Ҳукми суди н.Шоҳмансури ш.Душанбе аз ҷониби судя Ҷобирзода С.Ҳ, бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” -и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Ҳ У К М

АЗ  НОМИ ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

 

           Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе., дар ҳайати раисикунанда Ҷобирзода С.Ҳ., бо котибии  Ҷонзода Б., айбдоркунандаи давлатӣ Холов Р.Ҳ., дар маҷлиси ошкорои судӣ дар толори суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, 03 сентябри соли 2019, парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда:

Ш.З.М., 1 феврали соли 1983  санаи таваллудаш, зода ва сокини ноҳияи ——, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, муваққатан бекор, оиладор соҳиби  се фарзанд, қаблан суд шуда, доғи судӣ надорад,

Оиди содир намудани ҷинояти дар моддаи 247 қисми 4 банди “б” -и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии  Тоҷикистон пешбинишударо, баррасӣ намуда-

 

 М У А Й Я Н    К А Р Д:

 

Судшаванда Ш.З.М. дар ҳолатҳои зерин даст ба содир намудани ҷиноят задааст.

Чунончӣ, ӯ бо мақсади қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ҳангоми дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд қарор доштанаш моҳи январи соли 2018 бо шаҳрванд А.М.Ш. сокини шаҳри Хуҷанд шиносоӣ пайдо намуда, ба охирин худро ҳамчун корманди суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе муаррифӣ намудааст. А.М.Ш. пас аз чанд муддати шиносоӣ бо Ш.З.М. ба охирин гуфтааст, ки мақсади ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуданро дорад. Ш.З.М. аз ин фурсати бамаврид истифода намуда, бо роҳи фиреб ба боварии А.М.Ш. даромада гуфтааст, ки ӯ корманди мақомоти судӣ буда, шиносони зиёд дошта,  имконияти А.М.Ш.- ро ба ин Донишгоҳ дохил карданро дорад ва бо мақсади ба даст овардани даромади муфт барои ба Донишгоҳи мазкур дохил намудан аз А.М.Ш. маблағи пулӣ талаб намудааст.

А.М.Ш. бехабар аз мақсади Ш.З.М. ба ваъдаҳои бардуруғи ӯ бовар карда, бо талаби Ш.З.М. маротибаи аввал 10-уми марти соли 2018 барои ба Донишгоҳ дохил шуданаш маблағи 7000 (ҳафт ҳазор) сомонӣ дар назди беморхонаи “Соича”-и ноҳияи Б.Ғафуров ба охирин додааст. Бо ҳамин тартиб Ш.З.М. дидаю дониста, ки инконияти ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил кардани А.М.Ш.-ро надорад, кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, маротибаи дуюм охирҳои моҳи марти соли 2018 дар маркази шаҳри Бустони вилояти Суғд маблағи 12000 (дувоздаҳ ҳазор сомонӣ), маротибаи сеюм 2-уми июни 2018 сол ба воситаи филиали БДА  “Амонатбонк”-и шаҳри Душанбе  маблағи 1000 (як ҳазор ) сомонӣ, маротибаи чорум охирҳои моҳи майи соли 1018 дар маркази шаҳри Бустони вилояти Суғд маблағи 5100 (панҷ ҳазору сад) сомонӣ ва маротибаи панҷум 04.06.2018 сол дар маркази савдои Садбарг”-и шаҳри Душанбе маблағи 100 (сад) сомонӣ, ҷамъ  25200 (бисту панҷ ҳазору дусад) сомонии А.М.Ш.-ро гирифта, ба манфиати шахсияш сарф намуда, ба А.М.Ш. зарари махсусан калони моддӣ расонидаст.

