Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.10.2020 12:04, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар ин лаҳзаҳои пурифтихор бо камоли эҳтиром ва муҳаббату садоқати фарзандӣ ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамон, ки рӯзи 11 октябри соли равон дар чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътиқоду бовари бузург зоҳир намуда, сарнавишти худ ва тақдири мамлакатро ба дӯши ман вогузор карданд, сипоси бепоён ва миннатдории самимӣ баён менамоям.

Ҳамчунин, бо эҳтироми бениҳоят бузург изҳор медорам, ки ман ҳамчун як фарзанди халқи азизи Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар мансаби Роҳбари давлат аз пуштибонии самимии мардуми шарафманди кишвар, дуои хайри падарону модарон, собиқадорону пирони рӯзгор ва махсусан, дастгирии фаъолонаи ҷавонони ватандӯсту бонангу номус рӯҳу нерӯи тоза гирифта, дар ҷодаи рафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ қадам мегузоштам.

Ман аз мардуми азизи Тоҷикистон як ҷаҳон сипосгузорам, ки заҳмату талошҳои маро бо иштироки фаъолонаи худ қадрдонӣ карда, муҳаббату самимияти нисбат ба ман доштаашонро бо додани раъйи хеш исбот намуданд.

Ин муҳаббату самимияти халқи азизам маро водор месозад, ки ба хотири ободии Тоҷикистон, оромии Ватан ва осоиши ҳар як хонадони кишвар даҳчанд заҳмат кашам.

Имрӯз хуб дарк мекунам, ки ихлосу эътимоди мардум масъулияти маро барои ба ҷо овардани рисолати бузурги давлатдорӣ, яъне роҳбарӣ кардани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, таъмин намудани фаъолияти муназзаму босамари рукнҳои давлатдорӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, волоияти қонун, рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, боз ҳам беҳтар гардонидани шароити зиндагиву рӯзгори сокинони мамлакат бамаротиб меафзояд.

Ман имрӯз садҳо маротиба шукрона мекунам, ки сазовори эътимоду бовари халқи азизам ҳастам ва барои ин эътиқоду ихлоси бузург ва дастгириву дуои хайри падарону модарон дар назди тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон сари таъзим фуруд меорам.

Ман ҳамаи шумо — халқи азизам ва хурду бузурги Тоҷикистонро сидқан дӯст медорам ва то нафаси вопасин ба шумо содиқона хизмат мекунам.

Мехоҳам як нуктаи бисёр муҳимро бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намоям: дар фосилаи ҳамагӣ ҳафт моҳ баргузор гардидани ду чорабинии муҳимми сиёсӣ, яъне интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва махсусан, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон фазои комили ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ, садоқат ба ормонҳои таърихии халқи куҳанбунёди тоҷик, пойдории сулҳу субот ва фарҳанги баланди сиёсии шаҳрвандӣ ба нерӯи воқеан бузург табдил ёфтааст.

Ин падидаи нек маро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон ва зиндагии осудаи халқи азизам умедвору дилпур месозад ва эътимоди маро барои фардои орому босуботи давлат ва мардуми кишвар боз ҳам қавӣ мегардонад.

Дар ҳафт соли охир ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии давлат ва дар навбати аввал, бо мақсади муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ барои мардуми кишвар хеле корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Ҳоло мехоҳам баъзеи онҳоро мухтасар хотирнишон намоям.

Дар солҳои 2013-2020 ҳаҷми воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда, суръати миёнаи солонаи рушди он ба 7 фоиз баробар гардид.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар як сокини мамлакат 1,7 баробар, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш ёфт.

Зиёда аз як миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуда, шумораи шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, аз 1 миллиону 100 ҳазор то 460 ҳазор нафар, яъне дуюним баробар кам карда шуд.

Дар натиҷаи амалӣ гардидани санадҳои стратегӣ сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоизи соли 2013 то 26,3 фоиз дар соли 2020, яъне 12 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон аз 73 то 75 сол боло рафт.

