Ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе по парвандаи ҷинояти бо банди “б” қисми 2 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКМ

АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

29 майи соли 2019                                                                                шаҳри Душанбе

 

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Дар ҳайати раисикунанда: Ҳабибуллозода Х.

Бо котибии: Ҳоҷиев А.А.

Айбдоркунандаи давлатӣ: ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Зеварова З.

Ҳимоятгар: Шарипов П. ордери таҳти №012937

Дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро нисбати:

  1. Л.А.М. 19 марти 1973 соли таваллудаш, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, расман бекор, оиладор соҳиби чор фарзанд, қаблан суд нашудааст, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи —- хонаи —;
  2. Л.Д.А. 24 августи 1997 соли таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, муваққатан бекор, оиладор соҳиби ду фарзанди хурдсол, қаблан суд нашудааст, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи —- хонаи —-, ки аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ дар содир намудани ҷиноят бо банди “б” қисми 2 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида айбдор дониста шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода:

 

МУАЙЯН КАРД:

 

Л.А.М. ва Л.Д.А. якҷо ҷинояти авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад, бо истифодаи зуровариро дар ҳолати зерин содир кардаанд.

Чунончи: Таърихи 27 апрели соли 2019 тахминан соати 10:00 дақиқа Л.А.М. ҳангоми дар суроғаи шаҳри Душанбе кӯчаи Лоҳутӣ назди собиқ бозори Шоҳмансур қарор доштан ва убур кардани роҳи автомобилгард, бо назардошти аз ҷониби ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Тойота Камри” Н.Ҷ.М. наздаш наздик қарор додани воситаи нақлиёт ва дар ин миён сар задани баҳс Л.А.М. аз ҳиссиёти авбошӣ ронандаи воситаи нақлиёт Н.Ҷ.М.ро дашномҳои қабеҳ намуда, аз ин қаноат накарда, зимни аз воситаи нақлиёт фаромадани ронанда охиринро мавриди лату куб қарор додааст. Ин ҳолати ҷойдоштаро фарзанди Л.А.М. – Л.Д.А., ки дуртар аз канори роҳ қарор дошт, дида, омада, ба эродҳои падараш Л.А.М. бобати ҷонибаш ҷанҷол накардан, эътибор надода, назди шаҳрванд Н.Ҷ.М. давида, охиринро бо дастонаш мавриди лату куб қарор додаанд, ки дар натиҷа бо ин амалашон дуҷониба тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карданд.

Мувофиқи хулосаи ташхиси тиббӣ – судӣ таҳти №2497 аз 06 майи соли 2019 ҷароҳатҳои ҷисмонии бадани ҷабрдида Н.Ҷ.М. дар намуди шакли захми латхурда, хунрезиш ва хуномосҳо ба зарари сабук ба саломатӣ мансуб дониста мешавад.

Аз ҷониби судшавандагон Л.А.М. ва Л.Д.А. баъди маслиҳат бо ҳимоятгарашон Шарипов П. ба суд тибқи талаботи моддаи 310 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост дар бораи гузаронидани мурофиа бо тартиби соддакардашудаи судӣ пешниҳод гардид.

Дар дархости худ судшавандагон дарҷ кардаанд, ки онҳо худашонро дар содир намудани ҷиноят пурра гунаҳгор мешуморанд, аз кардаашон сидқан пушаймон мебошанд ва худиқрории онҳо маҷбурӣ нест.

Аз ин рӯ аз суд хоҳиш намуданд, ки парванда тариқи соддакардашуда мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Айбдоркунандаи давлатӣ ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Зеварова З. ва ҷабрдида Н.Ҷ.М. низ тибқи аризаи хаттӣ тарафдори қонеъ намудани дархости судшавандагон гардида, хоҳиш намуданд, ки дархост қонеъ карда шавад ва парванда тариқи соддакардашуда баррасӣ карда шавад.

Мувофиқи талаботи қисми 1 моддаи 310 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар сурати ба гуноҳаш иқрор шудани судшаванда, ки аз ҷониби тарафҳо таҳти баҳс қарор нагирифтааст ва судро низ таҳти шубҳа намегузорад, суд, судя бо мувофиқаи тарафҳо баъди аз судшаванда муқаррар кардани он, ки оё эътирофи ӯ маҷбурӣ нест, ҳуқуқ дорад танҳо бо таҳқиқи далелҳое маҳдуд шавад, ки тарафҳо онҳоро зикр кардаанд ё тафтиши судиро хатмшуда эълон карда ба музокираҳои судӣ гузарад.

Суд муайян намуд, ки эътирофи судшавандагон Л.А.М. ва Л.Д.А. маҷбурӣ нест ва лозим шуморид, ки мурофиаи судиро ба тариқи соддакардашуда баррасӣ намояд.

Ҳамзамон суд ба тарафҳо талаботи қисми 2 моддаи 310 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаҳмонида дод, ки даст кашидан аз таҳқиқи далелҳо боиси бо ин асосҳо имконнопазир шудани арзи шикоят ё эътироз ба ҳукм мегардад.

