Шаҳри Душанбе – мизбони Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё

15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар ҳошияи кори ҳамоиш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор кишварҳои иштирокчӣ мулоқотҳо оид ба баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, баргузор мекунанд.

Ҳамчунин Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Душанбе имкони мусоидеро барои баргузории вохурии дуҷонибаи сарони давлатҳои иштирокчӣ ва нозир фароҳам меорад.

Мавриди зикр аст, ки бо талошҳои арзанда ва пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе якчанд маротиба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалию минтақавӣ гардид.

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани ҳамоиши навбатии сатҳи байналмилалӣ пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе идона ороста шуда, шиору овезаҳо бо матни истиқболи самимии сарони давлатҳои иштирокчӣ ва нозир, рамзи ҳамоиш дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр омода ва насб гардидааст.

Аз тарафи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тамоми кӯчаву хиёбонҳои пойтахт гулрезу гулбез карда шуда, қабои тозаву идона ба бар кардааст. Гулу буттаҳои зебои ороишӣ, фаввораҳо ва чароғҳои ранга ба симои шаҳр ҳусни тозае бахшидааст.

Имрӯзҳо аҳли сайёра ба шаҳри Душанбе макони асосии баргузории Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таваҷҷуҳ доранд.

Миллати тамаддунофари тоҷик бори дигар бо расму оини қадимаи меҳмоннавозии анъанавӣ меҳмонони ҳамоишро гарму самимӣ истиқбол мегиранд.

сарчашма: http://prezident.tj/node/20334