Судшаванда Ш.З.М. дар мурофиаи судӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” -и   КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон худро пурра гунаҳгор ҳисобида, чунин нишондод дод, ки аввалҳои соли 2018 ҳангоми дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо як шиносаш бо номи Муҳаммад вохӯрда, ҳамсуҳбат шудааст. Зимни суҳбати онҳо А.М.Ш., ки пештар бо Муҳаммад шиносоӣ дошт ба наздашон омадааст. Муҳаммад, А.М.Ш.-ро бо ӯ шинос карда, ӯ худро ҳамчун корманди мақомоти судӣ ҳарбӣ муаррифӣ намуда, номашро Р.З. гуфта, рақамҳои телефони якдигарро барои дар оянда занг задану ҳамкорӣ намудан гирифтаанд. Баъди бо А.М.Ш. шиносоӣ пайдо кардан ва ба боварии ӯ даромадан дар панҷ ҳолат маблағи 25200 сомонии А.М.Ш.-ро бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз бовариаш тасарруф кардааст. Маротибаи якум санаи 10.03.2018 сол маблағи 7000 (ҳафт ҳазор) сомонӣ, маротибаи дуюм охирҳои моҳи марти соли 2018 маблағи 12000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ, маротибаи сеюм бо хоҳиши ӯ, А.М.Ш. аз шаҳри Хуҷанд ба воситаи филиали БДА «Амонатбонк» ба номи Б.А. ба Ш.З.М. маблағи 1000 сомонӣ ирсол кардааст, маротибаи чорум маблағи 5100 (панҷ ҳазору сад) сомонӣ Ш.З.М. дар шаҳри Хуҷанд аз А.М.Ш. гирифтааст, маротибаи охирин маблағи 100 сомониро моҳи июли соли 2018 дар шаҳри Душанбе дар назди Маркази “Садбарг” гирифтааст.

Ӯ ин маблағҳоро аз А.М.Ш. бо роҳи фиреб, ки гӯё ӯро ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил карда метавонад гирифта, ӯро фиреб намуда,  маблағҳоро ба манфиати шахсии худ сарф намудааст. Дар асл ӯ ягон касро намешинохтааст ва ба ягон Донишгоҳ дохил карда ҳам наметавонистааст.

Ӯ аз кардааш пушаймон буда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои ғайриҳабсӣ таъин карда шавад, дар ҳолати пайдо шудани имконият зарари ба ҷабрдида расонидашударо барқарор менамояд.

Ҷабрдида А.М.Ш. дар мурофиаи судӣ чунин нишондод дод, ки моҳи январи соли 2018 ба воситаи як шиносаш бо номи Муҳаммад бо Ш.З. шиносоӣ пайдо кардааст. Зимни шиносоӣ Ш.З.М. худро корманди мақомоти суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе  Р.З. муаррифӣ кардааст.

Баъди шиносоӣ Ш.З.М. аз ӯ пурсидааст, ки чи кор мекунад. Ӯ ба Ш.З.М.  гуфтааст, ки  зани хонашин мебошад ва мақсад дорад, ки дар оянда ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил шавад. Ш.З.М. баъди шунидани  суханони ӯ дарҳол ба охирин гуфтааст, ки декани ин донишгоҳ ҳамсояаш буда, бо ӯ муносибати хуб дорад.                                                                     Пас ӯ гуфтааст, ки моҳи майи соли равон мақсади ба ин донишгоҳ супоридани ҳуҷҷатҳояшро дорад, Ш.3.М. дарҳол аз назди ӯ ба нафаре занг зада, каме бо телефон ҳамсуҳбат шуда, сипас ба А.Ш. гуфтааст, ки кораш ҳал шудаст, ӯ бо муаллим гaп зада, ӯро ба Донишгоҳ қабул мекунад, тамоми ҳуҷҷатҳояшро ҷамъоварӣ карда тайёрӣ бинад,  барои қабул кардани ҳуҷҷатҳояш  маблағи 1000 (як ҳазор) доллари ИМА пешпардохт кунад.

Ш.З.М. дилпурона сухан мегуфтааст, ки ӯ пурра ба Ш.З.М. бовар  карда,   аз бонк  маблағи пулӣ қарз гирифта, моҳи марти соли 2018 ба Ш.З.М. маблағи 7000 (ҳафт ҳазор сомонӣ) додааст. Баъдан боз якчанд маротибаи дигар Ш.З.М. барои ба донишгоҳ дохил кардан  аз вай маблағи пулӣ талаб карда, ӯ бовар намуда, ба Ш.З.М. маблағҳои талабнамудаашро дода, як маротиба ба воситаи бонк 1000 сомонӣ интиқол дода, ҷамъ Ш.З.М. 25200 (бисту панҷ ҳазору дусад) сомониашро тасарруф намудааст, ки ин маблағро ӯ аз бонк гирифта будааст ва то ҳол бо фоизҳояш қарзро баргардонида натавонистааст. Ӯ дар ягон ҷой кор намекардааст,  соҳиби як фарзанди ноболиғ буда, дар хонаи падару модараш зиндагонӣ мекардааст ва зарари расонидашуда барои ӯ  махсусан калон мебошад. Аз суд хоҳиш намуд, ки зарар аз ҳисоби судшаванда ба фоидаи ӯ рӯёнида шуда, дар доираи қонун нисбати судшаванда ҷазо таъин карда шавад.

