ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Тоҷикистонро ба чаҳон

ва чаҳонро ба Тоҷикистон пайваст

       Агар бемории коронавирус дар чаҳон доман намезад ва марзи давлатҳо бо мақсади пешгирӣ аз интиқол ва сирояти ин маризӣ ба рӯи ҳам баста намешуд, яқин буд, ки кишвари биҳиштосои мо мисли солҳои гузашта дар ин шабу рӯз ҳазорҳо сайёҳи хориҷиро мизбонӣ мекард. Зеро ҷаҳонгардони хориҷӣ, дер боз Тоҷикистонро чун кишвари амну осоиш ва барои сайру саёҳат мувофиқу мусоид дарёфтаанд, ки сол ба сол афзудани ташрифашон ба хоки ин сарзамини дорои манзараҳои дилфиребу тамошобоб далели ин амр аст.

     Ҳоло бемории COVID – 19, ки тамоми иртиботи байналмилаливу минтақавиро аз ҳам гусаст, рӯ ба коҳиш ниҳода, мардуми олам хушбинӣ мекунад, ки ин беморӣ ба зудӣ мегузарад ва зиндагии аҳли башар ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад. Дар ҳар сурат марзҳо низ кушода шуда, туризми ҷаҳонӣ ба ҳаракат медарояд ва боз Тоҷикистон кишвари сайру саёҳат баргузида хоҳад шуд. Чунин майлу рағбати сайёҳони хориҷӣ дар ҳолест, ки замоне шаҳрвандони хориҷӣ ба далели ҷангу даргириҳои дохилӣ аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ меварзиданд. Вазъи ноороми кишвар дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ мамлакатро дар зеҳни мардуми сайёра минтақаи ноамну хатарзо ҷилва намуда буд.

Хушбахтона, талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ чунин пиндорро ба зудӣ аз мағзҳо дур кард. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фурсати кӯтоҳ аз вазъи харобиовари ҷанг раҳо шуда, дар роҳи барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ боиси пайравӣ ва кишвари ташаббускор дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардид.

Ҳоло дар ҳама ҷо мардуми хушиқболи тоҷик сухан аз ваҳдату ҳамдилӣ мегӯянд ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат саъй доранд, ки Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатиро дар фазои осудаи Ватан ва бо дастовардҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ истиқбол намоянд. Ин раванд баёнгари он аст, ки мардуми тамаддунофару сулҳпарвари тоҷик ваҳдати миллиро ҳамҷун шарти асосии пешрафти ҷомеа медонанд.

Дар ҷаҳони печидаи имрӯза арзише чун ваҳдати миллӣ, аҳамияти бештар касб намуда, таблиғи густардаи он ба манфиати ҷомеа аст. Зеро таҳдидҳои терроризму экстремизм ҳанӯз аз миён нарафта, гурӯҳҳои ифротие чун наҳзатиҳои хоин барои рахна кардани сулҳу ваҳдати миллати тоҷик даст аз тафриқаву ҷудоиандозӣ барнадоштаанд. Онҳо дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ, ки кишвари мо низ аз таъсири он эмин намонд талоши зиёде ба харҷ доданд, ки аз чунин вазъ низ ба манфиати худ истифода кунанд. Тавассути торномаву шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мурдумро бо пешбиниҳои ваҳмангези худ ба таҳлука андохта, аз маргу мири шаҳрвандон табли шодӣ мезаданд. Вале тадбирҳои саривақтиву санҷидашудаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рағми пешбинии душманони миллат дар пешгирии беморӣ ва табобати маризон натиҷаҳои басо судбахш дода, дигарбора коми наҳзатиҳои фурсатталабро талх кард. Ин гурӯҳи худбохта ҳар қадар, ки барои душманӣ бо халқи худ дасту панҷа нарм мекунад, ҳамон андоза расвою мавриди нафрати мардум қарор мегирад. Амалкардҳои ноҷавонмардонави онҳо нишон медиҳанд, ки мехоҳанд, дасти мардумро аз иттиҳоди ҳамбастагӣ ва сулҳу осоиш кӯтоҳ намоянд ва мисли солҳои аввали истиқлолият тарҳҳои хунини худро амалӣ созанд. Вале ҳаргиз чунин нахоҳад шуд. Зеро сатҳи огоҳии сиёсӣ ва худшиносии миллати тоҷик дар пояе қарор дорад, ки ҳадафҳои нопоку муғризонаи онҳоро дарк мекунанд.

Муовини раиси суди

ноҳияи Шоҳмансури ш.Душанбе

Исозода Б.Ч.