Дар ин лаҳзаҳои воқеан хотирмони таърихӣ ба тамоми саноатчиёну сохтмончиён, инчунин, соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша барои заҳмати содиқона ва ташаббусҳои ватандӯстонаашон, ки боиси рушди соҳаҳои саноату сохтмон, ободии шаҳру деҳоти мамлакат, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани шароити зиндагии мардум гардид, изҳори миннатдорӣ менамоям.

Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки дар натиҷаи пешбурди сиёсати самарабахши молияи давлатӣ дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷети давлат ду баробар зиёд шуд.

Ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 100 миллиард сомонӣ сармоя, аз ҷумла 30 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид.

Дар давраи зикршуда муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 245 ҳазор хонанда, муассисаҳои тандурустӣ бо 9 ҳазор кат ва манзили истиқоматӣ ба масоҳати 9 миллион метри мураббаъ сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар ин давра беш аз 1500 километр роҳҳои мошингард, 190 пул, 50 километр роҳи оҳан бунёд гардида, имкониятҳои транзитии кишвар тавсеа пайдо карданд.

Дар ҳафт соли охир ба соҳаи энергетикаи кишвар ҷиҳати таҷдиди иқтидорҳои амалкунанда ва бунёди иқтидорҳои нав беш аз 32 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Аз ҷумла бо саъю талоши Ҳукумати мамлакат ва дастгириву заҳмати содиқонаи мардуми кишвар мо дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегии худ – истиқлоли энергетикӣ боз як қадами бузургу устувор гузоштем, яъне ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода супоридем, ки ин рӯйдод дар таърихи навини Тоҷикистон яке аз дастовардҳои муҳим гардид.

Дар натиҷа ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар мамлакат ба 21 миллиард киловатт — соат расид ва маҳдудияти интиқоли он дар фасли зимистон бартараф карда шуд.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар, бо шуғли пурмаҳсул таъмин кардани аҳолӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии сокинони мамлакат солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, инчунин, давраи омодагӣ ба таҷлили сазовори 30-солагии истиқлоли давлатӣ эълон карда шуданд.

Дар доираи иқдомоти зикршуда то моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои кишвар беш аз 25 ҳазор иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва сайёҳӣ бунёд ва ба истифода супорида мешавад, ки ин боиси ташкили даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва ҳалли бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ мегардад.

Бо вуҷуди ҳама дастовардҳои зикргардида, мехоҳам хотирнишон созам, ки мо ҳанӯз дар оғози марҳалаи бисёр муҳимми рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва раванди ободонии Ватани азизамон қарор дорем ва барои амалӣ намудани нияту нақшаҳои некамон бояд боз ҳам бештар ва содиқона заҳмат кашем.

Дар ҳафт соли оянда бо роҳи истифодаи самараноки захираҳои миллӣ ва тамоми имкониятҳо мо бояд ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил гардем, Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳоӣ бахшида, ба кишвари транзитӣ табдил диҳем.

Дар ин муддат мо бояд ба ҳадафи дигари стратегӣ – ҳифзи амнияти озуқаворӣ наздик шавем, раванди саноатикунонии босуръатро, ки ба ташкили садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва кам гардидани муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат мекунад, густариш бахшем.

Дар навбати аввал, моро зарур аст, ки тавассути вусъат бахшидани татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” нисбат ба имрӯз беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардумро таъмин намоем, зеро ҳар як фарди кишвар сазовори зиндагии шоиста ва ҳаёти осудаву арзанда мебошад.

Дар ҳафт соли оянда дар бахши иқтисодӣ ба се вазифаи асосӣ — бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ таъмин намудани рушди устувор, афзоиш додани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои даромадашон миёна афзалият дода мешавад.

Дар ин раванд, тавассути саноатикунонии босуръати кишвар сифати рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардида, дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ густариш дода мешавад.

Дар ҳафт соли оянда мо бояд афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро то ду баробар ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолиро ба 45 фоиз расонида, сатҳи камбизоатиро то 15 фоиз коҳиш диҳем.

Мо, бо дарназардошти рушди иқтисодиёт, барои ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромадҳои пулии аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо тадбирҳои зарурӣ меандешем.