Шоҳид Ш.М.М. дар мурофиаи судӣ чунин нишондод дод, ки Ш.З. бародари ӯ мебошад, ки оиладор ва сҳиби се фарзанд мебошад. Солҳои 2009-2010 бародараш Ш.З.М. дар Муассисаи ислоҳии 9/2 СРИЫЫ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият карда, сипас ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия рафта, аз ин ҳисоб рузғорашро пеш мебурдааст. Охирҳои соли 2018 ӯро ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даъват карда, оиди ҳолати аз ҷониби бародараш Ш.З.М. содир намудани ҷинояти қаллоби пурсон шуда, ӯ дар ҳамон ҷо фаҳмидааст, ки бародараш Ш.З.М. бо роҳи фиреб ба боварии як зан даромада маблағҳои пулии ӯро тасарруф намудааст.

Шоҳид Қ.М.Х. дар мурофиаи судӣ чунин нишондод дод, ки аз соли 2017  инҷониб бо А.М. шинос буда, байни онҳо муносибати хуби дустона ҷой дорад. А.М.Ш.  сокини шаҳри Хуҷанд буда, ҳар вақте ки ба шаҳри Душанбе ояд,  дар хонаи ӯ меҳмон мешавад. Соли гузашта тахминан моҳи май А.М. ба ӯ гуфтааст, ки як шиносаш бо номи Зафар бо роҳи фиреб ба боварии ӯ даромада, барои ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил карданаш аз вай маблағи калони пулӣ гирифтааст. Баъдан Амонова М. бо кумаки шиносонаш ному насаби аслии Зафар ва суроғаи ӯро муайян кардаанд, ки ӯ сокини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон будааст. Тахминан миёнаҳои моҳи июли соли 2018 ӯ бо хоҳиши А.М. ба ноҳияи Хуросон ба суроғаи ҷойи зисти Ш.З.М. рафта, бо волидони ӯ вохӯрдаанд. А.М.Ш. бо падару модари Ш.З.М. вохӯрда, дар бораи он ки  писарашон ӯро фиреб намуда, маблағҳои пулиашро гирифтааст, ҳамсуҳбат шудааст. Дар рафти суҳбат падари Ш.З.М. ба онҳо гуфтааст, ки аз ин рафтори писараш ба дод омадааст. Писараш пештар ҳам аз якчанд нафар қарздор будааст, ки қарздорон ба падару модараш муроҷиат мекардаанд.

Ӯ аз А.М.Ш. оиди ҳолати кор пурсидааст,  А.М.Ш. ба ӯ гуфтааст, ки Ш.З.М. дар якчанд маврид ӯро фиреб намуда, маблағҳои пулиашро гирифтааст, ки  ҷамъ 25200 сомониро ташкил медодааст. Шоҳасанов 3.М. ба А.М.Ш. ваъда мекардааст, ки маблағҳои гирифтаашро бармегардонад, аммо то ҳол ӯро фиреб намуда, маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.

Инчунин, гунаҳгории судшаванда дар содир кардани ҷинояти мазкур  бо маводҳои парвандаи  ҷиноятӣ, ки дар мурофиаи судӣ мавриди таҳлил қарор дода шудаанд, исботи худро ёфтааст. Чунончӣ:  аризаи А.М.Ш. (саҳ.3), протоколи  пурсиши ҷабрдида  А.М.Ш. (саҳ.14-15, 59-71, 95-105), протоколи  пурсиши шоҳид  Ш.М.М. (саҳ.48-51), протоколи  пурсиши шоҳид  Қ.М.Х. (саҳ.106-107), протоколи азназаргузаронии ҷои ҳодиса аз 11.07.2019 сол (123-125), қарор дар бораи қатъ намудани қисми  маводҳои парвандаи ҷиноятӣ аз 16.07.2019 сол (саҳ.137-141), протоколи  пурсиши шоҳид  Б.А.А. аз 17 июли соли 2019 (саҳ.142-144), қарор дар бораи ҷудо намудани қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ аз 17.07. 2019 сол (саҳ.145-147), протоколи  пурсиши айбдоршаванда  Ш.З.М. (саҳ.151-158).

Ҳамин тариқ, дар асоси далелҳои ҷамъовардашуда суд кирдори судшаванда Ш.З.М.ро  бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” -и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ, бо расонидани зарар  ба миқдори махсусан калон содир шудааст, муқаррар менамояд, банду баст намуда, аломати ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайрро  ҳамчун айби изофа эълоншуда хориҷ менамояд.