Суд онро ба назари эътибор мегирад, ки ҷазои таъиннамудаи суд аз се ду ҳиссаи мӯҳлат ё андозаи ҷазои баландтарини барои ҷиноятҳои содиршуда пешбинигардида зиёд буда наметавонад.

Ба мукаллафии судшавандагон Л.А.М. ва Л.Д.А. суд шакку шубҳа надорад. (в.п. 74, 78)

Гарчанде судшавандагон Л.А.М. ва Л.Д.А. худашонро дар содир кардани ҷиноят бо банди “б” қисми 2 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор ҳисоб намоянд ҳам, зиёда аз ин гуноҳи онҳо боз бо: гузориши сардори шӯъбаи тафтишотии шӯъбаи вазорати корҳои дохилӣ №1 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 27 апрели соли 2019 (в.п. 2), ариза ва баёноти хаттӣ манзурнамудаи Н.Ҷ.М. аз санаи 27 апрели соли 2019 (в.п. 3-5), санади тадқиқоти (шаҳодатгардони)-и тиббӣ – судӣ таҳти №2327 аз 27 апрели соли 2019 (в.п. 6-7), баёноти худиқрорӣ додаи Л.Д.А. ва Л.А.М. аз санаи 27 апрели соли 2019 (в.п. 8-9, 14-15), протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса аз 27 апрели соли 2019 (в.п. 22-24), протоколи пурсиши Н.Ҷ.М. ба ҳайси ҷабрдида аз санаи 29 апрели соли 2019 (в.п. 26-28), протоколи пурсиши Л.Д.А. ва Л.А.М. ба ҳайси гумонбаршуда аз 29 апрели соли 2019 (в.п. 31-34, 37-39), протоколи пурсиши К.В.К. ба ҳайси шоҳид аз 30 апрели соли 2019 (в.п. 43-44), протоколи азназаргузаронии далели шайъӣ аз санаи 04 майи соли 2019 (в.п. 86-87), хулосаи эксперти маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ – судӣ аз санаи 02 майи соли 2019 (в.п. 89-90), протоколи пурсиши Л.А.М. ва Л.Д.А. ба сифати айбдоршаванда аз 08 майи соли 2019 (в.п. 123-125, 128-131) ва ғайраҳо тасдиқи бебаҳси худро ёфтааст.

Ҳолатҳои ҷойдоштаро ба инобат гирифта, суд кирдори судшавандагон Л.А.М. ва Л.Д.А.ро барои ҷинояти авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад, бо истифодаи зуроварӣ ва таҳдиди он банду баст менамояд.

Суд ҳангоми таъин намудани ҷазо нисбати судшвандагон Л.А.М. ва Л.Д.А. талаботҳои моддаҳои 4, 46, 60 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №33 аз 24 декабри соли 2010 “Дар бораи ҳукми судӣ” ва Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №20 аз 26 июни соли 2009 “Дар бораи таҷрибаи судии баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба авбошӣ”-ро ба восита ва дараҷаи ба ҷамъият хавфнокии ҷинояти содиршуда, ки ҷинояти мазкур ба муқобили тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ равона гаштааст, шахсияти судшавандагон Л.А.М. ва Л.Д.А., ки қаблан суд нашудаанд, ба гуноҳашон пурра иқрор мебошанд, аз кардаашон софдилона пушаймонанд, ҷабрдида Н.Ҷ.М. нисбат ба онҳо даъво надоранд, аз маҳалли иқомати худ мусбӣ арзёбӣ карда шудаанд ва дигар ҳолатҳое, ки ҷазои судшавандагонро сабук ва вазнин мегардонанд, ба инобат мегирад.

Ҷинояти аз ҷониби судшавандагон Л.А.М. ва Л.Д.А. содиркардашуда, тибқи талаботи қисми 3 моддаи 18 ба категорияҳои ҷиноятҳои дараҷаашон миёна мансуб мебошад.

Мувофиқи моддаи 61 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ҳамчун ҳолатҳои сабуккунанда дар кирдори судшаванда Л.А.М. ин: аз ҷониби ӯ пурра ба гуноҳи худ иқрор будан, сидқан пушаймон шудан, инчунин аз ҷониби ҷабрдида нисбат ба охирин даъво надоштанаш мебошад, ки ин ҳолатҳо аз ҷониби суд ба инобат гирифта мешаванд.

Мувофиқи моддаи 62 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолате, ки ҷазоро нисбат ба судшаванда Л.А.М. вазнин мекунанд, мавҷуд намебошад.

Мувофиқи моддаи 61 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳое, ки ҷазоро нисбат ба судшаванда Л.Д.А. сабук мекунанд, ин: аз ҷониби охирин бори аввал содир намудани ҷиноят, ба гуноҳаш иқрор будан, сидқан пушаймон шудан, инчунин нисбаташ даъво надоштани ҷабрдида мебошад, ки ин ҳолатҳоро суд ба инобат мегирад.