Сифати хизматрасонӣ дар соҳаи илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадриҷан баланд бардошта шуда, ба ин соҳаҳо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, бо дарназардошти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ, зиёда аз 123 миллиард сомонӣ равона мегардад.

Сатҳи дастрасии аҳолии кишвар ба маводи ғизоӣ беҳтар гардонида, вобастагии иқтисоди кишвар аз воридоти молҳои озуқа кам карда мешавад.

Дар робита ба ин, ба кишоварзони мамлакат, ки тавассути баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва истифодаи самараноки замин ба хотири афзун намудани истеҳсоли маҳсулот, фаровон гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмин кардани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқавории кишвар софдилона заҳмат мекашанд, миннатдорӣ баён менамоям.

Мо тасмим дорем, ки ислоҳотро дар самти таъмин намудани рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ идома бахшида, ташаббусҳои созандаи соҳибкоронро минбаъд низ ҳаматарафа дастгирӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро ҳимоя кунем ва низоми маъмурикунонии андозро такмил диҳем.

Аз ҷониби низоми бонкии кишвар барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳафт соли оянда беш аз 100 миллиард сомонӣ қарз ҷудо карда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳафт соли гузашта якуним баробар афзоиш дода мешавад.

Мо барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар ба рушди соҳаҳои саноати маъдан, металлургияи ранга, мошинсозӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ ва дорусозӣ афзалият дода, барои коркарди ҳарчи бештари ашёи хом, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатноки ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ҳамаи тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунем.

Дар ҳафт соли оянда бо мақсади густариш бахшидани корҳо дар самти таъмини истиқлоли энергетикии кишвар мо сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқи оғозгардида, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии амалкунанда ва бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли нерӯи барқро идома мебахшем.

Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ҳоло Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли “энергияи сабз” дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра ҷой дошта, баъди пурра ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар қатори чоргонаи аввали кишварҳои мазкур қарор мегирад, яъне мавқеи Тоҷикистон боз ду зина боло меравад.

Ба ин васила, саҳми Тоҷикистон дар беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра вобаста ба коҳиш додани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ зиёд гардида, дар кишвар барои рушди “иқтисоди сабз” заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварда мешавад.

Ҷиҳати васеъ намудани ҷуғрофияи ҳамлу нақли молу маҳсулот ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ дар ҳафт соли оянда мо 1500 километр роҳҳои мошингарди сатҳи байналмилалӣ бунёд мекунем.

Бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи кишвар, рушди ҳунармандӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ ва соҳаи сайёҳӣ, бахусус, сайёҳии экологӣ, табобативу солимгардонӣ, таърихиву этнографӣ ва фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва дигар намудҳои сайёҳӣ, инчунин, таъсиси инфрасохтори соҳа таъмин карда мешавад.

Барои таъмин кардани рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мо дар оянда низ тамоми захираву имкониятҳоро ҷиҳати ташкили инфрасохтори муосир дар деҳоти кишвар сафарбар менамоем.

Қобили зикр аст, ки ҳоло шарикии давлат бо бахши хусусӣ ва муносибати Ҳукумати мамлакат бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд дар сатҳи хубу созанда қарор дорад ва мо ҳамкориҳои судмандро бо онҳо минбаъд низ густариш медиҳем.

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Бо дарназардошти он, ки илму маориф соҳаҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад, мо ислоҳотро дар ин самт идома дода, пояҳои моддиву техникии ин соҳаҳоро таҳким мебахшем ва мақоми омӯзгорро дар ҷомеа минбаъд низ баланд мебардорем.

Дар ҳафт соли оянда барои боз ҳам беҳтар намудани солимии ҷомеа тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, маблағгузории соҳаҳои тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ мунтазам зиёд карда мешавад.

Бо истифода аз фурсат, ба тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар давраи бисёр мушкили пандемияи коронавирус ба хотири ҳифзи саломатии мардуми Тоҷикистон ва табобати беморон шабонарӯзӣ ва ҷасуронаву содиқона заҳмат кашиданд ва имрӯз низ софдилона фаъолият карда истодаанд, миннатдориву сипос баён менамоям.

