Ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини ин сарзамин буда, он кафили сулҳу оромӣ, ҳувияти миллӣ ва суботи кишвар мебошад. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон мунтазам пеш рафта, суботу амнияти мардуми кишвар таъмин гаштааст.
Экстремизм ва терроризм падидаҳои гуногунҷанбаи ҳаёти муосир мебошанд. Ин хусусияти психологияи шахс ва идеологияи гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ва шаклҳои мувофиқи фаъолияти сиёсӣ ва тарзи вайроншудаи ҳалли зиддиятҳои чамъиятӣ мебошад. Дар баробари ин, терроризм мувофиқи ақидаҳои дар даҳсолаҳои охир ташаккулёфта ҳамчун бераҳмтарин ва нангинтарин зуҳуроти ифротгароӣ арзи вуҷуд кардааст. Потенсиали манфии ифротгароӣ бо вуҷуди ҷавонии нисбӣ (аз рӯи меъёрҳои таърихӣ) на танҳо чун шаҳрвандони алоҳида, балки дар тамоми давлатҳо эҳсос мешавад, ифротгароӣ аз ҳудуди кишварҳои алоҳида баромада, ба як мушкили глобалии башарият табдил ёфтааст. Бартараф кардани ифротгароӣ ва решакан кардани терроризм саъю кӯшиши муштараки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро тақозо мекунад.
Ҷаҳони имрӯза пур аз тазод, мушкилот ва ихтилофу зиддиятҳост, паҳншавии падидаҳои номатлуб ба монанди экстремизм, терроризм, радикализм, фундаментализм ва созмонёбии ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротгароӣ, созмонҳои террористии барои суботу амнияти ҷомеа хатарафзо авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Тибқи маълумоти коршиносон имрӯз дар ҷаҳон беш аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои динию ифротгаро ва созмонҳои террористию экстремистӣ ошкорову пинҳонӣ амал мекунанд. Тамоми мардум, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҳдиди хатарноки терроризм ва экстремизм ба амният, оромӣ ва суботи ҷомеа, муносибатҳои байналхалқӣ, бехатарии давлат ва ҳаёти шаҳрвандони он, рушди устувори кишварҳо ба изтироб омадаанд.
Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меоварад, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад. Тамоми давлатҳои дунё кeшиш мекунанд, ки роҳи нави мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро ҳарчи зудтар пайдо намуда, онро решакан намоянд. Ин ҷараёни хатарҳо метавонад ба несту нобуд кардани халқиятҳо, миллатҳо ва давлатҳо оварда расонад.
Ҳоло терроризм беш аз пеш хатари фаромиллӣ ва умумибашариро касб намудааст. Ин падида дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айни замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Ҳамасола дар арсаи терроризм ё барои мақсаду амалҳои террористӣ дар ҷаҳон дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллар сарф мегардад.
Дар яке аз баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.
Пеш аз он ки дар бораи созмонҳои террористӣ, ҳизбу ҳаракатҳои динӣ – ифротгароӣ, радикалӣ, фундаменталӣ сухан ронем, бояд худи ин мафҳумҳоро шарҳ бояд диҳем, ки он чӣ маъно дорад, сипас чеҳраи террорист, хислат, рафтору кирдор, андешаву афкори ӯро муайян ва мушаххас намудан мумкин аст.
Истилоҳи “террор” ё “терроризм” (аз калимаи лотинии “tеrrоr”) буда, маънои “тарсонидан, ваҳмангезӣ ва даҳшатафкан” -ро дорад. Терроризм бошад, ин содир намудани амалҳое мебошад, ки таҳдид ба марг намуда, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсондани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.
Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор меравад. Зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш — таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарар, таҷовуз, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар ин ё он мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра муайян карда шудааст.
Экстремизми динӣ – қатъиян эътироф накардани ғояҳои динии дигар, муносибат ва рафтори хашмгинона нисбат ба пайравони мазҳабҳои дигар, таблиғоти ақидаҳои устувор, «ҳақ будани як таълимоти динӣ», кӯшиши решакан намудан, бартараф намудан ва то ба ҳалокат расонидани намояндагони динҳои дигар мебошад.
Судяи суди ноҳияи
Шоҳмансури ш.Душанбе
Раҳмон М.Ю.