ЗАБОНИ ТОҶИКӢ-ОЙИНАИ ҲАСТИИМИЛЛАТ 

Тамаддуни башарӣ башорат медиҳад, ки забон аз умқи таърих то имрӯз муҳимтарин воситаимуошират байни башар, табодули захираҳоимаънавӣ ва омили аслии пешрафти тамаддунҳомебошад. 

Ба таъбири донишмандон ќудрати забон –қудрати миллат ва намунаи олии дараҷаи рушдидиалектикии ҳаёти сиёсию фарҳангии он давомиҳазорсолаҳо мебошад.

Даврањои таърихиву сиёсии башар исбот намудааст, ки забон, фарҳанг ва тамаддуни миллӣбе таҷрибаи давлатдорӣ, яъне пуштибонии сиёсӣимкони такомул надоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон дар муқаддимаи китоби худ«Забони миллат-ҳастии миллат» чунин таъкиднамудаанд: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама даврузамон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дарҳофизаи худ нигоҳ медорад».

Таърих гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ то ба индавра чандин пайраҳаҳоро тай намуда, бо ибтикорифарзонафарзандони миллат поку беолоиш ба мо расидааст.

Бо чунин собиқаи таърихӣ забон муқаддастарин ва гаронбаҳотарин арзишимаънавии ҳар миллат шинохта шудааст. Миллате, ки забони модарии худро ҳифз мекунад, таърихуфарҳанги худро низ ҳифз карда метавонад.

Агар ба таърихи такомул ва инкишофи забони тољикӣ назар афканем, забони модарии мо дарпайванди маҳкам бо гӯишҳои ҳамрешаи худ дарраванди садсолаҳои фаротаърихӣ ҳамчун забонитамаддунофар дар минтақаҳои густурдаи ҷаҳон азмавқею азамати фарҳангии вижа бархӯрдор буд.

Аз баракати сиёсати фарњанггароёна вахирадбунёди Пешвои муаззами миллат муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ дарзодгоҳи худ мақоми пешин ва деринаи худро соҳибгардида, чун дар асри тиллоии тамаддуни тоҷикон– аҳди Сомониён ба забони расмӣ, сиёсат, ҳуқуқ, иқтисод, илму фарҳанг табдил гардида, мавридикорбурд қарор гирифтааст.

Забони тоҷикӣ ягона забони тамаддунсозест, ки ҳамчун меросбари тамаддуни бузурги ориёӣ дарсатҳи расмӣ пуштибон Конститутсияи ҶТ вамақоми тадбиқкуннадаи сиёсати давлатӣ дар сатҳиКумитаи забон ва истилоҳот дорад, ки дар ягонкишвари ҳавзаи тамаддуни Наврӯз назирашронадорад.

Забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳоидунё ба ҳисоб рафта, бо ин забон донишмандонубузургони илму адаб осори оламшумул офарида, дар ғановати ганҷинаи фарҳангу тамаддуниумумибашарӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Дар руйи олам миллати мо танњо миллати соњибзабон ва тамаддунофар аст, ки бо ин забони шевои шоирона ва зебо танҳо дар ахди бостон ҳудуди 300000 шоири соҳибдевон эҷод намуда, барои тақвият ва ташаккули забон саҳми босазогузоштаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки « бо забонитоҷикӣ, ки аз ҷумлаи қадимтарин ва гуворотаринзабонҳои дунё ба ҳисоб меравад, таърихи бостонӣва фарҳангу тамаддуни камназири миллате иншогардидааст, ки ба ҷаҳони аз ҳикмати зиндагӣ ваахлоқи ҳамидаи инсонӣ сабақҳои мондагоруомӯзанда додааст ва ин рисолати хешро то имрӯзидома дода истодааст».

Ва ҳамин асолати таърихӣ ва мондагор аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон забонро сарчашмаи ҳастии миллатномидаанд.

Бояд гуфт, ки забони тоҷикӣ ҳамчункуҳантарин забон дар минтақа дар тамомимарҳилаҳои сарнавиштсози таърихӣ барои миллатимо нақши сипарро иҷро намудааст.

