ҲУКМ бо моддаи 201 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКМ

АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

27 марти соли 2020                                                                                     шаҳри Душанбе

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Дар ҳайати раисикунанда:                                     Шафо Б.Н.

Бо котибии:                                                              Камолиддинзода А.

Айбдоркунандаи давлатӣ:                                     Бойзода А.

Тарҷумон:                                                                 Бадалзода Ф.

Дар маҷлиси ошкорои судӣ дар толори суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, дар маҷлиси сайёри судӣ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Зафар парвандаи ҷиноятиро нисбати Б.Г.Ҷ., 29.09.1969 соли таваллудаш, зодаи н. Ёвони вилояти Хатлон, миллаташ узбек, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёна, муҷҷарад, соҳиби 2 фарзанд, мувақатан бекор, пеш суд нашудааст, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯчаи —-           хонаи —— ҳуҷраи —-, дар содир намудаи ҷиноят бо моддаи 201 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда айбдоршавандаро мавриди баррасӣ қарор дода,-

 

МУАЙЯН КАРД:

Б.Г.Ҷ. моҳи октябри соли 2019 аз шахси айни ҳол ба тафтишоти пешакӣ ноъмалум бо номи “Муҳамад”, як миқдор воситаи нашъадори навъи “ҳашиш”-ро ба маблағи 100 сомонӣ харидорӣ намуда бо мақсади истеъмоли шахсияш бо худ нигоҳ доштааст. Санаи 18 январи соли 2020 соати 12:30 дақиқа, дар натиқаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШМЗГҒМН ШВКДғи хати истгоҳи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе, дар чорроҳаи кӯчаи М.Назаршоев, назди бинои  “Вокзал”-и Роҳи оҳани шаҳри Душанбе, намбурда бо гумони ғайриқонунӣ бо худ нигоҳ доштани воситаҳои нашъадор, дастгир карда шуда, ба бинои шуъбаи зикршуда дастрас карда шудааст.

Мувофиқи хулосаи мутахассиси РТК ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №86 аз 05.02.2020 сол, маводи объекти №1, аз Б.Г.Ҷ. гирифташуда воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” буда миқдори умумии он 22,0 (бисту ду) граммро ташкил додааст.

Ҳангоми додани баёнот Б.Г.Ҷ. қайд кардааст, ки як миқдори воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” дар манзили истиқоматиаш доштааст. Зимни аз назар гузораноидани манзили истиқоматии номбурда, воқеъ дар  суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев бинои 30/1, ҳуҷраи 6, аз либоси хонапӯшияш ихтиёран як миқдор маводи кулухчамонанди рангашон зардчатоби ҷигарии бо бӯйи махсусдошта дар қутии пластмасӣ ва як қутии қоғазин дар дохилаш омехтаи мавод бо тамокуро пешниҳод намудааст.

Мувофиқи хулосаи мутахассиси РТК ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №86 аз 05.02.2020 сол, маводи объекти №2, аз манзили истиқоматии Б.Г.Ҷ. ёфта гирифташуда омехтаи воситаи нашъадори навъи “ҳашиш”  бо тамокуқ мансуб буда миқдори умумии он 0,3237 (нол бутуну аз даҳазор сеҳазору дусаду сию ҳафт) грамм ташкил додааст.

Мувофиқи хулосаи мутахассиси РТК ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №86 аз 05.02.2020 сол, маводи объекти №3, аз манзили истиқоматии Б.Г.Ҷ. ёфта гирифташуда омехтаи воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” бо тамоку мансуб буда миқдори умумии он 2,4429 (ду бутуну аз даҳазор чор ҳазору чорсаду бисту нуҳ) грамм ташкил додааст.

Миқдори (масса)-и умумии маводҳои объектҳои  №1,3 аз Б.Г.Ҷ. гирифташуда (бидуни бастачаҳо): 24,4429 (бисту чор бутуну аз даҳазор чорҳазору чорсаду бисту нуҳ) граммро ташкил додааст.

Аз ҷониби судшаванда Б.Г.Ҷ. ба суд тибқи талаботи моддаи 310 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост дар бораи гузаронидани мурофиа бо тартиби соддакардашудаи судӣ пешниҳод карда шуд.

Дар дархости худ судшаванда Б.Г.Ҷ. дарҷ намудааст, ки ӯ худро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 201 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор мешуморад ва худиқрории ӯ маҷбурӣ нест. Аз ин рӯ, аз суд хоҳиш намудааст, ки баррасии парванда бо тариқи соддакардашуда гузаронида шавад.

Айбдоркунандаи давлатӣ Бойзода А. низ дархости судшаванда Б.Г.Ҷ.ро дастгирӣ намуда хоҳиш намуд, ки дархост қонеъ карда шавад ва парванда тариқи соддакардашуда баррасӣ карда шавад.

Мувофиқи талаботи қисми 1 моддаи 310 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати ба гуноҳаш иқрор шудани судшаванда, ки аз ҷониби тарафҳо мавриди баҳс қарор нагирифтааст ва судро низ таҳти шубҳа намегузорад, суд, судя бо мувофиқаи тарафҳо баъди аз судшаванда муқаррар кардани он, ки оё эътирофи ӯ маҷбурӣ нест, ҳуқуқ дорад танҳо бо таҳқиқи далелҳое маҳдуд шавад, ки тарафҳо онҳоро зикр кардаанд ё тафтиши судиро хатмшуда эълон карда, ба музокираҳои судӣ гузарад.

Аз ҷониби суд муайян карда шуд, ки эътирофи судшаванда Б.Г.Ҷ. маҷбурӣ нест, аз ин рӯ суд лозим шуморид, ки мурофиаи судиро ба тариқи соддакардашуда баррасӣ намояд.

Ба тарафҳо талаботи қисми 2 моддаи 310 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонида дода шуд, ки даст кашидан аз таҳқиқи далелҳо боиси бо ин асосҳо имконнопазир шудани арзи шикоят ё эътироз ба ҳукм мегардад.

Ҳамчунин суд онро ба назари эътибор мегирад, ки ҷазои таъиннамудаи суд аз се ду ҳиссаи мӯҳлат ё андозаи ҷазои баландтарини барои ҷиноятҳои содиршуда пешбинигардида зиёд буда наметавонад.

Ғайр аз худиқрории судшаванда Б.Г.Ҷ. гуноҳи ӯ боз бо дигар далелҳои дар қабати парвандаи ҷиноятӣ мавҷудбуда, ба монанди гузориши ваколатдори оперативии ШМЗГГМН ШВКД хатти истгоҳи роҳи оҳани ш.Душанбе Ҷамшедзода Ф., аз 19.01.2020 сол, (в.п-4), баёноти Б.Г.Ҷ. (в.п. 5-6), протоколи гирифт (в.п.7), хулосаи мутахассис таҳти № 94 аз 18.01.2020 сол (в.п 12), протокли азназаргузаронии ҷои ҳодиса ва суратлавҳа- либоси хонапӯшӣ ва қуттии пласткӣ (в.п.13-14), хулосаи мутахассиси-криминалист таҳти № 97 аз 20.01.2020 сол (в.п 19), хулосаи экспертизаи судӣ аз санаи 05.01.2020 сол, (в.п-44-47), хулосаи экспертизаи судию-наркологии дармонгоҳӣ ва протоколи пешниҳод кардани хулосаи экспертиза таҳти № 66 аз 28.01.2020 сол (в.п 51-52), қарор дар бораи эътироф намудани далели шайъи (в.п 53-54), протоколи пурсиши шоҳид Ҷамшеди Фариддун аз 19.02.2020 сол (в.п 59-61), протоколи пурсиши шоҳид Сатторов А.А. (в.п 62-63), протоколи пурсиши шоҳид Шарипов У.М. (в.п 64-65), протоколи пурсиши айбдоршаванда Б.Г.Ҷ. (в.п 86-88) ва бо дигар маводҳои дар қабати паранда ҷойдошта исботи пурраи худро ёфт.

Суд ҳолатҳои дар боло ҷойдоштаро ба инобат гирифта кирдори судшаванда Б.Г.Ҷ. бо моддаи 201 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор, яъне барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқоли воситаҳои нашъадор бе мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори камро муқаррар менамояд банду баст менамояд.

Суд ҳангоми таъин намудани ҷазо нисбати судшванда Б.Г.Ҷ. талаботи моддаҳои 4, 46, 60, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 33 аз 24-уми декабри соли 2010 “Дар бораи ҳукми судӣ” ва Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Точикистон аз 12.12.2002 сол таҳти № 5 “Дар бораи таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои марбут ба ҷиноятҳое, ки ба воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо алоқаманданд”-ро ба восита ва дараҷаи ба ҷамъият хавфнокии ҷинояти содиршуда, шахсияти судшванда ва дигар ҳолатҳои амалии парванда, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунад ба инобат гирифт.

Мувофиқи талаботи моддаи 61 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳое, ки ҷазои судшаванда Б.Г.Ҷ.ро сабук мекунанд, ин: аз ҷониби ӯ бори аввал содир намудани ҷиноят, ба гуноҳаш пурра иқрор будан, сидқан пушаймон будан, хислатномаи мусби доштан аз ҷои истиқомат мебошад, ки суд ин ҳолатҳоро ба инобат мегирад.

Мувофиқи талаботи моддаи 62 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳое, ки ҷазои судшаванда Б.Г.Ҷ.ро вазнин мекунанд, дар кирдори судшаванда ҷой надорад.

Раводиди моддаи 201 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодиро пешбини менамояд.

Суд маҷмӯи ҳолатҳои сабуккунандаи кирдори судшаванда Б.Г.Ҷ. аз қабили бори аввал содир намудаи ҷиноят, ба гуноҳаш пурра иқрор будан, сидқан пушаймон будан, хислатномаи мусби доштан аз ҷои истиқоматро ба назари эътибор гирифта мувофиқи мақсад мешуморад, ки нисбати охирон ҷазои ҷаримаро интихоб ва таъин намояд.

Суд хулосаи экспертизаи судию-наркологии дармонгоҳӣ таҳти № 66 аз 28.01.2020 солро мавриди муҳокима қарор дода ба хулоса омад, ки нисбати судшаванда Б.Г.Ҷ., тибқи талаботи моддаи 101 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ аз нашъамандӣ татбиқ намояд.

Суд инчунин чораи пешгирии судшаванда Б.Г.Ҷ.ро мавриди муҳокима қарор дода, ба хулоса омад, ки чораи пешгирии судшаванда Б.Г.Ҷ. дар намуди забонхат оиди тарк накардани маҳалли истиқомат, пас аз эътибори қонуни пайдо кардани ҳукм, бекор карда шавад.

Суд тибқи талаботи моддаи 78 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақдири далели шайъиро низ ҳал кард.

Суд ба мукаллафии судшаванда Б.Г.Ҷ. шубҳа надорад.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 310, 332-336, 338 қисми 2 сархати 1, 339 қисмҳои 1 ва 2, 341 қисми 1, 342-344, 347-348, 350-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд-

 

ҲУКМ КАРД:

Б.Г.Ҷ. бо моддаи 201 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шавад.

Ба Б.Г.Ҷ. бо моддаи 201 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5800 (панҷ ҳазору ҳашсад) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шавад

Бо дастрасии моддаи 101 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Б.Г.Ҷ. чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ аз нашъаманди дар сохторҳои Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ таъин карда шавад.

Иҷроиши ҳукм дар қисми табобати маҷбурӣ аз нашъамадӣ ба зимаи ШВКД-и маҳалли истиқоматии Б.Г.Ҷ. вогузошта шавад.

Чораи пешгирӣ нисбати Б.Г.Ҷ. забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат пас аз эътибори қонуни пайдо кардани ҳукми суд, бекор карда шавад.

Далели шайъи 24,4429 (бисту чор бутуну аз даҳ ҳазор чор ҳазору чорсаду бисту нуҳ) грамм, ки дар бойгонии ШВКД-и хати истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешавад, пас аз эътибори қонуни пайдо кардани ҳукми суд маҳв карда шавад.

Аз рӯи ҳукм дар муддати даҳ шабонарӯз ба Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе, бо риояи талаботи моддаи 310 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳамин суд шикоят ва эътирози кассатсионӣ овардан мумкин аст.

 

Раисикунанда:                      /имзо/                                                 Шафо Б.Н.

Нсха ба аслаш баробар аст:                                                            Шафо Б.Н.