Мувофиқи моддаи 62 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолате, ки ҷазоро нисбат ба судшаванда Л.Д.А. дар кирдораш дида намешавад.

Раводиди банди “б” қисми 2 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷарима ва маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ менамояд.

Суд хусусият ва дараҷаи хавфнокии ҷинояти содирнамудаи судшавандагон Л.А.М. ва Л.Д.А., шахсияти онҳо, дарк намудани амали худ баъди содир намудани ҷиноят, пушаймонӣ изҳор доштанашон инчунин даъво надоштани ҷабрдида нисбат ба онҳоро мавриди муҳокима қарор дода, ба хулоса омад, ки нисбати судшавандагон ҷазоро дар намуди ҷарима бо дастрасии моддаи 63 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намояд.

Мувофиқи талаботи қисми 3 моддаи 70 Кодеки ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон “ҳангоми таъин намудани ҷазо ба маҳкумшудаи то мурофиаи судӣ дар ҳабс нигоҳдошташуда дар намуди ҷарима, маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва машғул шудан бо фаъолияти муайян, агар онҳо ба сифати ҷазои асосӣ таъин шуда бошанд, суд бо дарназардошти мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани ӯ, ҷазоро сабуктар мекунад ё аз адои он пурра озод менамояд.

Аз сабаби он ки нисбат ба судшаванда Л.А.М. ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ карда мешавад, охирин аз санаи 29 апрели соли 2019 то ба имрӯз, муддати сӣ шабонарӯз дар ҳабс қарор дорад, суд ба хулоса омад, ки дар асоси моддаҳои номбурда мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани судшаванда Л.А.М.ро ба ҳисоб гирад.

Бо инобати он ки нисбати судшаванда Л.А.М. ҷазои ғайриҳабсӣ дар намуди ҷарима таъин мегардад, суд ба хулоса омад, ки чораи пешгирӣ нисбати судшаванда дар намуди ҳабс татбиқшударо бекор намуда, охиринро фавран аз толори маҷлисгоҳи судӣ озод намояд. Зимнан чораи пешгирӣ нисбати судшаванда Л.Д.А. дар намуди забонхат бобати тарк накардани маҳалли иқомат татбиқшуда баъди эътибори қонуи пайдо кардани ҳукми судӣ бекор карда шавад.

Ҳамзамон суд тақдири далели шайъӣ: як адад фиттаи тамғаи “Linux” бо навиштаҷоти “DVD+R16X” бо сабти навори видеоӣ ҳодисаи ҷинояти авбошӣ, ки дар қабати маводҳои парвандаи ҷиноятӣ нигоҳ дошта шудааст, дар асоси талаботи моддаи 78 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода, ба чунин хулоса омад, ки далели шайъии мазкур чун қабл дар қабти маводҳои парвандаи ҷиноятӣ нигоҳ дошта шавад.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 310, 332-336, 338 қисми 2 сархати 1, 339 қисмҳои 1 ва 2, 341 қисми 1, 342-344, 347, 348 ва 349-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд:

 

ҲУКМ КАРД:

 

Л.А.М. ва Л.Д.А. бо банди “б” қисми 2 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба онҳо ҷазоҳои зерин таъин карда шавад.

Ба Л.А.М. ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба маблағи шасту шаш ҳазор сомонӣ ба манфиати давлат таъин карда шавад.

Дар асоси қисми 3 моддаи 70 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати дар ҳабс қарор доштани судшаванда Л.А.М. аз 29 апрели соли 2019 то 29 майи соли 2019, ки сӣ шабонарӯзро дар бар мегирад, ба ҳисоб гирифта шуда, ба Л.А.М. ҷазои ниҳоӣ дар намуди ҷарима ба андозаи як ҳазору сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба шаст ҳазору панҷсад сомонӣ ба манфиати давлат муқаррар ва таъин карда шавад.

Чораи пешгирӣ нисбати Л.А.М. дар намуди ҳабс татбиқшуда бекор карда шуда, охирин аз толори маҷлиси судӣ озод карда шавад.

Ба Л.Д.А. ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба маблағи панҷою панҷ ҳазор сомонӣ ба манфиати давлат таъин карда шавад.

Чораи пешгирӣ нисбати Л.Д.А. забонхат оиди тарк накардани маҳалли истиқомат баъди эътибори қонун пайдо кардани ҳукми суд бекор карда шавад.

Далели шайъӣ як адад фиттаи тамғаи “Linux” бо навиштаҷоти “DVD+R16 бо сабти навори видеоӣ ҳодисаи ҷинояти авбошӣ чун қабл дар қабати маводҳои парвандаи ҷиноятӣ нигоҳ дошта шавад.

Нисбат ба ҳукм дар муддати даҳ шабонарӯз тавассути ҳамин суд ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе шикоят ва ё эътирози кассатсионӣ  овардан мумкин аст.

 

Раисикунанда:                                                                                    Ҳабибуллозода Х.