Шукрона аз истиқлолияту соҳибдавлатӣ бояд кард
Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Ба касе пӯшида нест ва касе инкор карда ҳам наметавонад, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръат дастовардҳои арзанда хеле зиёданд ва фаъолияти созанда дар ин самт рӯз аз рӯз вусъат гирифта истодааст.
Истиқлолияти мо дар сурате ҳифз мешаваду таҳким меёбад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад. Бояд ба насли наврас моҳияти соҳибистиқлолиро дар заминаи далелу рақамҳои асоснок фаҳмонем, то онҳо арзиши баланди онро дарк намоянд. Шарҳу тавзеҳ диҳем, ки оғози солҳои навадуми асри гузашта барои тоҷику тоҷикистониён солҳои хуб набуданд.
Ҳар яки мо бояд донем ва арҷгузорӣ намоем, ки истиқлолият аз замири халқи озодидӯсту фарҳангии тоҷик бархоста, бо тафаккури созанда ва иродаи шикастнопазири мардуми мо робитаи мустақим дорад. Аз ин нуқтаи назар, ҳифзи он вазифаи ҷонӣ ва рисолати инсонии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ маҳсуб мешавад.
Соҳибстиқлолӣ барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азми қавӣ ва нияти нек ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ қадамҳои устувор гузоранд.
Ин неъмати бебаҳо ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон рӯҳи нав бахшида, сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги кишварро ба зинаи нав бардошт. Дар давоми 29 соҳибистиқлолӣ бо роҳнамоии Роҳбари хирадсолорамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии заминаҳои зарурӣ фароҳам шуд. Қабули рамзҳои давлатдорӣ, аз қабили Парчам, Суруд ва Нишон, ба муомилот баровардани пули миллӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллиамон ба мо маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ муяссар гардид.
Дар зарфи 29 сол аз Ҷониби Ҳукумати мамлакат ба ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ диққати аввалиндараҷазоҳир шуда, замина фароҳам гардид, ки насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ ба камол расанд.
Аз он бояд ёдовар шавем, ки ба шарофати соҳибистиқлоӣ ва интихоби дурусти роҳи минбаъдаи пешрафт имконият муҳайё шуд, ки кишвари азизамон равобити худро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври муназзаму бомаром рушд дода, дар байни давлатҳои мутамаддини олам мавқеи сазовори худро пайдо намояд. То имрӯз давлати мо бо зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатиро роҳандозӣ намуда, бо онҳо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро тақвият мебахшад ва пайгирона густариш медиҳад.
Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд аз ифтихорманд бошад, ки дар давоми солҳои охир чор ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, ки гувоҳи обрӯи баланди байналмилалии кишвари азизамон ва эътирофи нақши он дар пешбурди масъалаҳои мубрами марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Ҷалби ҳар чӣ бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дарёфти роҳҳои муассири муқовимат ба хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, самти дигари талошҳои пайгиронаи сиёсатмадори муътабари сатҳи байналмилаӣ, Пешвои муаззамми миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ меҳвари асосии фаъолият қарор додааст.
Далелҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ҳама ҷанба дастовардҳо назаррасанд. Пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, бахусус, бахшҳои истеҳсолӣ, таъмин гардида, зиёда аз 150 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд ва дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам гардид. Сатҳи камбизоатӣ то 29,5 фоиз коҳиш ёфта, нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расид. Фавти модару кӯдак дар муқоиса бо соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар паст рафт.
Дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикии кишвар 1520 мегаватт зиёд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта, ба истифода дода шуданд. Бамаврид аст аз он ёдовар шавем, ки бори аввал дар 29 соли соҳибистиқлолии кишвар се соли охир мардуми мамлакат пурра бо барқ таъмин гардида, 3 миллиард киловатт — соат неруи барқ ба хориҷа содирот шуд. Шоҳиди ҳол ҳастем, ки бештари маблағи Буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ ва тавсеаи корҳои ободонӣ сарф шуда истодааст.
Пешвои миллат дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ иброз карда буданд, ки: «Дар шароити Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави он аз кӯҳҳо иборат аст, соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ аҳамияти бузург доранд». Бо дарназардошти муҳимияти масъала, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ бунёду таҷдид карда шуданд.
Дар назар бояд дошт, ки қисми даромади Буҷети давлатӣ аз 6,5 миллиард сомонии соли 2010 ба 24 миллиард сомонӣ расид ва афзоиши он қариб 4 баробар ва ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 43,7 фоизро ташкил дод. Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат тайи се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфт.
Боиси қаноатмандист, ки соли гузашта аз 20 номгӯйи молу маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда афзоиши истеҳсоли 15 номгӯйи он таъмин гардид. Ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии басуръат идомаи мантиқии иқдомҳои қаблӣ маҳсуб меёбад, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ эълон шуд. Ба шарофати ин иқдом дар назар аст, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад.
Бояд ёдовар гардид, ки ислоҳоти иқтисодии тайи солҳои охир амалишуда ба беҳтар гардидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла, сармояи мустақим, мусоидат карда истодааст. Тибқи маълумот, ҳоло дар кишвар татбиқи 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 30 миллиард сомонӣ идома дорад. Дар 10 соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст, ки қисми зиёди он ба рушди соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва бунёди инфрасохтор равона шудааст.
Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба мардуми Тоҷикистон чунин муроҷиат карда буданд: «Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем». Боварии комил дорам, ки ин таъкиди Сарвари давлат сармашқи кори тамоми қишри ҷомеа мегардад, зеро иҷрои он қарз ва рисолати инсонии ҳар як сокини кишвар мебошад.
Ардашер Муродзода,
судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур шаҳри Душанбе