Дар оянда ҷиҳати беҳтар намудани имкониятҳои шуғл барои занон, шахсони маъюб ва гурӯҳҳое, ки имконияти маҳдуд доранд, барномаҳои махсус таҳия ва қабул гардида, истеҳсоли воситаҳои техникии тавонбахшӣ барои онҳо васеъ ба роҳ монда мешавад.

Доир ба ҳифзи иҷтимоии ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар гурӯҳҳои осебпазиру ниёзманд тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда мешаванд.

Бо дарназардошти он, ки мо фарҳангро ҳастии миллат ва яке аз роҳҳои асосии баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум эълон кардаем, дар ҳафт соли оянда ҷиҳати рушди маънавиёти ҷомеа, забони давлатӣ, фарҳанг, санъату мусиқӣ, театр, кино, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, иттилоот ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии шаҳрвандон тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамоем ва барои истеъдодҳои ҷавон шароити арзанда муҳайё мекунем.

Мо ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлат диққати аввалиндараҷа дода, дар ҳафт соли оянда мақсад дорем, ки ташаббусҳои созандаи ҷавононро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, доир ба оммавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим як силсила тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем.

Масъалаи тарбияи кадрҳо аз ҳисоби ҷавонон ва дар ҳамаи зинаҳои хизмати давлатӣ ҷобаҷо намудани онҳо дар сархати фаъолияти мо қарор хоҳад дошт.

Мо ният дорем, ки дар ҳафт соли оянда беш аз 540 ҳазор нафар ҷавонони мамлакатро барои гирифтани маълумоти олӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул карда, то 40 ҳазор нафар ҷавонони болаёқату боистеъдодро ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои пешрафтаи дунё фиристода, барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиамон кадрҳои баландихтисос тайёр намоем.

Мо ба ҷавонони даврони истиқлол эътимоди бузург дорем ва барои онҳо тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам месозем, ки ҷавонони мо ҳамчун насли ояндасоз зимоми фардои давлат, Ватан ва халқи худро ба даст гиранд, сарзамини аҷдодиро соҳибӣ кунанд, онро обод созанд, яъне кори моро ба хотири пешрафту ободии Тоҷикистони маҳбубамон идома диҳанд.

Имрӯз занон дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва хизмати давлатӣ нақши бисёр арзишманд доранд ва мо дар оянда барои онҳо шароити ҳарчи беҳтар муҳайё мекунем ва ташаббусҳои занону бонувони мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

Ба хотири боз ҳам баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон ва васеъ намудани фаъолияти онҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” — ро таҳия ва амалӣ месозем.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва мутавозини “дарҳои кушода” ба ҳайси шарики боэътимоду хайрхоҳ дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати шоиста пайдо намуда, ҳамчун яке аз кишварҳои ташаббускор дар ҳалли як қатор мушкилоти глобалӣ, бахусус, масоили мубрами амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим эътироф гардид.

Шиддат гирифтани рақобату бархӯрдҳои тиҷоратӣ, низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни олам, вусъат пайдо кардани терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва ба таври бесобиқа афзоиш ёфтани бемориҳои нави сироятӣ дар миқёси сайёра собит месозад, ки инсоният ҳанӯз ҳам рӯ ба рӯи таҳдиду хатарҳои замони муосир осебпазир аст ва ба тақвияти ҳамкориву ҳамгироӣ ниёз дорад.

Ба ин манзур, мо минбаъд низ муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судмандро бо ҳамаи кишварҳои олам ва пеш аз ҳама, бо кишварҳои ҳамсоя, инчунин, шарикони стратегиамон густариш дода, робитаҳоямонро бо онҳо ҷиҳати таъмин намудани манфиатҳои миллии кишвар дар дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуддат ва бо дарназардошти воқеиятҳои даврони муосир дар чорчӯбаи ташкилоту созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ вусъат мебахшем.

Ҳамватанони азиз!

Таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ ба сифати вазифаи асосии давлат боқӣ мемонад.

