ШУКРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ БОЯД КАРД

ШУКРИ  ИСТИҚЛОЛИЯТ  БОЯД  КАРД

     Баъди пош хурдани давлати пурқуввату хирадбунёди Сомониён ва пас аз ҳазор соли бедавлативу бе сарварӣ бо амри Офаридгори олам ва талошу заҳматҳои пайгиронаи фарзандони миллати тоҷик, бахусус, Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон боз рўзе фаро расид, ки дар порае аз сарзамини аҷдодӣ, давлате бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ намояд ва ба оламиён аз истиқлолияти комили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мужда расонад.

Ҳасудону бадгинатони дохиливу хориҷӣ мехостанд, ки садди роҳи хушбахтии миллат гарданд. Барои расидан ба ин нияти касифашон бо тамоми ҳастӣ кўшиш намуданд, ки барои cap задани ҷанги шаҳрвандӣ мусоидат намоянд. Ба ин муваффақ ҳам гардиданд. Оқибатҳои ин амали аҳриманона басо талху фоҷиабор буд. Ҳазорон оилаҳ вайрон ва ҳазорон тифлакон аз волидони азиз маҳрум монданд. Ҳамаи ин хушбахтиҳо, ки имрўз насиби мо гаштааст, аз шарофати истиклолият ва сулҳу ваҳдат аст. Истиқлолият оѓоз ва сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо, бунёдкориву созандагиҳо гардид, зери парчами музаффару фатҳовари истиқлолияти кишвар мо имрўз вазифадорем, ки мазҳабҳои ифротиро имкон надиҳем, то моро чун дигар миллатҳои бахтбаргашта истифода намоянд.

Ҷавонони моро гумроҳ намуда, ба гуруҳои ифротгаро раҳнамун созанд. Мо хуб дарк намудаем, ки дини муқаддаси ислом зидди ҳама гуна тундравиҳову нооромиҳо дар ҷомеа мебошад ва кулли пайравонашро ба сулҳу субот, ба ваҳдату бародариву ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамояд

Ақидаҳои гуруҳои ифротӣ бошанд, маҳз муқобили гуфтаҳои дини мубини исломанд.

Ба андешаи худи ман барои ободу сарсабз гардонидани ин марзи муқддас, барои боз ҳам рушду нумуи Ватани азизамон сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллат. Президенти маҳбуби мамлакатамонро бо тамоми ҳастӣ дастгирӣ наму­да, барои ояндаи дурахшону шукуфони Тоҷикистони азиз, ҳиссагузорӣ намоем.

Судяи суди ноҳияи Шоҳмансури

шаҳри Душанбе                                                Сайдализода Ш.