ки Точикистонро ба давлатҳои ҳамсарҳад пайванд месозад, ба истифода додани корхонаву иншоотҳо, сохтмони неруггоҳҳои хурди барқӣ, аз нав оғоз намудани сохтмони НОБ-и “Роғун”, сохтмони мактабҳо, сохтмон ва ба истифода додани нақбҳо, пайвасташвии хатти барқии шимолу ҷануб, сохтмони мактабу дигар иншоотҳои навину замонавии маишиву маъмурӣ, самарнок истифода бурдани ҳар як ваҷаб қитъаи замин, болоравии сатҳи модиву маишии зиндагонии мардум, ба мо имконият медиҳад шукргузорӣ аз он намоем, ки 29 соли истиқлолият ба мо ба мардуми тоҷик сарҷамии мардум тоҷикро, таъмини якпорчагии давлати азизамон, таъмин кардани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бумбасти комуникатсионӣ, таъмин кардани амнияти озуқавории мамлакро дод, ки ин дастоварди беназр ба ҳисоб меравад.
Яке аз дастовардҳои беназири мардуми тоҷик дар даврони Истиклолият аз он иборат аст, ки инсон ва ҳуқуқу озодинҳои ӯ, ҷавҳари асосии сиёсати давлатиро ташкил медиҳад. Баъд азсоҳибихтиёрӣ барои Тоҷикистон зарурияти қабули Конститутсия ба миён омад, зеро Конститутсия Тоҷикистони шуравӣ мутобиқ буда ва Конститутсияи Иттиҳоди шуравӣ ва он муносибатҳои баъди Истиклолият ба миён омадаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда наметавонист. Аз ин, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи райъпурисии умумихалқӣ Конститутсияи Тоҷикистони навин қабул гардид. Манҳз бо ин Конститутсия, ки таҷассумгари нуктаҳои асосии санднҳои байналмилалии Тоҷикитсонро онҳоро эътирофкарда ба ҳисоб меравад, дар пайрави ба ҷомеаи ҷаҳони инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, арзиши олӣ эътироф гардида, давлат ҳайёт қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро бо Конститутсия кафолат додааст ва имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикитсон барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо тавассути мақомоти қонунгузории кишвар қонунҳои муосири ҷавобгуйи талаботи ҷомеъаи демократӣ ва танзимкуннадаи фаъолияти бонизоми мақомоти давлатиро қабул намуда истодааст.
Раиси суди
ноҳияи Шоҳмансури
шаҳри Душанбе Саидзода Г.И.