Суд тибқи талаботи қисми 3 моддаи 60 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таъини ҷазо хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти  гунаҳгор, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунанд, ба назар гирифт.

Мутобиқи моддаи 61 КҶҶумхурии Точикистон суд ҳолатҳои сабуккунандаи  ҷазоро дар кирдори судшаванда  дар он мебинад, ки  ӯ бори аввал ҷиноят содир намуда, ба гуноҳаш пурра иқрор буда, дар тарбияаш фарзандони ноболиғ дорад.

Тибқи моддаи 62 КҶҶумҳурии Тоҷикистон дар кирдори судшаванда ҳолатҳои вазнинкунанда ҷой надорад.

Санксияи моддаи 247 қисми 4  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин намудани ҷазоро дар намуди  ҷарима ва маҳрум сохтан аз озодӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ё бидуни он  пешбинӣ менамояд.

Талаботи қисми 2 моддаи 58 КҶ ҶТ муқаррар намудааст, ки ҳангоми  то баровардани ҳукми суд пурра талофӣ намудани зарари моддӣ аз ҷониби гунаҳгор барои содир намудани ҷинояти дар қисми 4 моддаи 247 КҶ ҶТ (қисмҳои  6 ва 7 моддаи 49 КҶ ҶТ) пешбинигардида, нисбати ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ  таъин карда  намешавад.

Вале, дар мурофиаи судӣ муайян карда шуд, ки зарари ба ҷабрдида расонидашуда аз ҷониби судшаванда  барқарор карда нашудааст.

Ҳамин тариқ, суд ҳангоми таъин намудани намуд ва андозаи ҷазо ба судшаванда, ба инобат гирифт, ки амали мазкур ба молу мулки ҷабрдида равона гардида, ба онҳо зарари моддӣ расонида шуда, зарари расонидашуда  барқарор карда нашудааст, ҷабрдида оиди руёнидани зарар даъво доранд ва дуруст мешуморад, ки нисбати судшаванда дар доираи санксияи моддаи 247 қисми 4 КҶ ҶТ ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро таъин намояд.

Суд таъин кардан ё накардани ҷазои иловагиро дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан ба фаъолияти муайян тибқи талаботи моддаи 50 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Точикистон  аз 29-майи соли 2003 таҳти № 11 «Дар бораи  таҷрибаи  аз ҷониби  судҳо таъин намудани  ҷазоҳои  иловагӣ» муҳокима намуда, ба хулоса омад, ки гарчанде судшаванда  муваққатан бекор буда, бо фаъолияти  муайян машғул намебошад, бо назардошти дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, хусусият ва андозаи зарари расонидашуда, нисбаташ ҷазои иловагӣ маҳрум намудан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти ҷавобгарии моддидошта дар ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон, таъин  карда шавад.

Суд масъалаи зарари ба ҷабрдида расонидашударо муҳокима намуда зарур донист, ки аз ҳисоби судшаванда маблағи зарари расонидашуда ба фоидаи ҷабрдида рӯёнида шавад.

Бо дастрасии моддаҳои  332- 339, 341-344, 347-348 Кодекси мурофиавии ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон   суд,-

 

Ҳ У К М     К А Р Д :

 

Ш.З.М. бо моддаи 247 қисми 4 банди  «б» -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 (даҳ) сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзӯр, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти ҷавобгарии моддидошта дар ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон ба муҳлати 3 (се) сол, таъин карда шавад.

Муҳлати адои ҷазо нисбати Ш.З.М. аз 30 майи соли 2019 ба ҳисоб гирифта шавад.

Чораи пешгирӣ нисбати  Ш.З.М. дар ҳабс нигоҳ доштан бе тағйир мононда шавад.

Аз ҳисоби Ш.З.М. ба фоидаи ҷабрдида А.М.Ш. – 25200  (бисту панҷ ҳазору дусад) сомонӣ,  маблағи зарари расонидашуда, рӯёнида шавад.

Нисбати ҳукм дар муддати даҳ шабонарӯз ба маҳкумшуда дар ҳамин муҳлат аз рӯзи гирифтани нусхаи  ҳукм,  ба Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе тавассути ҳамин суд шикоят ва  эътирози кассатсионӣ овардан мумкин аст.

 

 

            Раисикунанда:                                                                               Ҷобирзода С.Ҳ.