Ба андешаи донишмандони соҳа, ин забони тамаддунофар тавассути чеҳраҳои мондагоримиллат, ки бо хираду ҷаҳонбинии хеш ба фарҳангибашарӣ саҳм гузоштаанд, то имрӯз моро ҳамчунмиллати фарҳангофару тамаддунсолор муаррифӣменамояд.

Агар сарнавишти забони тоҷикиро аз равзани таърих баррасӣ намоем, мебинем, ки яке аз марҳалаҳои «тиллои»-и рушди забони тоҷикӣ ваустувор гардидани ҷойгоҳи он ба аҳди ҳукмрониинахустин давлати миллии тоҷикон — Сомониён рост меояд. 

Пас аз инқирози ҳукумати Сомониён дарманотиқи Мовароуннаҳру Хуросон ҳарчандсулолаҳои тоҷиктабор аз истиқлоли сиёсӣ муддатемаҳрум гардиданд, вале истиқлоли фарҳангии онҳопойбарҷо буд. 

Фаъолияти барҷастаи олимон ва шуарои тоҷикдар асрҳои минбаъда боис шуд, ки забони тоҷикӣчун забони расмӣ ва илму адаб аз ҷонибисулолаҳои турктабор қабул гардад. Дар рӯ ба рӯишаҳомати забони тоҷикӣ ва мавқеи устувори он, кизабони фарҳангу тамаддуни минтақа ба ҳисобмерафт, халқҳои саҳронишини воридшуда баминтақа ғарқ шуда, маҷбур буданд, ки ин забонроба сифати забони расмӣ эътироф намоянд.

Истиқлоли давлатӣ ба миллати куҳанбунёдутамаддунофари тоҷик имкон дод, ки дар заминаисоҳибихтиёрии миллӣ ба арзишҳои миллиюфарҳангӣ арҷ гузорад.

Имрӯз дар заминаи сиёсати хирадмандона вафарҳангпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдатимиллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забонитоҷикӣ чун яке аз аркони муҳимми давлатдорӣ дарроҳи рушду такомул қарор дорад. 

Пешвои миллат забонро чун кафили ҳастиимиллат дониста, дар самти устувор намуданимақоми ин арзиши олии миллат якчандташаббусҳои саривақтӣ ва муҳимро дар амалтатбиқ намуданд.

Барои ҳар як тоҷики фарзона ҳамин ифтихоркофист, ки аз баракати истиқлолу соҳибдавлатӣСарвари давлати мо дар минбари баланди СозмониМилали Муттаҳид бо забони тоҷикӣ суханронӣменамояд. 

Ин падидаи нек барои гузаштагони бошарафи мо ҳамагӣ дар сатҳи орзу буд. 

Воқеан, садо додани забони тоҷикӣ дарбаландтарин минбарҳои ҷаҳонӣ барои ҳар яктоҷикистонӣ як лаҳзаи ифтихор ва ғурури миллӣмебошад.

Ба таъбири донишмандон забони модарии мо давоми таърихи чандҳазорсола мақому мартабаибузурги фарҳангсолорӣ дошта, ба бисёр миллатухалқият ва қавмҳои гуногун таъсир расонида, онҳоро ба ҳам овардааст. 

Аз ин рӯ, эҳтиром ва донистани забони тоҷикӣкушодани пайраҳа барои аз бар намудани дигарарзишҳое аст, ки барои рушду такомули халқиятумиллатҳо мусоидат менамояд. 

Ин аст, ки ҷаззобият ва бузургии забонимодарии мо дар қатори забонҳои бузурги дунёимрӯз забони давлатдорӣ ва ифтихори мо аст.

Бояд бомуҳобот ва аз рӯйи виҷдон зикр кард, ки дар пуштибонӣ ва дар яке аз суханрониҳоСарвари давлат иброз намуданд, ки «забон рукниасосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳибва пуштибони забонанд. Забон омили асосиирушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, кизабон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд». 

Пуштибонӣ аз забон ва поку беолоиш нигоҳдоштани он на танҳо вазифаи миллату давлат, балки вазифаи муқаддаси ҳар  фарди хирадманд вахудогоҳи тоҷик мебошад.

Тахмина Абдулазиззода

Судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур