Тозагӣ ва ободонӣ дар суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияити давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд, баҳри тозаю озода ва гулгулшукуфон нигоҳ доштани пойтахти азизамон Душанбе, зебою назаррабо гардонидани саҳн ва дохили бинои суд, сарсабзу хуррам гардонидани атрофи бино, шинонидани гулу гулбутаҳо ва дарахтони ороишию сояафкан, нарм намудани замин ва атрофи дарахтон, шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд.

Ҳамзамон дар ин рӯз бо мақсади рангоранг ва ороиш додани девору овезаҳои бино, корҳои таъмири гузаронида шуда, дар дигар самтҳо бошад корҳои созандагию бунёдкорӣ ва гулзоркунӣ дар суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе идома дорад.