Зеро амалишавии мақсадҳои стратегии мо, корҳои созандаву ободгарона ва пешрафту тараққиёти кишвар маҳз дар фазои орому осоишта, ваҳдату сарҷамъӣ ва адолату қонуният имконпазир мебошад.

Ман ба тамоми сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат — фарзандони ҷасуру ҷоннисор ва далеру шуҷои Ватан барои хизмати содиқона ва саҳми бузургашон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва қонуният, яъне волоияти қонун самимона миннатдориву сипос баён менамоям.

Вазъияти зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла тавсеа пайдо кардани фаъолияти ташкилоту гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ моро водор месозад, ки сохтор ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро такмил диҳем, заминаҳои моддиву техникии онҳоро тақвият бахшем ва омодабошии доимии ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои ҳимояи марзу буми кишвари азизамон ва амнияти давлату ҷомеа таъмин созем.

Ҳамчунин, бо эътимоди комил иброз медорам, ки нақшаҳои барои ҳафт сол пешбиникардаи мо барои рушди устувору бемайлони Тоҷикистони азизамон дар даҳсолаҳои оянда заминаи мустаҳкам мегузоранд.

Мо дар ҷараёни татбиқи барномаҳои худ тавсияву пешниҳодҳои дигар ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои онҳоро, ки ба манфиати иқтисодиву иҷтимоии давлат ва мардуми кишвар мебошанд, ба эътибор мегирем.

Ман имрӯз низ бо эътимоди қавӣ изҳор медорам, ки рисолати худро дар мансаби Президенти мамлакат дар ҳафт соли оянда танҳо бо пуштибонӣ ва такя ба халқи азизам идома медиҳам.

Ман ба мардуми шарифи Тоҷикистон аҳди ҷавонмардӣ медиҳам, ки тамоми ҳастии худро дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи комилу пойдори сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебахшам.

Барои ман истиқлолу озодии Ватани азизам, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишвари маҳбубам, ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии халқи бузургворам аз ҷумлаи муқаддасоти азизтарин мебошад.

Бори дигар сипосу миннатдории самимӣ ва садоқату вафодории фарзандии худро ба сарзамини муқаддасам, халқи бузургворам ва ҳар фарди Ватани ба ҷон баробарам — Тоҷикистон сидқан изҳор медорам.

Ман аз хурду бузурги Тоҷикистон муҳаббату самимият ва меҳрубонии ниҳоят зиёд дидаам ва ба чунин халқи азизу меҳрубон шабу рӯз, содиқона, бо виҷдони пок, дасту дилу нияти нек ва бо тамоми ҳастӣ хизмат мекунам.

Итминони комил дорам, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст ва мо якҷо бо халқи азизамон ва миллати фарҳангсолору тамаддунсозамон заҳмат кашида, Ватани маҳбуби аҷдодиамонро ободу зебо ва пешрафтаву нерӯманд гардонида, обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.

Ман Ватани маҳбубам ва халқи азизамро сидқан ва беш аз ҷони худ дӯст медорам, зеро ман бо нону намаки халқи бузургворам ба ин мартаба расидаам ва ин нону намакро то нафаси вопасини ҳаётам пос медорам ва ба он хиёнат намекунам.

Савганд ба номи поки Худо, ба нону намаки мардуми шарифи Тоҷикистон, ба номи хурду бузурги ин диёри бостонӣ, ба поси хотири ҷовидонаи фарзандони фарзонаи он ва ба ҷони қариб нӯҳуним миллион шаҳрвандони Ватани маҳбубам, ки тамоми донишу таҷриба, саъю талош ва ҳастии худамро фидои ин обу хоки муқаддас, ин халқи дар ҳақиқат бузургу қаҳрамон, соҳибмаърифату тамаддунсоз, меҳрубону қадршинос, заҳматдӯсту матинирода ва Тоҷикистони соҳибистиқлолу озод месозам.

Бигзор, хуршеди истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва бахту саодат ба сари Тоҷикистон ва ҳар як хонадони мардуми шарафманди он то абад нурафшон бошад!

Тоҷикистон, ба пеш! Ба сӯи қуллаҳои баланди пешрафту тараққиёт!

сарчашма: http://president.tj/node/24374