Рузи Модарон ва бонувон муборак бод!

Коллективи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо камоли эҳтиром тамоми бонувони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати иди фархундаи баҳору зебоӣ 8-уми март-Рӯзи модар аз самими қалб табрик гуфта, ба ҳамаи модарон ва бонувон саломатӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамояд.

Эҳтироми зан, шинохту қадр ва манзалати модар қарз ва рисолати ҳар фарди худогоҳ буда, мо дар сурате онро адо карда метавонем, ки ба қадри заҳмату ранҷ, шири ҷонбахши модар, меҳру самимият ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони боиффату ҳаётофари худ арҷи шоиста гузошта тавонем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чуҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохт ва эҳтироми зан – модар фармудаанд: «Ҷомеае, ки ба зан – модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан – модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво мебошад, ояндаи худро аз даст медиҳад.»

Нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонаҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст. Гузашта аз ин, зан – модар мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад. Аз ин лиҳоз, пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси хар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст.

Дар остонаи иди занону модарон ба сарзамини мо баҳор бо кадамҳои хуҷаставу сабзи худ расида, аз фарорасии Наврӯзи оламафрӯз башорат медиҳад. Дар домони сабзи табиат Шумо – бонувон низ монанди гулҳои зебову шукуфоне ҳастед, ки бо таровату малоҳати хосса, дастони ҳунарофар ва меҳру шафқати худ ба он ҳусни тоза мебахшед.

Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар,
Ҷаҳони бекарони ман туӣ модар, туӣ модар.

Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш,
Ягона меҳрубони ман туӣ модар, туӣ модар.

Диламро дар ҷаҳон ҷуз ту касе беҳтар намедонад,
Беҳин ҳамдостони ман туӣ модар, туӣ модар.

Зи рӯят нур меборад ба рӯи зиндагониям,
Чароғи дудмони ман туӣ модар, туӣ модар.

Забони мардумӣ омӯхтӣ, на дарси сарфу наҳв,
Ҳам устоди забони ман туӣ модар, туӣ модар.

Гарам шоир намезодӣ, куҷо ман шеър мегуфтам?
Ғазалҳои равони ман туӣ модар, туӣ модар.

Суруди аввалини ман, суруди охирини ман,
Суруди ҷовидони ман туӣ модар, туӣ модар.

Муаллиф: